Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки дар ним соли гузашта дар муқоиса ба соли 2016 беш аз бист дарсад зиёдтар тило истихроҷ шудааст. Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июл дар як нишасти матбуотӣ гуфт, аммо ба далели онки омори маъданҳои қиматбаҳо, аз ҷумла тило, сирри давлатист наметавонад рақами мушаххасро баён кунад.
Ҳоло шароит тағйир ёфт ва ҳамакнун Тоҷикистон аз мутахассисон ва имконоти коркарди маҳсулот бархӯрдор шудааст. Ба ин далел, минбаъд мо шартҳои худро пеш мегузорем
Соли гузашта давлати Тоҷикистон иловаҳоеро ба қонуни сирри давлатӣ ворид кард, ки бино ба он ифшои омори маъданҳои қиматбаҳо номумкин аст. То соли гузашта ифшои ин рақамҳо озод буд. Мақомот соли гузашта гуфта буданд, ки дар тӯли 2016 панҷ тонна тило истихроҷ карданд.
Бахтиёр Шарифов, сардори раёсати маъданҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ба Радиои Озодӣ гуфт, бештаре аз маъданҳои қиматбаҳои истихроҷшуда ба Вазорати молия ва Бонки миллии кишвар бо нархи ҷаҳонӣ фурӯхта мешавад.
Шариф Раҳимзода, узви порлумони Тоҷикистон, ки дар гузашта дар вазифаи раиси Бонки миллӣ ифои вазифа кардааст, рӯзи 26-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз афзоиши маъданҳои қиматбаҳо дар кишвар истиқбол кард. Вале гуфт, барои Тоҷикистон, ки як кишвари кӯҳистонист, ҳатто истихроҷи ин миқдор фузулоти нодир кофӣ нест.
“Дуруст аст, ки корхонаҳои тавлиди маъданҳои қимматбаҳо, аз ҷумла, корхонаҳои муштараки “Зарафшон”, “Апрелевка” ва “Одина” тавлиди тилову нуқраро бештар кардаанд. Аммо ин ҳанӯз ҳам кофӣ нест. Бояд истихроҷи ин фузулот бештар карда шавад, зеро дар ин сурат зарфиятҳои содиротии Тоҷикистон афзоиш меёбад”, - афзуд ӯ.
То ҳол кишваре, ки ба таври воқеӣ дар соҳаи истихроҷи тавлиди маъданҳои қиматбаҳо, аз ҷумла тило саҳми чашмггир гузоштааст, Чин аст. Феълан аз 13 корхонаи истихроҷи маъданҳои қиматбаҳо дар кишвар бештари онҳо корхонаи муштараки Тоҷикистону Чинанд. Дар ҳоле ки ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон дар бастани қарордод бо ширкатҳои хориҷӣ ҳиссаи худро бештар аз ҳаққи сармоягузор таъин мекунанд, дар мавриди Тоҷикистон тақсимоти ҳиссаҳо бештар ба фоидаи сармоягузор аст.
Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, дар гузашта Тоҷикистон ба далели камтаҷрибагӣ чунин рафтор мекард. “Аммо, ҳоло шароит тағйир ёфт ва ҳамакнун Тоҷикистон аз мутахассисон ва имконоти коркарди маҳсулот бархӯрдор шудааст. Ба ин далел, минбаъд мо шартҳои худро пеш мегузорем”, - афзуд ӯ.
Агар як ҳадафи мақомоти Тоҷикистон аз ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба истихроҷу коркарди маъданҳои қиматбаҳо бошад, ҳадафи дигараш эҷоди ҷойҳои корӣ аст, ки дар Тоҷикистон мушкили аз ҳама умда ба ҳисоб меравад. Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба далели надоштани ҷои кор ҳар сол ба Русия ва кишварҳои дигар ба муҳоҷират мераванд.