Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 соли зиндони Файзиддин Ҳабибуллоев барои куштори ҳамсару кӯдак. ВИДЕО


Акс аз вебсайтти 360tv.ru
Акс аз вебсайтти 360tv.ru

Додгоҳи вилояти Иркутск як сокини 26-солаи ноҳияи Данғараро барои қатли бераҳмонаи ҳамсар ва писари ширхораш ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Додрас гуфт, Файзиддин Ҳабибуллоев ҳамсари русашро ба марди дигаре рашк карда ба тани кӯдак на камтар за 20 ва ба тани ҳамсараш 69 зарби корд задааст. Наздиконаш дар Тоҷикистон аз шунидани ин хабар афсурда шудаанд.

“Қонуни давлати худашон аст”

Бархе ҷомеашиносон дар Русия мегӯянд, мавзӯи рашку гумон дар никоҳи намояндагони миллатҳои мухталиф - яке аз онҳо русу дигараш хориҷӣ аст, ҳодисаи нав нест. Гоҳҳо тафовути фарҳангӣ дар зеҳнияти ҳамсарони рус, ки нисбатан озодандешанд, боиси норизоияти ҳамсарони муҳоҷирашон мешавад

Сафарбек Ҳабибуллоев, бародари Файзиддин Ҳабибуллоев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин бора зиёд суҳбат карданӣ нест. Аз суҳбатҳои Сафарбек Ҳабибулоев ва модараш эҳсос мешуд, ки хеле маъюс ва ноумед буданд.

Сафарбек дар посухи кутоҳи худ ба Озодӣ рӯзи 20 сентябр гуфт: “Қонуни он давлат аст. Худашон мебинанд, аз дасти мо чӣ меояд? Чӣ кор кунем?”

Бародари Файзиддин Ҳабибуллоев дар посух ба суоли инки баъди боздошт аз ҳоли ӯ хабар доранд ё не, посух дод, ки аз ҳолаш зиёд огоҳ нестанд.

Кибриё Самадова, модари Файзиддин дар ноҳияи Данғара нахост дар ин бора ба Радиои Озодӣ суҳбат кунад.

Ҳукми Файзиддин Ҳабибуллоев рӯзи 19 сентябр аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Иркутск содир шуд. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Ҳабибуллоев 20 солро дар зиндони низомаш сангин пушти сар мекунад.

“Ҳодиса чӣ гуна рух дод”

Ҳодисаи кушта шудани ҳамсар ва кӯдак, ки Файзиддин Ҳабибуллоев ба он муттаҳам мешавад, рӯзи 13 марти соли ҷорӣ рух дод. Намояндагии Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Иркутск навиштааст, ки куштори ҳамсару кӯдак дар хонае рух дод, ки барои як рӯз бо нияти таҷлили ҷашни оилавӣ иҷора гирифта буданд. 13-уми марти соли ҷорӣ ин хонавода бо нияти таҷлили як ҷашни оилавӣ дар сари дастурхон ҷамъ шуд. Баъди муддате гӯё ба телефони мобили ҳамсари Ҳабибуллоев аз номи кадом марди ношиносе паём ё СМС ворид шуд ва ҳамсар дар ғояти қаҳру ғазаб ба даст корд гирифта, ба ҳамсар ва баъдан тифлаш ҳамла кард.

Тафтишот гуфтааст, ки баъди куштор Ҳабибуллоев дар беруни Иркутск дар кадом як дачае пинҳон шуда, ният доштааст ба Тоҷикистон фирор кунад, вале боздошт ва дар ҷиноят иқрор шуд. Намояндагони ҷамъияти тоҷикони Иркутск мегӯянд, ин ҳодиса ҳамаро такон дод.

Матбуоти Иркутск навишт, ташхиси судию экспертӣ собит кардаст, ки маҳкумшуда ба ҳангоми содир кардани ҷиноят хатарнок будани амалҳои худро дарк мекард.

Дар Иркутск тоҷике бо куштори зану фарзандаш муттаҳам мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

"Чашми обии писар" даъвои зану шавҳарро то куштор бурд

Дар баёнияҳои муқаддамотӣ Ҳабибуллоев гуфтааст, ки ба ҳамсари рустабораш Наталяро рашк мекард ва сабаби ҳамлааш ҳам шубҳа дар садоқати ҳамсар буд. Матбуоти русӣ бо такя ба тафтишот навишт, ки "чашми обии кӯдак" гӯё мавриди шубҳаи Ҳабибуллоев буд ва ин мард бовар надошт, ки Абӯбакр писари ӯст. Даъвое, ки хонавода онро радд мекунанд.

Рӯзи аввали мурофиа, ки рӯзи 15-уми август дар як додгоҳи Иркутск ҷараён гирифт, Ҳабибуллоев гуфт, ки ҷузъиёти ҳамларо ёд надорад ва инро дар ҳолати номукаллафӣ содир кардааст. Дар ин бора оҷонсии "Байкал24" хабар додааст. Вале айбдкоркунанда дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки ҷинояти мудҳишро ин марди тоҷик огоҳона содир кард ва ташхиси тиббӣ низ солимии ҳолати равонии ӯнишон дод. Дар рӯзи аввали мурофиа модарарӯси Ҳабибуллоев гуфт, ки дар гузашта ҳам шоҳид шуда буд, ки домодаш духтри ӯро озор медод, латтукӯб мекард.

Тафовутҳои фарҳангӣ боиси ҷанҷолҳо мешавад

Бархе ҷомеашиносон дар Русия мегӯянд, мавзӯи рашку гумон дар никоҳи намояндагони миллатҳои мухталиф - яке аз онҳо русу дигараш хориҷӣ аст, ҳодисаи нав нест. Гоҳҳо тафовути фарҳангӣ дар зеҳнияти ҳамсарони рус, ки нисбатан озодандешанд, боиси норизоияти ҳамсарони муҳоҷирашон мешавад.

Дар чунин ҳолат машварат ин аст, ки пеш аз издивоҷ тафовутҳои вижаи фарҳангиро бояд б эътибор бигиранд, то тавонанд оилаҳои пойдору солим ва бар асососи эътимод ба ҳамдигар бунёд кунанд.

Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо мегӯяд, ки дар зиндонҳои Русия аз беш аз 29 ҳазор маҳбуси хориҷӣ, 8 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Шумори зиёди онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои сангин маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG