Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозор сӯхт, мо ҳам сӯхтем. Афзоиши теъдоди оилаҳои қарздор дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Дар як соли ахир теъдоди қарздорон дар Тоҷикистон 400 ҳазор нафар афзудааст ва ҳоло дар кишвар аз ҳар 10 сокин ду нафари онҳо аз бонк ё муассисаи молие қарздор будааст.

Бо вуҷуди баланд будани фоизи қарзҳо дар Тоҷикистон ва ҳазар кардани мардум аз қарзу қарздорӣ, боз ҳам бисёриҳо ночор барои амалӣ кардани нақша ё рафъи камбуде дар зиндагӣ ба бонкҳо муроҷиат мекунанд.

Гуланор Афғонова, ки пули моҳонаи қарзашро дар бонки Эсхата пардохт мекард, гуфт, акнун ин моҳ хотираш андаке ҷамъ шуд. Ӯ якуним сол пеш барои ҷашни арӯсии кардани фарзандаш 10 ҳазор сомонӣ қарз гирифт.

Мегӯяд, наметавонист, ҷашнеро, ки ӯ ва фарзандаш орзу мекард бидуни қарз баргузор кунад.

"Бозор сӯхт, мо ҳам сӯхтем"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

“Барои издивоҷи фарзанди якумам ҳам қарз гирифтам, баъдан бо қарз хонаро таъмири хуб кардем. Шароит ҳамин аст, маош зиёд нест, ки тамоми хостаҳоро амалӣ кунем, аз дасти кас қарз бигирӣ метавонад, як рӯз бидуни огоҳӣ қарзашро пурсад. Аз ҳама интихоби хуб бонк аст, ки ҳар моҳ як маблағи муайян месупорӣ ва то моҳи дигар боз як фикр мекунӣ”- мегӯяд, Афғонова.

Чиҳил дар сади даромад барои пардохти қарз

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин модар 40 дар сади даромади моҳонаи хонаводааш барои бозгардонидани қарз сарф мешавад ва зиндагиаш ба ду марҳила – то қарзгирӣ ва баъди он тақсим шудааст.

Гулнор Афғонова мегӯяд: “Ҳатто вақте каме бемор мешавам, аввал ба фикри қарзаш меафтам. Мешавад, ки маблағи маошро сари вақт намегирем, дар ин лаҳзаҳо шабҳо фақат фикр мекунӣ, ки ду ё се рӯзи дигар монд, аз куҷо пул ёбам, то қарзро сари вақт супорам. Агар сари вақт насупорем, бонк ҷарима мебандад ва вазнинӣ боз дар сари мо. Ҳоло вазъи корхонае, ки ман кор мекунам, хуб нест. Маошҳо ҳам кам шуд. Баройи ҳамин метарсам ва Худоҷон мегӯям, ки аз кор намонам. Вагарна чӣ хел метавонам, пули қарзро супорам.”

Як таҳлили “Бюрои қарзӣ ва иттилоотии Тоҷикистон” муайян кардааст, ки аксари қарзҳои бидеҳкороне мисли Гуланор, иҷтимоӣ ва маишӣ ҳастанд. Мардум бештар барои пардохти пули таҳсили мактаб ё донишгоҳи фарзандон, таъмиру таҷҳизи хона ё ҳалли мушкилоти дигар қарз мегиранд.

Манучеҳр Абдусамадзода, роҳбари “Бюрои қарзиву иттилоотии Тоҷикистон” рӯзи 10 уми январ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксари қарзгирандаҳо аз 25 то 40 сол доранд.

Бозор сӯхт, мо ҳам сӯхтем

Агар барои як гурӯҳи зиёд ҳоло қарз ягона воситаи амалӣ кардани орзуву ҳалли мушкили зиндагӣ бошад, гуруҳи дигар баъди қарз гирифтан, дарди сар мехаранд ва бархе хонаи худро аз даст медиҳанд, бархе аз ғами қарзи зиёд аз дунё мераванд. Фоизҳои баланди аз 14 то 40 дарсадӣ, дониши ками молӣ, қарзгирии бенақша, ба гуфтаи коршиносон қарздоронро ба бадбахтӣ рӯ ба рӯ мекунад.

Марҳабо, сокини Душанбе бо ду фарзанд дар хонаи иҷора зиндагӣ дорад. Як моҳ пеш бонк барои барнагардонидани қарз, хонаи ӯро гирифт. Мегӯяд, ҳамааш аз 10 ҳазор доллар шурӯъ шуд.

Марҳабо мегӯяд, барои қарз хонаашро аз даст дод.
Марҳабо мегӯяд, барои қарз хонаашро аз даст дод.

“Рӯзҳои вазнинро гузаронидем. Қарз нағз нест, мегуфтанд, рост аст. Вақте қарз мегирифтем, умед доштем, зиндагӣ хуб мешавад, вале не. Бори аввал барои тиҷорат қарз гирифтем, бозор сӯхт, мо ҳам сӯхтем. Қарз зиёд шудан гирифт. Дуюмбора қарз гирифтем, курси доллар баланд шуд ва вазъи мо ҳам бад. Дар ниҳоят аз хонаву дар ва саломатӣ мондем.”

Шавҳари Марҳабо дар муҳоҷират аст ва сарнавишти ояндаи хонавода ҳам норӯшан. Ҳоло ӯ ба ҷуз аз кумакхоҳӣ аз раҳбари бонк дигар роҳе намебинад. “Ҳозир намедонем чӣ кор мекунем. 20 ҳазор доллари дигар қарз дорем, мехоҳам, як бор назди раиси калони “Тоҷиксодиротбанк” дароем, намешавад. Мехоҳам ба хотири ду фарзанди хурдсолам ба ман кӯмак кунанд” - мегӯяд, ӯ.

Барои қарз меравем, мегирянд

Коршиносон мегӯянд, зиндагӣ ва амалӣ кардану ҳадафу нақшаҳо бо қарз барои мардуми зиёде дар хориҷ кори маъмулӣ аст. Аммо сабаби ба мушкили фаровон ру ба ру шудани сокинони Тоҷикистон, миёншикан будани фоизи қарз ва даромади собит надоштан аст.

Аҳлиддин Қурбонов, ки таҷрибаи чандинсолаи кор дар бонкро дорад, мегӯяд, вақте барои баргардонидани қарз ба хонаҳои мардум мераванд, бисёриҳо ашк мерезанд, ки дигар тавони пардохти онро надоранд.

“Дар ҳақиқат фоизи бонкҳои мо баланд аст. Як сабаби дигар, мардум кори доимӣ надорад. Корхонае, ки масалан қарзгиранда дар он кор мекунад ва бо умеди маош қарз гирифта буд, якбора муфлис мешавад ва ӯ ҳам аз даромад мемонад" - мегӯяд, ӯ.

Аз тарафи дигар кам шудани даромади муҳоҷирони тоҷик ҳам ба вазъи хонаводаҳои қарздори онҳо дар Тоҷикистон беасар намондааст.

"Солҳои ахир аз муҳоҷират маблағ кам ворид шуда истодааст. Бисёриҳо ба ҳамин умед қарз гирифтаанд. Ва вақте мо ба хонаҳои онҳо барои баргардонидани қарз меравем, гиря мекунанд, ки наметавонем пардохт кардан ва кош намегирифтем ин қарзро. Барои пеш наомадани ин мушкил, муассисаҳои молӣ ҳам бояд зимни пешниҳоди қарз вазъи қарзгирандаро омӯзанд”, мегӯяд, Аҳлиддин Қурбонов.

"Пеш аз гирифтани қарз хуб андеша кунед"

Бюрои қарзиву иттилоотии Тоҷикистон ки ба қарзгирандаҳо, мудирияти буҷа, дониши молӣ ва роҳҳои дурусти гирифтану баргардонидани қарзро меомӯзад, мегӯяд, бидуни андеша ва барномаи мушаххас қарз гирифтан, кори бисёр хатост.

Манучеҳр Абдусамадзода
Манучеҳр Абдусамадзода

Манучеҳр Абдусамадзода, раҳбари бюро мегӯяд: “Намедонанд, ки чанд дар сади даромади худро ба бонк ва чӣ қадарашро бояд барои зиндагӣ сарф кунанд, бинобар ин наметавонанд дар муҳлати муайяншуда пули қарзашонро супоранд. Аз ин рӯ бояд огоҳии молии мардумро боло бурд.“

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 95 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 17 бонк, 33 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 11 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.

Як таҳқиқи бонки олмонии Raiffeisen Вank International дар соли 2017 нишон додааст, ки тақрибан нисфи муштариёни бонкҳои Тоҷикистон қарзҳояшонро саривақт барнагардондаанд.

XS
SM
MD
LG