Як шаҳрванди Тоҷикистон шикоят кардааст, ки дар боздоштгоҳи Адигея – минтақаи мусалмоннишин дар Қафқози Русия – ӯро ба нерӯи барқ гузошта ва шиканҷа додаанд.
Дар муроҷиат ба раҳбари минтақа имзои ман баъди имом дар ҷои дувум буд. Вокуниш шадид шуд. Намояндаи мақомоти минтақа дар масоили мубориза бо терроризм ба масҷид омад
Сайёдшоҳ Убайдов, ки бо иттиҳоми ҷалби сокинон ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" моҳи марти имсол дастгир шуд, дар СИЗО-и Адигея нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ рӯзи 24-уми декабр дар мулоқот бо вакили мудофеъ рафтори маъмурони ФСБ ё Хадамоти федеролии амниятро “ғайриинсонӣ” номидааст.
Убайдов тайи тақрибан ҳафт сол боз бо хонаводааш дар ин минтақаи Русия зиндагӣ мекунад ва моҳи марти имсол дастгир шуд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамагуна иттиҳомро бепоя мехонад.
"Тахмин мезанад, ки қабурғааш шикастааст"
Шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар мулоқоти ҳафтаи гузашта бо вакили мудофеъ гуфтааст, маъмурони ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия ӯро рӯзи 18-уми декабр дар боздоштгоҳ зери мушту лагад гирифтанд.
Вакили мудофеъ рӯзи 28-уми декабр дар суҳбат бо “Кавказ.Реалии”, як бахши Радиои Озодӣ, гуфт, "зерҳимояи ман номи муфаттишони ФСБ-ро намедонад, вале онҳоро ҳангоми боздошт дар моҳи март дидааст. Убайдовро дар СИЗО бо нерӯи барқ шиканҷа кардаанд. Дар дасташ пайи шиканҷа ҳаст. Ӯ тахмин мезанад, ки қабурғааш шикастааст."
Сайёдшоҳ Убайдов, инчунин, аз шароити бади нигаҳдорӣ дар боздошт шиква кардааст. Ӯ гуфта, ки тирезаи утоқи нигаҳдориаш шиша надорад ва ҳаво хеле сарду тоқатфарсост.
“Вай забони русиро хуб намедонад ва метарсад, санадеро имзо накунад, ки бар зарараш тамом шавад. Барои ҳамин, бе ҳузури вакили мудофеъ ҳеч кор намекунад. Вақте навбатдорон аз ӯ мехоҳанд, ки имзо гузорад, рад мекунад ва ӯро бо ҷурми саркашӣ ба утоқи ҷаримавӣ мебаранд. Ва ин кор мунтазам такрор мешавад”, - мегӯяд вакили мудофеъ.
Наздикон мегӯянд, ки парванда "сохта" аст
Сайёдшоҳ Убайдов ҳам шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандии Русияро дорад. Сабоҳат Раҳмонова, завҷаи Сайёдшоҳ Убайдов, қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки шавҳари ӯро маъмурони ФСБ бар асоси нишондоди як тоҷики дигар, ки пеш аз ӯ боздошт шуда буд, ҳабс кардаанд.
Мақомот ӯро барои ҷалби сокинон ба сафи гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” муттаҳам медонанд. Вале наздикон мегӯянд, ки парванда сохта аст.
Пайвандони Сайёд иддао доранд, ки ба онҳо таҳдид шудааст, ки агар Убайдов ба гуноҳ иқрор накунад, эҳтимол аз ҳаққи сарапарастӣ ба фарзандон маҳрум ва аз кишвар ихроҷ шуда, молу амволашон мусодира гардад. Вакили мудофеъ мегӯяд, дар бораи шиканҷаи нафари таҳти ҳимояташ ба раҳбарияти боздоштгоҳ шикоят карданд. Ҷониби ҳимоя талаб дорад, ки Кумитаи тафтишотии Русия ҳарчи зуд аз ин қазия хабардор карда шуда, Убайдов аз ташхиси тиббӣ гузарад.
Тоиров ин дафъа гап задан нахост
Моҳи марти имсол беш аз 150 намозгузори масҷиди ноҳияи Тахтамукай, ки миёни онҳо варзишкорон ва фаъолони ҷамъиятӣ низ буданд, ба раиси минтақаи Адигея Мурод Кумпилов муроҷиат карда, хостори раҳоии Сайёд Убайдов шуданд. Дар натиҷа бисёре аз муроҷиаткунандаҳо, асосан тоҷикон, бо сабабҳои гуногун аз минтақа ихроҷ карда шуданд.
Хайриддин Тоиров, тағои Убайдов низ аз шаҳрвандӣ маҳрум ва ихроҷ карда шудааст. Вай қаблан шикоят карда буд, ки мақомот ба ӯ фишор меоранд, то ҷиянашро барои ба гардан гирифтани гуноҳ водор намояд.
Тоиров рӯзи 28-уми декабр нахост, бо хабарнигори "Кавказ.Реалии" суҳбат кунад. Ҳамон тавре ки ба расона маълум шуд, Тоиров иҷозаи вуруд ба Русияро дарёфт карда, дубора таҳти фишор аст, ки ҷиянашро барои иқрори гуноҳ маҷбур кунад. Дар иваз ваъда шудааст, ки Убайдовро танҳо барои чаҳор сол маҳкум мекунанд.
"Сарнавишти Убайдов ба сарат меояд"
Фаъоли ҷомеаи ноҳияи Тахтамукай Владимир Маеров иддао дорад, ки барои пуштибониаш аз Сайёдшоҳ Убайдов ӯ ҳам таҳдид гирифтааст. "Дар муроҷиат ба раҳбари минтақа имзои ман баъди имом дар ҷои дувум буд. Вокуниш шадид шуд. Намояндаи мақомоти минтақа дар масоили мубориза бо терроризм ба масҷид омад ва имзокунандаҳоро пурсид. Баъд ба мо нақл кард, ки дар тамоми ин ҳама сол аз ноҳияи Тахтамукай танҳо як нафар ба Сурия рафтааст”, - афзуд ӯ.
Маеров гуфт, рӯзи 25-уми декабри имсол тавассути афроди севум ба ӯ паём додаанд, ки аз ин кор даст кашад, вагарна сарнавишти Убайдов ба сараш меояд.
Мақомот шарҳе надоданд
“Кавказ.Реалии” то ин дам натавонистааст шарҳи хадамоти матбуотии раёсати ФСБ дар минтақаи Адигеяро бигирад. Мақомот ваъда доданд, ки дертар маълумот хоҳанд дод.
Адигея як минтақаи муслмонишин дар минтақаи Қафқози Русия аст. “Шикори” тоҷикон ва айбдоркунии онҳо ба тунгароиву ифротгароӣ ва терроризм дар пайи боздошти яке аз наздикони сарҳанги фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов шурӯъ шуд. Аз ин ҷавон Ҳалимов Ф. ном бурда мешавад. Вай моҳи июли имсол аз Адигея ба Тоҷикистон истирдод шуд.