Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане, ки иддао дошт милисаҳо ӯро бараҳна карданд, аз Русия паноҳгоҳ хост


Кибриё Юлдошева
Кибриё Юлдошева

Як сокини вилояти Суғд, ки иддао дошт, маъмурони милиса ӯро ҳангоми бозпурсӣ бараҳна кардаанд, аз Русия паноҳгоҳ хост. Кибриё Юлдошева, сокини 33-солаи ноҳияи Спитамен, дар оғози моҳи январи имсол бо панҷ фарзанд Тоҷикистонро тарк карда, ҳоло дар як Маркази паноҳҷӯёни Русия қарор дорад.

  • Ин зан моҳи июли соли 2018 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао карда буд, ки дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Спитамен се маъмури милиса ӯро пеш аз бозпурсӣ "лучи модарзод" карданд. Мақомоти полис чунин иддаоро рад мекунанд.
Гӯиё нисбат ба ман як зан даъво дорад. Ягон бор моро рӯбарӯ накарданд. Пайваста худамро даъвату бозпурсӣ мекарданд. Ба ҳадде расида будам, ки чанд дафъа хостам худкушӣ кунам

Кибриё Юлдошева, ки дар Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам мешавад, рӯзи 25-уми январ гуфт, давоми нӯҳ моҳи охир "пайваста таҳти фишор" буд. Мегӯяд, бо вуҷуди он ки гуноҳи ӯро исбот накарданд, аз бозпурсиву азиятҳои рӯҳӣ хаста шуд ва тасмим гирифт аз Русия кумаку пуштибонӣ хоҳад.

Юлдошева мегӯяд, модари танҳо аст ва дар тарбияву таҳсили фарзандон ба ӯ хоҳаронаш кумак мекунанд. Онҳо дар Қрим зиндагӣ доранд. Вале давоми шаш моҳи охири соли 2018 фарзандонаш, ки бо баҳонаи таътили тобистона ба назди модар ба Тоҷикистон омада буданд, натавонистаанд аз кишвар берун раванд.

Аз Путин чӣ хостанд?

Ӯ гуфт, танҳо муроҷиати видеоии фарзандонаш ба мақомот ва раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин боис шуд, ки ба фарзандонаш иҷозаи хуруҷ аз кишварро бидиҳанд. Ба дунбол, худаш низ аз Тоҷикистон берун рафтааст.

Дар навори видеоӣ панҷ фарзанди Кибриё Юлдошева аз Путин хостаанд, онҳо ҳамчун зодагони Русия аз таҳсил дур мондаанд ва бо сабаби надоштани санадҳои зарурӣ дар Тоҷикистон наметавонанд таҳсил кунанд.

Бино ба иттиҳоми эълоншуда, Кибриё Юлдошева бо санади ҳамсари корманди бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” қарз гирифта ва дар ин бора ҳамсари он мард нисбат ба ӯ шикоят кардаанд. Аммо Кибриё Юлдошева мегӯяд, бинобар далел надоштан тафтиши парвандаи ӯ тӯл кашид.

"Гӯиё нисбат ба ман як зан даъво дорад. Ягон бор маро бо ин занҳо рӯбарӯ накарданд. Пайваста худамро даъвату бозпурсӣ мекарданд. Ба ҳадде расида будам, ки чанд дафъа хостам худкушӣ кунам, вале ба хотири кӯдакон ин корро накардам", - афзуд ӯ.

Ин зан мегӯяд, нисбат ба ӯ замоне парванда боз шуд, ки аз рӯи кормандони пулис барои бараҳна бозпурсӣ шуданаш шикоят кард. Ӯ гуфт, он замон барои шикоят кардан аз болои як нафар ба ШКД рафт, вале "баръакс, ӯро вориди утоқи корӣ карданд ва се корманди пулис аввал бараҳна, баъдан бозпурсӣ намуданд".

Кибриё Юлдошева
Кибриё Юлдошева

Ин зан дар ноҳияи Спитамен ошхона ва мағозаи шахсӣ дошт, ки ҳоло бастаанд. Ӯ гуфт, то замоне ки ваъдаи одилона баррасӣ шудани парвандаашро нагирад, ба Тоҷикистон барнамегардад. "Солҳо дар Русия кор кардам ва дар ватан хонаву ошхона сохтам. Ҳеҷ гоҳ намехоҳам берун аз ватан зиндагӣ кунам. Агар ҳоло мурофиаи боз баргузор кунанд, ҳуқуқшиносону рӯзноманигоронро роҳ диҳанд, омодаам, ки баргардам",-гуфт ӯ.

“Ҳаққи берун рафтан аз Тоҷикистонро надошт”

Юнус Баҳронов, сардори собиқи бахши тафтишотии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Спитамен, ки ин парванда зери назараш тафтиш шудааст, мегӯяд, Юлдошева бар асоси моддаи 247, қисми 3 – қаллобӣ – муттаҳам буд. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ аз 50 то 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ӯ гуфт, парвандаи ин зан бо далелҳо ба Додгоҳи ноҳияи Спитамен фиристода шуд ва худи ӯ ба хотири доштани кӯдакони ноболиғ бо шарти тарк накардани маҳалли зист дар озодӣ қарор дошт.

Ба гуфтаи масъули собиқи пулиси Спитамен, иддаои луч кардани Кибриё Юлдошева тасдиқи худро наёфт. “Дар асоси далелҳо нисбат ба ӯ парванда боз шуд. Агар худро бегуноҳ медонад, дар додгоҳ иштирок кунад ва бегуноҳиашро исбот намояд”, - гуфт ӯ.

Даврон Исмоилзода, як масъули Додгоҳи ноҳияи Спитамен гуфт, воқеан, парвандаи ин зан барои баррасӣ ба дасти онҳо расида, вале муҳокима ҳанӯз шурӯъ нашудааст. Кибриё Юлдошева қаблан дар Қрим кор мекард ва чанд сол пеш фарзандонашро дар он ҷо гузошта, ба гуфтаи худ, барои тиҷорат ба Тоҷикистон омад. То замони боз шудани парванда дар ошхонаи хусусии “Дунё” дар ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен кор мекард.

Исми ӯ дар матбуот замоне пайдо шуд, ки алайҳи кормандони пулис барои луч карданаш шикоят кард. Баъдан додситонии вилояти Суғд гуфт, ин зан даъвояшро пас гирифт. Кибриё Юлдошева он замон гуфт, дар ҳолати бади рӯҳӣ қарор дорад ва зери фишор аз даъвояш даст кашид.

Шикояти як зан аз бадрафтории маъмурони милиса ва бараҳна кардани ӯ дар ҳузури муфаттишон дар шӯъбаи пулис кам иттифоқ афтодааст. Аммо чандин марди боздоштшуда аз бархӯрди номуносиби маъмурони милиса шикоят кардаанд. Маъмулан, аксари шикояти сокинон аз бадрафтории кормандони пулис бо сабаби “наёфтани тасдиқ” то додгоҳ намерасад.

XS
SM
MD
LG