Бо нашри эълону овезаҳо баъзе аз бонкҳои хурду бузурги Тоҷикистон барои сокинон "ипотека" ё қарзи дарозмуддат барои хариди хона пешниҳод мекунанд. Вале шарту баҳрае, ки барои ин навъи қарз талаб мешавад, соҳиби хона шудан барои аксар сокинон дар Душанбе фақат орзу боқӣ мемонад.
Ӯ дар хонаи иҷора донишгоҳро ба поён бурд, дар хонаи иҷора шавҳар кард ва ҳаёти навро дар манзили иҷора оғоз намуд.
"Агар ҳар моҳ 700 доллар маош бигирӣ..."
Шаҳноза Шарифова ҳар рӯз бо ҳавас эълони хонаҳои фурӯширо дар Душанбе аз назар мегузаронад. Ӯ дар ҷустуҷӯи роҳ ва имконияте ҳаст, ки ҳарчи зуд аз иҷоранишинӣ халос шавад. Ба ин хотир ба чанд бонк ҳам сар задааст, то тартиби пешниҳоди "ипотека"-ро бипурсад.
"Ба ин хулоса омадам, ки барои "ипотека" гирифтан маош бояд ҳадди ақал 700 доллар бошад. Чун оадм маҷбур аст ҳар моҳ то 400 доллар ба бонк диҳад. Маоше, ки ману ҳамсарам мегирем, 3 ҳазор сомонӣ аст ва бо ин қарзи хона гирифтан номумкин аст", - нақл кард ӯ рӯзи 17-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Шаҳноза мегӯяд, чанд сол боз азоби бехонагӣ ва аз як манзил ба манзили дигари иҷора кӯчиданро мекашад. Вай дар хонаи иҷора донишгоҳро ба поён бурд, дар хонаи иҷора шавҳар кард ва зиндагии навро низ дар манзили иҷора оғоз намуд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта беш аз 1 миллион метри мураббаъ хона сохта шудааст. Бо вуҷуди ин, ба хусус дар шаҳрҳо хона доштан, барои сокинон як мушкили доғ мемонад. Дар Душанбе хонасозҳо ҳар як метри мураббаъро ба ҳисоби миёна аз 400 то 600 доллар мефурӯшанд. Дар ҳоле ки ҳадди миёнаи маош то 1200 сомонӣ, муодили 120 доллари амрикоист.
Қарз - аз се то даҳ сол
Нархи манзил, ба иқрори сокинон, ҳанӯз боло ва дастнорас аст. Солҳои ахир баъзе аз бонкҳо ва созмонҳои молиявӣ "ипотека" ё қарзи дарозмуддат барои хариди хонаро пешниҳод мекунанд. Аммо шартҳои ба даст овардани ин қарз барои сокинон сангинӣ мекунад. Бо баҳраи аз 12 то 18 дар сад ва он ҳам барои аз 3 то 10 сол, "ипотека" барои аксари онҳое, ки солҳо боз орзуи хариди хонаро доранд, дастнорас аст.
Соли 2018 бонкҳои Тоҷикистон ба маблағи беш аз 129 милион сомонӣ "ипотека" додаанд. Ин навъи қарз яке аз бахшҳои назарногири бонкдорӣ дар Тоҷикистон аст ва ҳамагӣ 1 фоизи маҷмӯи қарзҳоро ташкил медиҳад.
Аксаран онҳое тавонистаанд бо ин роҳ соҳиби хона шаванд, ки дар созмонҳои хориҷӣ кор мекунанд, тиҷорати хуб доранд ё наздиконашон аз Русия ба таври собит пул мефиристад. Аммо теъдоди ин гурӯҳ ҳам зиёд нест. Мақомот мегӯянд, барои бештар шудани қарзҳои "ипотекӣ" талош доранд ва масъалаи дастрас шудани ин навъи қарз ба сокинон ҳам мавриди омӯзиш аст.
"Пасандози мардуми мо то 3 сол аст"
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, "аҳолии Тоҷикистон ҳар сол аз 2 то 2,4 дар сад зиёд мешавад. Яъне ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор хона зарур мешавад. Ҳукумат барои беҳтар кардани шароити зисти мардум талош дорад."
Ба иқрори ин вакили порлумон, ба далели имкониятҳои молӣ пешниҳоди "ипотека" аз ҷониби бонкҳои кишвар осон нест. "Бонки Миллӣ дар асоси чӣ ипотека медиҳад? Дар асоси захираҳои пулӣ. Пасандози мардуми мо то 3 сол аст. Яъне, аз ҳисоби пасандоз сохторҳои бонкии мо наметавонанд, ки аз 5 то 25 сол қарз диҳанд. Як роҳи дигари ворид шудани маблағ ба хазина ин суғурта аст, аммо ин низом дар мо рушд накардааст", - шарҳ дод ӯ.
Коршиносони соҳаи бонкӣ мегӯянд, муайян кардани дар сад ё баҳраи бонкӣ, аз худи бонкҳо вобаста нест ва он бояд тибқи меъёри муайянкардаи Бонки Миллӣ бошад.
"Қонуни ипотека бозбинӣ шавад"
Ба бовари иқтисоддонҳо, ҳоло худи бонкҳои кишвар ҳам ҷонибдори он ҳастанд, ки мардум ҳарчӣ бештар аз "ипотека" истифода баранд. Бо ин ҳадаф соле пеш бонку созмонҳои молиявии кишвар бо муроҷиат ба Бонки Миллӣ хостори он шуданд, ки сиёсати қарзҳои хона ё "ипотека" бозбинӣ шавад.
Абдулло Қурбонов, мудири созмони молии "Алиф-Сармоя" мегӯяд, "дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои чунин фоизҳои пастро таъмин кардан одатан сохторҳои давлатӣ барпо мегарданд, ки вазифаи асосиашон рушди соҳаи ипотекӣ аст. Будани чунин сохтор дар Тоҷикистон ба фоидаи кор аст, аммо бо чунин фоизҳо додани қарз фикр намекунам амале бошад, ки бонкҳои тиҷоратӣ феълан аз уҳдаи он бароянд."
Суҳроб Оймаҳмадов, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, ипотека ё қарзи дарозмуддати манзил, барои бонкҳои Тоҷикистон як низоми нав аст ва дар шароите, ки бонкҳои тиҷоратӣ як марҳилаи мушкилро пушти сар мекунанд ва эътимоди мардумро то ҳадде аз даст додаанд, ба мушкил рӯ ба рӯ аст.
Вай афзуд, "барои ин, бонкҳо бояд сармояи кофӣ дошта бошанд ва қонун дар бораи ипотека бозбинӣ шавад. Мутаассифона, мо медонем, ки баъзе бонкҳо муфлис ё дучори мушкил шудаанд ва мардум ҳам дигар ба бонк бо чашми тарсу ҳарос менигаранд, ки аз он чизе доранд маҳрум нашаванд."
Бо вуҷуди ин ҳама, Шаҳноза ҳамроҳ бо як гурӯҳи занон, ки аз бехонагӣ азият мекашанд, дар як мактуби дастҷамъона аз мақомот хостаанд, баҳраҳои ипотекиро поин бубаранд. Онҳо умед доранд, ки фарёдашон ба гӯши мақомот мерасад ва аз бехонагии чандинсола раҳо мешаванд.