Додгоҳи Хуҷанд дархости шикоятии як қарздиҳандаро баррасӣ мекунад, ки мехоҳад, дар ивази қарзҳои бознагардонда, амволи қарзгирифтагонро ба ӯ бидиҳанд. Ин дар ҳолест, ки қарзгирифтагон иддао доранд, ки вомҳои худро кайҳо баргардонидаанд, ҳарчанд санади расмӣ ва далели қавӣ барои собит кардани иддаояшон надоранд.
То кунун чанд сокини қарзгирифта аз шаҳрванди рустабори Тоҷикистон хонаҳои худро аз даст додаанд ва кори даҳҳо нафари дигар ба додгоҳ кашида шудааст.
Яке аз онҳо - Дилором Рауфова, сокини шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ ҳамроҳи ду писари бузургсолу ду наберааш дар як хонаи якҳуҷраӣ зиндагӣ дорад. Хонум - Рауфова мегӯяд, ҳоло қарздиҳанда мехоҳад, онҳоро аз хона берун кунанд.
Аз аввал мақсади онҳо бо роҳи қаллобӣ хонаи манро аз худ кардан будааст, ки вақтро кашол дода, хонаамро аз рӯи ваъдаашон ба номам нагузарониданд.
Дилором Рауфова нақл кард, ки соли 2005 аз Алексей Лимонов ном сокине, ки ба ҳама қарзҳои боимтиёз медод, 2 ҳазор доллар бо 6 дар сад суди моҳона қарз гирифт. Дар иваз Рауфова тибқи шарти қарздиҳанда, хонаи зисташро расман ба номи ҳамсари ӯ – Татяна Ховрина сабт кард.
Дилором Рауфова мегӯяд, ӯ ба сабаби зиндагии сахт ночор бо чунин шарт қарз гирифт. Ба ваъдаи қарздиҳанда бовар дошт, ки баъди баргардонидани вом бо судаш хонаашро боз ба номаш мегузаронанд. Рауфова мегӯяд, ӯ тӯли 3 сол қарзашро пурра ба Лимонов баргардонд. Лимонов бемор буд ва бо ваъдаи имрӯзу фардо санади харидуфурӯши хонаи Рауфоваро беэътибор накард ва соли 2008 даргузашт. Акнун зани қарздиҳанда – Татяна Ховрина дар додгоҳ даъво дорад, ки хонаи Дилором Рауфова моликияти ӯст:
“Аз аввал мақсади онҳо бо роҳи қаллобӣ хонаи манро аз худ кардан будааст, ки вақтро кашол дода, хонаамро аз рӯи ваъдаашон ба номам нагузарониданд. Баракс хонаамро Лимонов ба номи занаш гузаронидааст. Акнун зани ӯ - Татяна Ховрина баъди 10 сол ба мо рӯз надода истодааст, мегӯяд, хонаро холӣ кунем.”
Ҷое барои рафтан надорем
Хонум Рауфова мегӯяд, дар манзили якҳуҷрааш ҳамроҳи ду писар, арӯс ва ду наберааш зиндагӣ доранд. Ӯ бознишаста аст ва зиндагиаш аз ҳисоби кӯмаки писарони муҳоҷираш дар Русия мегузарад. Онҳо дигар сарпаноҳе надоранд. Агар додгоҳ аз манзилашон берун кунад, намедонанд, куҷо бираванд.
Моро ходимони милиса аз хонаамон пеш карданд ва чизу чораамонро берун карданд.
Қабл аз ин Фотима Рустамова, сокини дигар Хуҷанд, ки соли 2006 аз Алексей Лимонов 6 ҳазор доллар қарз гирифта, хонаашро ба номи ӯ гузаронида буд, бо қарори додгоҳ хонаашро холӣ кард. Хонум - Рустамова мегӯяд, ӯ 5 ҳазор доллари қарзи гирифтаашро баргардонида, танҳо 1 ҳазораш монда буд.
“Моро ходимони милиса аз хонаамон пеш карданд ва чизу чораамонро берун карданд. Ману шавҳарам ва писараму келинам ҳозир дар як хонаи иҷора зиндагӣ дорем. Ман дар суд гуфтам, ки қарзҳоямро қариб пурра баргардондам ва инро миёнарав ҳам тасдиқ мекунад, аммо ба назар нагирифтанд” - гуфт, Фотима Рустамова.
