Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мири Маскав: Патент мизони ҷинояткории муҳоҷиронро хеле кам кард


Мири шаҳри Маскав гуфт, ки мизони ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирони корӣ коҳиш ёфтааст. Дар як мусоҳибааш бо телевизиони "Россия-1" Сергей Собянин гуфт, ки "70 дарсади муҳоҷирони корӣ сабти ном мешаванд, патент мегиранд, изи дастони худро мегузоранд ва ҳамаи ин тадбирҳо боиси хеле кам шудани ҷинояткорӣ дар вилоят (вилояти Маскав) шудааст". Собянин дар ин мусоҳибааш гуфтааст, ки мизони ҷинояткорӣ то ним баробар коҳиш ёфтааст.

Русия, ки макони кори беш аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб мешавад, назар ба арзёбиҳои мақомот ва ҳам иқтисоддонон, барои солиёни наздик маҳалли аслии даромади тоҷикистониён боқӣ мемонад.

Дар ин мусоҳибааш, ки рӯзи 18-уми ноябр пахш шуд, Сергей Собянин гуфт, ки рушди низоми назорати видеоӣ дар Маскав ва беҳтар шудани кори полис боиси камшудани ҷинояткории марбут ба муҳоҷират шудааст. Ба гуфтаи шаҳрдори Маскав, дар маҷмӯъ дар пойтахти Русия дар маҷмӯъ мизони ҷинояткорӣ, аз ҷумла, дуздиву ғоратгарӣ, дуздии хонаҳо ва рабудани мошинҳо ҳам кам шудааст.

Собянин афзуд, ки системаи назорати видеоӣ дар шаҳр, ки тамоми бахшҳо - даромадгоҳи хонаҳо, ҳавлиҳо, роҳҳо, марказу нуқтаҳои тиҷоратӣ ва кӯчаҳоро фаро мегирад, барои сари вақт ва дар фурсати кӯтоҳ ошкор кардани ҷиноятҳо мусоидат намуд.

Сергей Собянин.
Сергей Собянин.

Ба иттилои мақомоти Русия, дар зиндонҳои ин кишвар аз беш аз 618 ҳазор зиндонӣ, каме зиёдтар аз 29 ҳазор нафари онҳоро хориҷиҳо ташкил медиҳанд ва аз миёни онҳо - шаҳрвандони Тоҷикистон 8 ҳазор нафар мебошанд. "Тоҷикистониҳо назар ба хориҷиҳои дигар шумори бештари зиндониҳоро ташкил медиҳанд"-, мегӯянд мақомоти Русия.

Ҳар муҳоҷири сеюм соҳиби патент мешавад

Муқаррароти доштани патенти кор дар Русия аз 1-уми январи соли 2015 дар амал ҷорӣ шуд ва арзиши ин санад, ки амалан як иҷозатномаи расмии кор мебошад, дар ҳар минтақаи ин кишвар фарқ мекунад. Патенте, ки арзишаш дар Маскав ҳудудан 4 ҳазор рубл мебошад, бояд ҳар моҳ пардохт шавад.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои расмии Русия, тақрибан ҳар муҳоҷири сеюме, ки бо нияти кор ба ин кишвар меравад, патент ё иҷозатномаи расмии кор дар ин кишварро ба даст меорад. Вебсайти russian.rt.com бо такя ба ВКД Русия навишт, ки соли 2016 сохторҳои давлатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ беш аз 1,5 миллион патенти кор додаанд.м

Ин манбаъ мегӯяд, аз ин миён шумори бештарашон марбут ба шаҳрвандони Узбекистон (наздики 926 ҳазор адад) ва Тоҷикистон (беш аз 433 ҳазор адад) мебошад. Дар ҷои сеюм шаҳрвандони Украина қарор доранд. Намояндагони ҳамин кишварҳо аз рӯи арзёбиҳои ахир, шумори бештари муҳоҷирони корӣ дар Русияро ташкил медиҳанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба Русия бо ҳадафи кор 3,4 миллион муҳоҷир аз Узбекистон ва 1,5 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ва 1,2 миллион украиниҳо сафар кардаанд.

Фаъоли ҳуқуқ: "Ҷараёни муҳоҷират ба танзим медарояд"

Раиси маркази ҳомии ҳуқуқ "Сова", ки бо таҳқиқу таҳлили вазъи муҳоҷирон ва ҳамла ба хориҷиҳо бар асоси адовати нажодӣ машғул аст, мегӯяд, воқеан ҳам дар солҳои охир мизони ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон коҳиш ёфта, кори полис ҳам сифатан беҳтар шудааст.

Александр Верховский.
Александр Верховский.

Александр Верховский гуфт, ки шаҳрдори Маскав агарчанд ба хотири намоиши кори хуби худ дар ин мақом изҳорот дод, вале ҷорӣ шудани патент ва ҷорӣ шудани муқаррароти нав дар бахши танзими муҳоҷирати корӣ тавонист пеши роҳи қонуншиканиҳо аз ҳарду тараф – ҳам полису мақомот ва ҳам худи коргарони хориҷиро бигирад.

Ӯ гуфт: "Дуруст аст, ки таҳияи санадҳо осонтар шудааст. Ёдам ҳаст, ки дар маркази "Сахарово" чӣ ваҳшате буду навбатпоиҳои мардум шабонгоҳ шурӯъ мешуд. Ҳоло онҳо тавонистанд, ки ин просесси бюрократиро ба танзим дароваранд ва ҷараёни сабтиному гирифтани патент ва санадҳои дигар ба танзим даромад. Вале аз назари ман, он чизе, ки ҳалли худро наёфтааст, ин ҳалношуда мондани масъалаи осон будани ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Як нақзи хеле хурди қонун шахсро то ихроҷ аз кишвар ва ба муддати солҳои тӯлонӣ водор мекунад. Ин муқаррарот ҳам интихобан татбиқ мешавад. Маълум аст, ки ин низом пур аз фасод аст, вале саволи асосӣ ин аст, ки чаро то ҳол амал мекунад?».

Раҳбари маркази "Сова" гуфт, ки дар муқоиса бо панҷу даҳ соли пеш кори полис дар амри мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба адовати нажодӣ ва миллӣ ҳам беҳтар шуда, гурӯҳҳои нисбатан калону хатарноки ҷиноятӣ ҳабс ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ба гуфтаи ӯ, зарурати мубориза бо бегонаситезиро мақомот баъди он хуб дарк карданд, ки шумори қатлу кушторҳои ваҳшатноки муҳоҷирон аз ҳад гузашт.

Патент хуб аст, вале сабтиноми коргарони хориҷӣ гарон аст

Бо ин, ки ҳам мақомот ва ҳам фаъолон низоми нави сабти муҳоҷиронро ҳамчун як роҳи муассири ба танзим даровардани мақоми ҳуқуқии коргарони хориҷӣ арзёбӣ мекунанд, боз ҳам дар ниҳояти амр, арзиши қонуникунии мақоми муҳоҷиронро дар Русия дар ниҳояти амр гарону барои бисёриҳо сангин арзёбӣ мекунанд.

Дониёр Усмонов, як шаҳрванди тоҷиктабори Русия, ки гоҳҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон дар қонунӣ кардани мақомашон дар вилояти Волгоград кӯмакҳо мекунад, гуфт, воқеан ҳам бисёр муҳоҷирон дарк мекунанд, ки бояд танҳо дар фазову шароити қонунӣ кор кунанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Миёна дар Маскав.
Муҳоҷирон аз Осиёи Миёна дар Маскав.

Ба гуфтаи ӯ, аксарият баробари расидан ба Русия дар андешаи таҳияи санадҳои қонунӣ мешаванд ва дарки ин зарурат назар ба солҳои гузашта хеле беҳтар шудааст. Вале дар ниҳояти амр, гарон будани бастаи санадҳо барои иҷозаи кору иқомат, ки дар вилояти Волгоград ҳудудан 30 ҳазор рубл мешавад, дар оғози кор барои аксарият сангин аст. Ӯ гуфт, ин маблағ дар таҳияи чунин бастаи санадҳо масраф мешавад.

"Сертификати донистани забони русӣ як санади калидӣ аст ва пеш аз ҳама онро талаб мекунанд. Санади тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ. Баъди ин ду мешавад рафту патенти корро таҳия карду сабти иқомат гирифт. Ҳоло, бар асоси қонунҳои нав, муҳоҷирон метавонанд дар маҳалли кор, яъне дар назди шахси ҳуқуқӣ, на инфиродӣ сабтином шаванд. Ҳамаи ин хароҷот дар маҷмӯъ 30 ҳазор рубл ваё бештар аз ин мешавад", - афзуд Дониёр Усмонов.

Ба гуфтаи Дониёр Усмонов, ин маблағест, ки шаҳрвандон бидуни кӯмаки ширкату шахсиятҳои миёнарав масраф мекунанд ва ба ин баста хароҷоти роҳ ҳавопаймову қатор ворид намешавад. Аз ҳамин хотир, ба гуфтаи Усмонов, харҷи таҳияи санадҳо аз назари боздеҳаш барои минтақаҳои дигар назар ба Маскав гаронтар мешавад, чунки дар Маскав бозори кор барои муҳоҷирон доманадор аст ва боздеҳи беҳтар дорад.

Дониёр Усмонов
Дониёр Усмонов

Русия, ки макони кори беш аз 1 миллион сокини Тоҷикистон маҳсуб мешавад, назар ба арзёбиҳои мақомот ва ҳам иқтисоддонон, барои солиёни наздик маҳалли аслии даромади тоҷикистониён боқӣ мемонад. Баланд будани мизони бекориву зиёд фаъол набудани корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, бисёр хонаводаҳоро водор мекунад, ки фарзандони тоза хатми мактаби миёна кардаи худро ба муҳоҷирати корӣ ба Русия сафарбар кунанд. Дар чунин шароит зарурати азхуд кардану риояи қонунҳои ин кишвар барои тоҷикистониҳо муҳим боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG