Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СБП тавсия дод, ки "Агроинвестбонк"-ро барҳам диҳанд ва пули муштариҳоро баргардонанд


Cандуқи байналмиллалии пул ба ҳукумати Тоҷикистон машварат додааст, ки муҷаввизи “Агроинвестбонк”-ро бозхонда худи ин муассисаро барҳам диҳад ва аз даромадҳои бонк қарзи амонатгузоронро пардохт кунад.

Дар «Агроинвестбонк» ҳам шӯрои нозирон ташкил шуда ситод доим амал мекунад. Аммо роҳбарияти ин бонк кӯшиш кард, аз ташкилоти молиявии Русия ва Хитой сармоя ҷалб кунад, аммо боз ҳам муваффақ нашуданд

Ин яке аз се гузинаест, ки Сандуқи байналмилалии пул барои ҳалли мушкили “Агроинвестбонк” пешниҳод кардааст. Ду гузинаи дигар - сармоягузории бонк аз ҳисоби будҷаи давлат ва ё таъсиси ду бонки дигар дар заминаи “Агроинвестбонк” мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон то ба ҳол яке аз ин гузинаҳоро истифода карда 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба “Агроинвестбонк” сармоягузорӣ кард, аммо ин тадбир натавонист бонкро наҷот бидиҳад.

Падамҷа Ханделвал, роҳбари ҳайати Сандуқи байналмилали пул доир ба Тоҷикистон рӯзи 9 август дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “СБП кӯшишҳои беҳтар кардани идоракунӣ ва назоратро қадр мекунад, аммо барои бозгардонидани боварии амонатгузорон ба бонкҳо рӯи даст гирифтани чораҳои қатъии дигар зарур аст”.

Хонум Ханделвал афзуд, барои бозгардонидани боварии мардум ба бонкҳо дар Тоҷикистон ҳукуматро зарур аст, тавсияҳои қаблии СБП-ро иҷро кунад. Ишораи Хандалвал ба “Барномаи арзёбии сектори молиявии Тоҷикистон” (FSAP) аст, ки дар он аз ҷумла барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ба ҳайси яке аз чораҳои ҳалли бӯҳрон тавсия мешавад.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки ҷузъиёти муколамаи Тоҷикистону Сандуқи байналмиллалии пул огоҳ аст, рӯзи 9 август гуфт, ин тавсия бахше аз машваратҳои СБТ ба Тоҷикистон қабл аз шӯрои барномаи нави ҳамкорӣ аст.

“Аз иҷрои ин тавсияҳои СБП шурӯи барномаи нави ин созмон бо Тоҷикистон вобаста аст. Тақсими ширкати “Барқи тоҷик” ба се ширкати алоҳида ва ислоҳи чанд қонуни вобаста ба бонкҳо ва амонатҳо низ аз ҷумлаи тавсияҳои СБП буданд, ки Тоҷикистон аллакай онҳоро иҷро кардааст”, гуфт ҳамсуҳбати мо.

Тоҷикистон ният дорад аз СБП 500 миллион доллар қарзи имтиёздор ба даст орад. Маълум нест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин тавсияи СБП гӯш медиҳад ё не, аммо “Агроинвестбонк” аз соли 2014 инҷониб, дар шароити наздик ба буҳронӣ ба сар мебарад.

Дари аксар филиалҳои “Агроинвестбонк” дар минтақаҳо баста аст

Дар идораи марказии бонк дар шаҳри Душанбе танҳо шуморе аз кормандони “Агроинвестбонк”, ки маcъули бозгардонидани қарзҳо ҳастанд, машғули коранд. Дар бозгардони қарзҳо аз “Агроинвестбонк” мақомоти қудратӣ низ ҷалб шудаанд.

Айни замон Додситонии кул ва Оҷонсии мубориза бо фасод барои бозгардони қарзҳои «Агроинвестбонк» машғуланд. Ин ду ниҳоди қудратӣ аллайҳи даҳҳо нафар қарздорони бонк ба суди иқтисодӣ даъво пеш овардаанд, то қарздорон маблағҳоро бозгардонанд.

Ахиран Оҷонсии мубориза бо коррупсия Тоҷикистон аз боздошти нафаре гузориш дод, ки бо истифодаи аз санадҳои 3 шикрат наздик ба 5 миллион доллар аз “Агроинвестбонк” қарз гирифта то ба ҳол боз нагардонидааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода
Файзиддин Қаҳҳорзода

Ба иттилои оҷонсӣ ин нафар Худойдод Зайдуллоев, сокини ноҳияи Ҳисор аст, ки бо истифода аз номи се ширкат, “Сахӣ”, “Навин-2013 ” ва “Наврӯз 04” аз ин бонк ҳудудан 5 миллион доллар қарз гирифтааст, ки дар шароити Тоҷикистон маблағи калон ҳсиоб мешавад.

Маъмурони оҷонсӣ мегӯянд, Зайдуллоев бе мусоидати кормандони худи "Агроинвестбонк" аз ҷумла раиси бонк наметавонист ин миқдор қарзҳои ҳангуфтро ба даст биёрад. Ҳоло муфаттишон амалкардани нозирони қарзии бонкро, ки вазъи пардохтпазирии Зайдуллоев ва ширкатҳояшоро таҳлил накарда ба ӯ қарзи бузургеро додаанд баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.

Мақомдорони блоки иқтисодии Тоҷикистон дар арзёбиҳои хеш дар мавриди ду бонки дучори мушкил шуда ба фарқ аз «Тоҷиксодиротбонк» нисбат ба «Агроинвестбонк» чандон хушбин нест.

"Киштиро аз ғарқшавӣ наҷот дода натавонистанд"

Файзиддин Қаҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, аз ду бонки низомсозе ки дучори мушкил шуда буданд, маъмурияти «Тоҷиксодиротбонк» ба ҷалби сармояҳо аз хориҷа муввафақ шуд, аммо мушкили «Агроинвестбанк» боқӣ мондааст. Ӯ гуфт:

«Дар «Агроинвестбонк» ҳам шӯрои нозирон ташкил шуда ситод доим амал мекунад. Аммо роҳбарияти ин бонк кӯшиш кард, аз ташкилоти молиявии Русия ва Хитой сармоя ҷалб кунад, аммо боз ҳам муваффақ нашуданд».

Муродалӣ Алимардон
Муродалӣ Алимардон

Ишораи вазир ба Муродалӣ Алимардон аст, ки талош дорад аз бонкҳои хориҷӣ барои наҷоти «Агроинвестбонк» сармоя ҷамъ кунад, ки ҳанӯз натиҷа надодаанд.

Муродалӣ Алимардон - раиси собиқи Бонки миллӣ ва муовини собиқи нахуствазир замоне раҳбари «Агроинвестбонк» таъин шуд, ки аллакай ин бонк дар вазъияти наздик ба буҳрон қарор дошт ва дар пардохти ҳудуди 50 фисади қарзҳои додаи бонк таъхир шуда буд.

Сотим Умаров - як иқтисоддон, ки таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалии молиявӣ дорад, мегӯяд Муродалӣ Алимардон ҳамчун «кризис менеҷер» барои ба эътидол овардани вазъи «Агроинвестбонк» дар шароити буҳрон фиристода шуд.

«Аммо ба назар мерасад, ки Алимардонов ҳам наметавонад киштии «Агроинвестбонк»-ро аз ғарқшавӣ наҷот диҳад», мегӯяд ӯ.

Ин таҳлилгар мегӯяд, мушкили «Агроинвестбонк»-ро намешавад бо кӯмакҳои молии якдафъаина аз будҷет ҳал кард.

«Будҷаи кишвар аз зиёд шудани қарзи хориҷӣ ва афзоиши дефитсит зери фишор аст. Бинобар ин, мушкили ин бонк набояд аз роҳи ҷудо кардани пул аз будҷа ҳал шавад. Чун мушкили идораи пурсамари бонк бо ҷудо кардани маблағ аз будҷет ҳал намешавад», гуфт Умаров.

“Агроинвестбонк” яке аз ду бонки бузурги Тоҷикистон аст, ки тайи се соли ахир гирифтори мушкил шуда дар богардонидани пасандози муштариёнаш оҷиз аст. Масъалаи «буду набуди» «Агринвестбанк», ба гуфтаи ҳамсуҳбатони огоҳи Радио Озодӣ, дар баррасии ҳукумат низ ҳаст. Аммо зоҳиран бо назардошти хеле бузург ва бонки низомсоз будани «Агроинвестбонк», ки барҳамдиҳиаш оқибатҳои иҷтимоиро дар пай дорад, ҳукумат дар тасмимгирӣ нисбат ба он хеле мулоҳиза мекунад.

Дар оғоз бонкоматҳои бонк бепул монданд, баъдан маъмурият пардохти маблағро ба як муштарӣ дар як моҳ то 500 сомонӣ маҳдуд шуд.

Айни замон бонк кулли фаъолияти маъмулиашро қатъ карда моҳдармиён ба пасандоздоронаш аз 500 то 1000 сомонӣ маблағро бозмегардонад. Ин дар ҳолест, ки “Агроинвестбонк” дар баробари “Тоҷиксодиротбонк” аз давлат 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ кӯмак гирифта буд.

XS
SM
MD
LG