Муомилаи хаттиву даҳонӣ
Татяна Ховрина, даъвогари аслӣ дар додгоҳ иштирок надорад ва ӯ вакили дифоаш – Наим Турсунов намояндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, дар муомилаи қарздиҳӣ ва кафолат гузоштани хона то замони бозгардонидани қарз мухолифи қонун нест. Ба гуфтаи Наим Турсунов, ин муомила бо ризояти тарафайн сурат гирифтааст, вале қарздорон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи баргардонидани қарзро надоранд, ки барои исботи гуфтаашон ба додгоҳ нишон бидиҳанд
“Як қарздор - муаллимаи забони русӣ (Саломат Турсунова) , дигарашон ҳам дар куҷое кор мекунанд, чӣ тавр бо роҳи қаллобӣ Ховрина манзили онҳоро аз худ мекардааст?” – гуфт ӯ.
Чунки дар он хонаҳо на танҳо худи онҳо, шавҳар, фарзандон, аз ҷумла кӯдакони хурдсол зиндагӣ доранд ва ба он манзил ҳақ доранд. Набояд ҳаққи онҳо ба манзил, ки давлат ҳимоят мекунад, поймол карда шавад.
Ба қавли вакили дифоъ, Татяна Ховрина пас аз марги шавҳараш пулҳояшро аз қарздорон гирифта натавонистааст ва акнун мехоҳад, манзилҳои онҳоро соҳиб шавад.
Чунин хавфи аз даст додани хона ба даҳҳо сокинони маркази Суғд таҳдид мекунад. Уктам Султонов, вакили дифои Дилором Рауфова ва Фотима Рустамова мегӯяд :
“Ба назари ман, шартномаҳои бастаи зерҳимояҳоям бо қарздиҳанда рӯякӣ ва ғайриқонунӣ мебошанд. Бинобар ин барои як иштибоҳи онҳо набояд 40 - 50 сокини қарзгирифта аз хонаҳои зисташон маҳрум карда шаванд. Чунки дар он хонаҳо на танҳо худи онҳо, шавҳар, фарзандон, аз ҷумла кӯдакони хурдсол зиндагӣ доранд ва ба он манзил ҳақ доранд. Набояд ҳаққи онҳо ба манзил, ки давлат ҳимоят мекунад, поймол карда шавад”, мегӯяд, вакили дифоъ ва меафзояд, ки аз додгоҳ мехоҳад, қазияро одилона баррасӣ кунад.
Муроҷиат ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Гурӯҳе аз ин қарздорон дар як номаи дастаҷамъӣ ба унвони раисҷумҳур – Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз онҳо дархост кардаанд, “нагузоранд қарздиҳандае бо роҳи қаллобӣ онҳову фарзандони хурдсолашонро аз манзилаҳои зисташон ба кӯча ронад.” Онҳо бар ивази қарз расман ба ихтиёри қарздиҳанда гузаронидани хонаи худро “иштибоҳ” ва “аз ночорӣ” номидаанд.
Ин афрод навиштаанд, ки қарзҳои худро пурра ё қисман ба қарздиҳанда баргардонидаанд ва шоҳидони зинда доранд ва дуруст нест, хонаи онҳо ба ихтиёри қарздиҳанда гузаронида шавад.
Ин қазияи бисёр печида додрасҳоро низ ба истилоҳ гиҷ кардааст. Эраҷ Ализода, додраси додгоҳи Хуҷанд, ки парвандаро баррасӣ дорад, рӯзи 19 уми июн гуфт, додгоҳ баъди омӯхтани даъвову далелҳои ҷонибҳо ва пурсиши тарафҳову шоҳидон ва ба қавле, “муйро аз хамир ҷудо кардан” қарор қабул хоҳад кард.
Вале то ин замон дар додгоҳҳо алайҳи қарзгирифтагонаш хонум - Ховрина дастболо шуда ва хонаҳои онҳоро гирифтааст. Қарздоронеро, ки ба иддаои худи онҳо, қарзҳояшонро боз гардонидаанд ва ба ваъдаи бесанад бовар карда ва фирефтаи қаллобӣ шудаанд.
Дар Тоҷикистон, ки дониши молии шаҳрвандон зиёд нест, муомилаҳои забонӣ зиёд сурат мегирад ва сипас ба додгоҳу ҷанҷол мекашад.