Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории се афсари милиса барои қасди худсӯзии пиразан. ВИДЕО


Истад Қурбонова
Истад Қурбонова

Қасди худсӯзии як зани 70-сола дар боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Айнии вилояти Суғд боис ба барканории се маъмури милиса шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми январ гуфт, нисбат ба се корманди боздоштгоҳи муваққатӣ ё ИВС-и Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ низ санҷиш оғоз ёфт. Санҷишро Додситонии ноҳияи Айнӣ пеш мебарад.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар солҳои 2011-2015 беш аз 200 мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо боздоштшудаҳоро сабт кардааст

Моҷарои боздошти Истад Қурбонова

Сухангӯи ВКД мегӯяд, тибқи иттилои онҳо Истад Қурбоноваи ҳафтодсола дар боздоштгоҳи муваққатии пулиси ноҳия талош кардааст, ки худро оташ бизанад. "Идибой Зиёев, Саидалӣ Арбобов ва Абдуқодир Ғаффоров аз кор дар ШКД-и ноҳияи Айнӣ барканор шуда, амалкарди Шариф Мирзошарифов ва ду корманди дигари боздоштгоҳи муваққатӣ мавриди санҷиш қарор дорад", - афзуд ӯ.

Сокини ноҳияи Айнӣ Истад Қурбонова рӯзи 2-юми январи имсол бо гумони худсарона ишғол кардани замин дастгир шуд. Баъди даҳ рӯз ӯро бо бадани сӯхта ба бемористон бурданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Истад Қурбонова: "Бояд ҳақ ба ҳақдор бирасад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Корманди ИВС чизи дигар мегӯяд, табибон - чизи дигар​

Шариф Мирзошарифов, корманди боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Айнӣ рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карда буд, ки Истад Қурбонова худро бо оби ҷуш сӯзондааст. Вале пизишкони бемористони ноҳияи Айнӣ рӯзи 30-юми январ гуфтанд, ташхис маълум крадааст, ки бадани Истад Қурбонова аз оташ сӯхта, на ин ки аз оби ҷӯш осеб дида.

Ҳаётулло Холназаров, мудири шӯъбаи ҷарроҳии бемористони ноҳияи Айнӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Истад Қурбонова дар ҳоле ба муолиҷа оварда шуд, ки 9-10 дар сади баданаш сӯхта буд. Холназаров гуфт, Қурбонова аз 12 то 25-уми январ дар бемористон табобат гирифт. "Мавзеи пеши гардан, пеши сина, атрофи ноф, зербағалҳо аз ҳарду тараф 9-10 дар сад сӯхта буд", - шарҳ дод ӯ.

Истад Қурбонова мегӯяд, замини касеро нагирифтааст ва барои хонааш санад дорад
Истад Қурбонова мегӯяд, замини касеро нагирифтааст ва барои хонааш санад дорад

Ба қавли табиб, дар ҷараёни муолиҷа маълум шудааст, ки ин зан бемории ишемиявии дил, фишорбаландӣ, диабети қанд ва чурра (грыжа) низ дорад. "Ба Истад Қурбонова тамоми ёрии зарурии тиббӣ расонда шуд ва ба ӯ машварат додем, ки ба Хуҷанд рафта, осори сӯхтагии баданро табобат кунад", - афзуд ӯ.

Қурбонова иддао дорад, ки мавриди бадрафторӣ қарор гирифтааст

Баҳодур Бобоев, ҳамсари Истад Қурбонова, рӯзи 30-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди озод шудан аз беморхонаи ноҳия, ҳамсараш табобатро дар хона идома медиҳад.

Мақомот бо зикри ин ки санҷиш шурӯъ шудааст, аз шарҳи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ мекунанд. Худи Истад Қурбонова ва наздиконаш мегӯянд, дар боздоштгоҳ мавриди бадрафтории чанд маъмури милиса қарор гирифтааст ва онҳо бояд муҷозот шаванд.

Вакили мудофеъ Дилбарой Мирзофотирова мегӯяд, баъди кӯшиши худсӯзӣ маъмурони милисаи ноҳияи Айнӣ талош кардаанд, ки Истад Қурбоноваро ба шаҳри Истаравшан (беш аз 100-километрии ноҳияи Айнӣ) бурда, дар боздошт нигоҳ доранд.

Чанд "чаро?"

Маълум нест, ҷараёни санҷиши қазия бо чӣ меанҷомад ва баҳои тафтишот ба кори ходимони пулис ва иттиҳоми худсӯзии зан дар шароити боздоштгоҳ чӣ мешавад.

Истад Қурбонова даҳ рӯз дар боздошт буд
Истад Қурбонова даҳ рӯз дар боздошт буд

Ин қазия чанд паҳлӯи норӯшан дорад, аз ҷумла ин ки чаро кор бо сӯхтани бадани зан анҷомид ва чаро дар шароити боздоштгоҳ як гумонбар тавонист қасди худсӯзӣ кунад, дар ҳоле ки дастрасии боздоштшудаҳо ба маводи хатарҳо ба ҳаёти инсон мамнӯъст? Ва ниҳоят тафтишот бояд ба суоли аслӣ посух ёбад, ки то куҷо ин ҳодиса як кӯшиши худсӯзӣ буд ва чӣ сабаб дошт?

Баҳс аз куҷо об мехӯрад?

Додситонии ноҳияи Айнӣ Истад Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бар асоси даъвои масъулони корхонаи "Сохтмон СТД" ба ҷавобгарӣ кашид. Ин ширкат иддао дорад, ки Қурбонова дар тақрибан 2-3 сотих замини корхона анбору ҳоҷатхона сохта ва онро худсарона аз худ намудааст ва бояд бозпас гирифта шавад.

Рӯзи 2-юми январ бо сабаби ба пурсиш ҳозир нашудани Истад Қурбонова, нисбат ба ӯ чораи ба ҳабс гирифтан татбиқ гардид ва ӯ ба боздоштгоҳи ШКД-и ноҳия оварда шуд.

Беҳрӯз Абдумаҷидзода, муфаттиши Додситонии ноҳияи Айнӣ, рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "Истад Қурбонова дар қаламрави корхонаи "Сохтмон СТД" худсарона анбору ҳаммом сохтааст ва дар ин маврид ҳеч санад надорад. Ва ӯ барои он дастгир шуд, ки даъвати додситониро барои ҳозир шудан ба пурсиш нодида гирифт."

"Бо 5 фарзанд ва 20 набера дар як ҳавлӣ"

Аммо Истад Қурбонова гуфт, ҳеч вақт аз тафтишот нагурехтааст. Ӯ гуфт, панҷ фарзанд ва беш аз 20 набера дорад ва ҳамин ҳавлӣ танҳо манзили зисти ин хонаводаи бузург аст.

Тавре ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, кам иттифоқ афтодааст, ки як зани солхӯрда бар асоси баҳси замин ба боздоштгоҳ интиқол ёфта, баъдан бо нишонаҳои сӯхтор дар бадан ба бемористон бурда шавад.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки ҳодисаҳои бадрафторӣ бо боздоштшудаҳову зиндониҳоро назорат мекунад, мегӯяд, дар солҳои 2011-2015 аъзои ин созмон беш аз 200 ҳодисаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро ба қайд гирифтаанд. Бар асоси 16 парвандаи ҷиноӣ бо ёрии фаъолони ҳуқуқ 25 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

XS
SM
MD
LG