Сулаймон Вализода – раиси барканоршудаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон – гуфт, ки комилан аз ҳукумат ронда нашудааст ва ба зудӣ корро дар як мақоми “нисбатан поинтар” идома хоҳад дод. Ӯ рӯзи 13-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барканориаш ба моҷарои "дашномдиҳӣ дар як ҷаласаи ҳукумати Фархор" рабт надорад.
Рустам Раҳматзода аз соли 2015 муовини раиси вилояти Суғд буд. Ӯ дар гузашта дар вазифаҳои раиси ноҳияи Айнӣ ва Зафаробод ва раиси ширкати “Барқи Тоҷик” кор кардааст.
"Дар кадом вазифа гузоранд, кор мекунам"
Вализода рӯзи 12-уми декабр, ҳамагӣ баъди ду соли таъйин шудан, аз мақоми раиси ноҳияи Фархор озод карда шуд. Дар фамони раиси ҷумҳури Тоҷикистон сабаби барканории ӯ “гузаштан ба мақоми дигар” гуфта шудааст.
Вале на хадамоти матбуоти президент ва на худи ӯ нагуфтанд, ки Сулаймон Вализода чӣ масъулиятро бар уҳда гирифтааст. Худи Вализода рӯзи панҷшанбе дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, масъулияти наваш аз раиси тозатаъйини ноҳия вобаста хоҳад буд.
“Сабаби аслии барканориро намедонам. Аммо ман комилан ронда нашудаам. Дар ҳукумати Фархор дар вазифаи поинтар фаъолият хоҳам кард. Ин аз раиси нави ноҳия вобаста мебошад. Дар кадом вазифае гузоранд, кор мекунам”, - афзуд ӯ.
Аз қасами зердастон то моҷарои дашномдиҳӣ
Сулаймон Вализода соли 2016 раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъйин шуда буд. Вай пас аз як соли расидан ба ин мақом аз кормандони ноҳия хост, савганд бихӯранд, ки корашонро дуруст анҷом медиҳанд.
Исми Сулаймон Вализода тобистони имсол баъди нашри як навори аудиоӣ дар интернет расонаӣ шуд. Дар баъзе аз ҷойҳои навор “дашномҳои зиште, аз ҷумла ба номи модару хоҳари баъзе аз раисони ҷамоатҳо шунида мешуд”.
Ноширони навор иддао карданд, ки ин садои Сулаймон Вализода дар як ҷаласаи ҳукумати ноҳияи Фархор аст. Аммо Вализода ҳеҷ гоҳ эътироф накардааст, ки дар ҷараёни кор дашном медиҳад. Намояндагони додситонӣ ҳам баъди санҷиши навори аудиоӣ гуфтанд, садое, ки ба Сулаймон Вализода нисбат дода мешуд, “монтажшуда аст”.
Рустам Раҳматзода - раиси нави Фархор
Раиси ҳамакнун собиқи ноҳияи Фархор рӯзи 13-уми декабр гуфт, баъди хулосаи додситонӣ ҳеҷ гоҳ ин мавзӯъро бо ӯ матраҳ накарданд. Ӯ таъкид кард, ки сабаби барканориаш “дашномҳои зишту таҳқиромез ба кормандону мардум нест” ва афзуд “чунин рафтори номатлуб надоштааст”.
Ҳоло Рустам Раҳматзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъйин шудааст. Рустам Раҳматзода аз соли 2015 муовини раиси вилояти Суғд буд. Ӯ дар гузашта дар вазифаҳои раиси ноҳияи Айнӣ ва Зафаробод ва раиси ширкати “Барқи Тоҷик” кор кардааст.
Ноҳияи Фархори Тоҷикистон дар ҷануби Тоҷикистон бо шимоли Афғонистон марзи муштарак дорад. Ҷамъияти ин ноҳия 150 ҳазор нафар буда, дар гузашта сокинонаш бар сари мушкилоти дастрасӣ ба замин ва баҳсҳои дигар аз болои мақомдорон то дастгоҳи иҷроияи президент шикоят карда буданд.