Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зани дувум ҳамеша маъшуқа мемонад". ВИДЕО


Таҳмина Хоҷаева
Таҳмина Хоҷаева

Орзуи модар шудан ва талошҳо барои бунёди як оилаи комил Таҳмина Хоҷаеваи 35-соларо, ки шаш сол зани дувум ва пинҳонии марде буд, аз шавҳар ҷудо кард. Як соҳибкори сарватманде 6 сол қабл барои қаду қомат ва чеҳраи зебо ӯро ба никоҳи худ даровард ва ҳафтае чанд бор меҳмонаш мешуд.

"Аз мушкили шаш фарзанд гурехта, ба хонаи зани дувум меояд"

Зани дувум, рости гап, барои зиндагӣ нест. Ҳамин қадар фаҳмидам, ки ягон зани дувум то охири умр бо шавҳар намемонад. Замоне ки ҷавону зебо ва озодаӣ, шавҳар бо ту зиндагӣ мекунад ва хонаи ту ҷойи истироҳати ӯст

Таҳмина ҳам, ки баъд аз фавти падару модар таъмини хоҳару бародарон ба дӯшаш буд ва аз тарафи дигар мехост мисли занони дигар модар бошад, ба чунин зиндагӣ розӣ шуд. Аммо ҳоло аз ин пушаймон аст, ки ин ҳама солҳо барои шавҳараш фақат чун як маъшуқа монд. Таҳмина мегӯяд, вақте мавзӯи фарзандро пеш овард, шавҳар аз ӯ рӯй гардонд.

“Зани дувум, рости гап, барои зиндагӣ нест. Ҳамин қадар фаҳмидам, ки ягон зани дувум то охири умр бо шавҳар намемонад. Замоне ки ҷавону зебо ва озодаӣ, шавҳар бо ту зиндагӣ мекунад ва хонаи ту ҷойи истироҳати ӯст. Вай аз мушкилоти хонааш, зани аввал ва 6 фарзанд гурехта, онҷо панаҳ мебарад. Ин ҷо зане аст, ки фақат дар хидмати ӯ аст ва ӯ ҳам намехоҳад, ки ин зан «фигура»-ашро вайрон кунад”, - нақл кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Зани дувум ё маъшуқа?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

"Хонаамро гирифтанист. Бо ду фарзанд ба куҷо равам?"

Ҳоло Таҳмина Хоҷаева соҳиби ду фарзанд аст. Барои расидан то таваллуди фарзанд ӯ бо марде никоҳ кард ва моҳе пеш аз тариқи ЭКО ё бордоркунии сунъӣ, ки дар Русия анҷом дода буд, дугоник ба дунё овард. Акнун шавҳари собиқ ва соҳибкораш мехоҳад, ӯро бо кӯдакон аз хонае, ки ба гуфтаи Таҳмина бо пули ҳунармандӣ харида буд, берун кунад.

Таҳмина Хоҷаева
Таҳмина Хоҷаева

Таҳмина мегӯяд, замоне ки зани дувуми он мард буд, дар хариди ин хона ӯ ҳам ҳамроҳаш буд ва камубеш кумакаш кард. Ӯ гуфт, “аз аввал барои харидани хона пул ҷамъ мекардам, ӯ ҳам каме ёрӣ кард. Баъди онки баҳсҳо сар шуд ва ниҳоят мо аз ҳам ҷудо гардидем, даъвои хонаро ба роҳ андохт. Додгоҳ низ бе иштироки ман қарор баровард, ки бояд хонаро холӣ кунам. Ҳайрон мешавам, наход бо ду кӯдак маро берун кунад. Барои ин кӯдакон ин қадар пул сарф кардам, ба орзуям расидам, акнун намедонам онҳоро куҷо барам.”

Таҳмина мегӯяд, барои бесаробон намондан то Кумитаи кор бо занон муроҷиат кард, аммо мушкилаш ҳал нашуд.

"Дар назди дӯстонаш ба мо салом намедиҳад..."

Дар Тоҷикистон сарнавишти аксари занҳои дувуму саввум тақрибан ба ин шакл фарҷом меёбад. Умри хонадории онҳо тӯлонӣ нест ва баъд аз чанд муддат, маъмулан бо таваллуди фарзанд ваё рафтани умр, зиёд шудани ташвишҳо, шавҳарон зани дуюмро танҳо меугузоранд ба пеши зани аввал, ки бозгашти шавҳарро сабурона интизор мешаванд, бармегардад. Дар бархе маврид мисли Таҳмина Хоҷаева шавҳарон баъди дилсард шудан аз занони дувум талош мекунанд, хонаро ҳам аз онҳо бигиранд.

Сафаргул, зани ҷавони дигар ҳам бо хоҳиши худ зани дувум шуд. Ба фарқ аз Таҳмина шавҳари ӯ ба таваллуди фарзанд мухолифат накардааст ва аз нигоҳи моддӣ ба онҳо ёрӣ мекунад.

Ба гуфтаи Сафаргул, ҳоло шавҳараш танҳо рӯзҳои истироҳат ва он ҳам фақат ба хотири аёдати фарзандон меояд. Вале аз ҳама дардовар барои Сафаргул ҳоло ин аст, ки фарзандонаш наметавонанд ошкорро ва дар ҳузури дигарон худро ба оғӯши падар андозанд. “Ба назди фарзандон пинҳонӣ меояд ва агар дар кӯча ман ё кӯдакамро дар назди ягон шинос бибинанд, мисли бегона аз пешамон гузашта меравад. Кӯдакон аз пушташон гиря карда мемонанд. Онҳо хурдсоланд ва намедонам чӣ хел ба онҳо фаҳмонам, ки чаро падар чунин мекунад”, - гуфт ӯ.

Ҳосили чандҳамсарӣ – Ҷарима ё то ду соли зиндон

Сафаргул мегӯяд, офтобро бо доман пӯшида намешавад ва бовар дорад рӯзе сирраш ошкор мешавад ва намедонад оқибат чӣ хоҳад шуд.

Табиист, ки дар Тоҷикистон дузанаҳо ва ҳамсарони дувум намехоҳанд, ки робитаҳояшон ошкор шавад, чун Қонуни ҷиноии Тоҷикистон чандҳамсарӣ дар кишварро мамнӯъ карда, барои бисёрзанӣ ҷарима ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ кардааст. Бархе аз коршиносон мегӯянд, бештар занҳое ҳамсари дувум мешаванд, ки дигар роҳе барои зиндагӣ надоранд ё мисли мусоҳибони мо Таҳмина ва Сафаргул, мехоҳанд модар бошанд ва барои худ фарзанд ба дунё оранд.

Натиҷаҳои як пурсиш, ки дар 4 соли қабл миёни 800 зан анҷом шуда буд, муайян кард, ки 50 дар сад тарафдори чандҳамсариянд.

Фарзона Муродӣ
Фарзона Муродӣ

Фарзона Муродӣ, хабарнигори нашрияи “Оила”, ки дар робита ба масоили оилавӣ ва занон мақолаҳо менависад, гуфт, аксар занони дувум аз нақзи ҳуқуқи худ шикоят мекунанд, вале чун никоҳи расмӣ надоранд, наметавонанд аз ҳимояти қонун ҳам бархурдор шаванд. “Занони дувум аксаран дар куча мемонанд, ҳуқуқашон нақз мешавад. Вақте баҳс сари хона мешавад, занони якум бо роҳи қонунӣ метавонанд ғолиб оянд ва онҳоро аз хона берун кунанд", - гуфт ӯ.

Чораи бечорагӣ?

Чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон баъд аз ҷанги дохилӣ густариш пайдо кардааст. Соҳибназарон коҳиши шумори мардҳо, афзоиши теъдоди духтарони бешавҳар, муҳоҷирати тақрибан саросарии мардҳоро аз иллатҳои аслии ин раванд дар кишвар медонанд. Омори хосе дар бораи теъдоди занҳои дувум дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва дар ин бахш тадқиқоти хоси идораҳои дахлдори кишвар низ анҷом нашудааст.

Ҳар сол даҳҳо нафар барои дузанагӣ ё бисёрзанӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Вале мусоҳибони мо заноне, ки чун зани дувум солҳо зиндагӣ карда, яке ҳам то ҳол зиндагӣ дорад, мегӯянд, ҳоло фақат аз ин хушбахтанд, ки модар ҳастанд ва ба хотири фарзандон зиндагиро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG