Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон сирри корхонаҳои маъданкаширо фош кард?


Дар Тоҷикистон ҳисобот ва маълумотеро дар бораи фаъолияти корхонаҳои истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ аз ҷумла тиллову нуқра нашр карданд, ки дар гузашта барои ҷомеа дастнорас буд.

Нахустин гузориши миллӣ дар бораи шаффофият дар фаъолияти корхонаҳои истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон, ки 25-уми ноябр расман муаррифӣ мешавад, нишон медиҳад, соли 2014 аз ҳисоби ин корхонаҳо ба будҷа 87 миллион доллар ворид шудааст. Ҳарчанд тавлидоти корхонаҳои истихроҷи тиллову нуқра, газу нафт ва дигар маъданҳои табиӣ 23 дарсади кулли содироти Тоҷикистонро ташкил додааст, вале 87 миллион доллари пардохтаи онҳо фақат 4 дар сади даромад ба будҷаро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ барои истихроҷи бештар аз 400 захираи тиллову нафту мису дигар сарватҳои зеризаминӣ соли 2012 ба Ташаббуси байналмилалии шафофият дар арсаи истихроҷи маъдан ҳамроҳ шуд. Вазорати молия мегӯяд, ки ҳамроҳ шудан ба ташаббус кӯмак мекунад, фоидаи буҷаи давлат зиёд гардад ва ба ҳамин тартиб ҷойҳои кори нав ва манбаъи даромад барои аҳолӣ пайдо шавад.

Мақомоти расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳисоботи аввалин, қадами нахуст аст ва аз ин баъд ҳар сол ҳисоботи мукаммали арсаи истихроҷи сарватҳои зеризаминиро нашр мекунанд. Марҳабо Абдуллоева, муовини Саридораи геологияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "муҳимтар аз ҳама мо ҳисоботи аввалро омода кардем, ҳисоботи корхонаҳо бо ҳисоботи ниҳодҳои давлатӣ тафтишу муқоиса шуд. Ҷанбаҳои қонунӣ, масъалаҳои иҷозатномадиҳӣ баррасӣ шуд. Маърӯза нахустин қадам дар роҳи шаффофтар кардани фаъолияти корхонаҳост."

Дар гузориш дида мешавад, ки ҳисоботи молии баъзе корхонаҳо аз ҳисоботи кумитаи андоз ва ё гумрук фарқ мекунанд. Масалан ба иттилои 14 ширкат, ҳамаи онҳо дар соли 2014-ум, 404 миллиону 629 ҳазору 649 сомонӣ андозҳои гуногун пардохт кардаанд, вале дар санадҳои Кумитаи андоз молиёти пардохтаи ширкатҳоро 403 миллиону 655 ҳазору 253 сомонӣ нишон додаанд, ки 974 396 сомонӣ камтар аст. Ширкати аудитории BDO, ки ҳисоботи ширкатҳо ва ҳисоботи молии мақомотро муқоиса кардааст, мегӯяд, сабаби чунин фарқ дар байни муҳосибаи ду тараф маълум нест.

Ба мисоли намуна ширкати “Покрут”, ки ба истихроҷи тилло машғул аст, ҳисобот додааст, ки соли гузашта, 1 миллиону 859 ҳазору 728 сомонӣ андоз аз даромад супурдааст, вале дар ҳисоботҳои мақомоти давлатӣ молиёти онҳо 1 миллиону 440 ҳазору 314 сомонӣ нишон дода шудааст, ки тақрибан 420 ҳазор сомонӣ камтар аст.

Фарқ байни ҳисоботи ширкатҳо дар бораи пардохтҳои гумрукӣ ва ҳисоботи идораҳои гумруки Тоҷикистон бузургтар аст. Дар санадҳои корхонаҳои истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ омадааст, ки дар соли 2014-ум онҳо бештар аз 22 миллион 400 ҳазор сомонӣ боҷи гумрукӣ супурдаанд, вале дар санадҳои идораҳои гумрук рақами дигар, яъне тақрибан 2 миллион сомонӣ камтар дида мешавад.

Муаллифони ҳисобот гуфтаанд, ки дар ҷамъоварии иттило аз ширкатҳои истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд ва баъзе аз онҳо бо такя ба қонунгузориҳо аз додани иттило худдорӣ кардаанд. Аз миёни 14 корхонае, ки ҳисоботҳояшонро санҷидаанд, қисме аз саҳмияҳои сетои онро давлат дар ихтиёр доштааст ва маҳз ҷузъиёти фаъолияти ҳамин корхонаҳо дар гузориши миллӣ нест. Бо вуҷуди ин созмонҳои ҷамъиятие, ки узви Шӯрои ташаббуси шаффофият дар фаъолияти корхонаҳои истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон ҳастанд, аз нашри ин ҳисобот истиқбол мекунанд.

Алиакбар Абдуллоев, узви шӯро ва котиби эътилофи “Созмонҳои шаффофият барои рушд” ба Радиои Озодӣ гуфт, гузориши мазкур ба нафъи ҷомеа аст: “Шаффофият зиёд мешавад, халқ ҳам медонад. Масалан, дар ҳисобот гуфтаанд, ки кадом намуди бойгариҳо истихроҷ карда мешаванд, ҳаҷми истихроҷу даромад аз онҳо чӣ қадар аст. Ин маблағҳо куҷо сарф мешаванд.“

Дар гузориши миллии аввал аз ҷумла фаъолияти молии корхонаҳои муштараки “Анзоб”, корхонаҳои истихроҷи тиллои “Зарафшон”, “Покрут”, “Апрелевка” зикр шудаанд. Бо вуҷуди онки Тоҷикистон тақрибан 400 захираи собитшудаи маъданҳои табиӣ аз ҷумла тилло, оҳан ва бузургтарин кони нуқра дар ҷаҳонро дорад, вале истихроҷи онҳо суст аст. Аз ҷумла дар Тоҷикистон 15 захираи собитшудаи тилло вуҷуд дорад ва соли 2013 аз ин конҳо 2 тоннаву 670 кило тилло ба даст омадааст.

Бисту ду дарсади захираҳои ангишти Осиёи Марказӣ ҳам дар Тоҷикистон аст ва чаҳоруним миллиард тоннаро ташкил медиҳанд. Бузургтарин кони нуқраи Осиёи Марказӣ ҳам дар Тоҷикистон ҷойгир аст ва ба гуфтаи мутахассисон бештар аз 100 ҳазор тонна нуқра дорад.

Захираҳои собитшудаи газ 857 миллиард метри муккаб ва захираҳои нафт бештар аз 117 миллион тоннаро ташкил медодааст. Вале маҳз адами шаффофият ва вуҷуди фасоду ришвахориро яке аз сабабҳои асосии парҳези сармоягузорони хориҷӣ аз Тоҷикистону истихроҷи ин сарватҳои гаронбаҳо медонанд.

XS
SM
MD
LG