Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 10 000 тоҷик – дар зиндон ва боздоштгоҳҳои Русия


Манобеи сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ки айни замон дар зиндон ва боздоштгоҳҳои Русия беш аз 10 ҳазор шаҳрванди кишвар нигаҳдорӣ мешаванд. Як мусоҳиби мо дар сафорат рӯзи 26-уми январ гуфт, “дар Русия мурофиаи даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон идома дорад, ки бо иттиҳоми терроризм ва ифротгароӣ дастгир шудаанд”.

  • “Дақиқ нест, аз шумораи умумии боздоштшудаҳо чӣ қадарашон ба терроризму ифротгароӣ муттаҳаманд. Аммо дар ду-се соли охир чунин парвандаҳо бештар шудааст”, - афзуд ӯ.
Ҳолате буд, ки як ҷавон гум шуд. Танҳо пас аз якуним сол фаҳмидем, ки ӯ дар зиндон аст ва ба ифротгароӣ айбдор мешавад

Дар гузашта - маводи мухаддир; ҳоло - ифротгароӣ

Мақомоти Русия мегӯянд, ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик дар он кишвар кору иқомат доранд. Дар гузашта бархе аз муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва нақзи қонунҳои Русия ваё куштор боздошту зиндонӣ мешуданд. Аммо аз соли 2013 ба ин тараф хабарҳо дар бораи дастгир шудани муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми ифротгароӣ ва терроризм афзудааст. Бархе аз ин афрод ба кишвар истирдод ва иддае дигар дар ҳудуди Русия муҳокима мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти Русия тавассути Интерпол ё пулиси байналмилалӣ дастикам сӣ шаҳрванди Тоҷикистонро ҷустуҷӯ доранд, ки аксари онҳо ба ирфотгароӣ ва узвият дар созмонҳои террористӣ муттаҳаманд.

"Баъди якуним сол фаҳмидем, ки дар зиндон аст"

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар аксар ҳолат мақомоти Русия наздикони муҳоҷирони муттаҳам ба терроризму ифротгароиро хабардор намекунанд. Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, рӯзи 26-уми январ гуфт, “мақомот дар ин маврид далелҳои амниятӣ ва халал нарасондан ба ҷараёни тафтишотро баҳона пеш меоранд. Ҳолате буд, ки як ҷавон гум шуд. Танҳо пас аз якуним сол фаҳмидем, ки ӯ дар зиндон аст ва ба ифротгароӣ айбдор мешавад.”

Ёров мегӯяд, дастрасии чунин афрод ба вакилони мудофеъ низ маҳдуд аст ва аз ин рӯ, “то куҷо ҷурми онҳо дар додгоҳ пурра ва бидуни фишор собит мешавад, маълум нест”.

Дурӣ аз муҳоҷири муттаҳам. Чаро?

Дар чанд соли охир дар амалиёти гуногун мақомоти Русия садҳо сокини Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Қудратулло Шомадов, муҳоҷири 42-солаи тоҷик мегӯяд, вақте хешованд ё ҳамдеҳаи муҳоҷире бо ҷурми ифротгароӣ боздошт мешавад, ҳама аз ӯ дурӣ меҷӯянд, то пойи худашон ба он парванда кашида нашавад.

Бисёре аз пайвандони онҳое, ки бо ҷурми ифротгароӣ ё терроризм дар Русия боздошт мешаванд, ба иттиҳоми эълоншуда алайҳи наздиконашон бовар надоранд. Вале мақомоти Русия пайваста бо нашри наворҳо ба даст доштани гумонбарон дар ҷиноят таъкид мекунанд.

Охири ҳафтаи гузашта Додгоҳи ҳарбии Маскав низ 11 зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ва қасди амалҳои террористӣ аз 6 то 18 сол маҳкум кард. Онҳо моҳи ноябри соли 2016 дар ҷараёни як амалиёти маъмурони ФСБ дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург дастгир шуда буданд.

"Агар маҳкумшавандаҳо талаб карданд, меравем"

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26-уми январ гуфтанд, ки дипломатҳои тоҷик ба ин мурофиа даъват нашуда буданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дар сафорат, бар асоси қонунҳои Русия, кормандони онҳо замоне ба мурофиа даъват мешаванд, ки агар муттаҳамон талаб кунанд.

Вебсайти “Грани.ру” бо такя ба матни қарори Додгоҳ номи маҳкумшудаҳо ва муҳлати ҳабси онҳоро нашр кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Давронбек Воҳидов, Мардонбек Воҳидови 34-сола, Шаҳбозҷон Исроилҷонови 25-сола, Толибҷон Мирзоҷонови 38-сола, Розибой Торақулови 50-сола ва Шӯҳратбек Эсанбоеви 25-сола ба 14 то 18 соли зиндон маҳкум шудаанд. Дигарон - Инъомҷон Расулиллоев, Фазлиддин Қодиров, Беҳрӯз Маҳмудов, Маҳаммадҷон Фахриддин ва Умаров шашсолӣ ҳукм гирифтанд.

Мурофиаи додгоҳии ин афрод дар Додгоҳи низомии Маскав 24-уми июли соли 2018 ва пушти дарҳои баста оғоз ёфт. Нашрияҳои русӣ мегӯянд, ФСБ дар амри таҳқиқу бозҷӯии парванда бо кумаки мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон амал мекард.

XS
SM
MD
LG