Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз рӯи инсоф хизмат мекунам". Савганди 18 мақомодор дар Фархор


Акс аз як ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон
Акс аз як ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон

Ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Фархор 18 корманди навтаъиншуда ба вазифаҳои гуногуни ҳукумати маҳаллӣ дар ҳузури раиси ноҳия ва кулли мақомоти ҳукумат савганд ёд кардаанд.

Масъулини нави ҳукуматӣ ваъда доданд, ки вазифаи худро “аз рӯи қонун”, “софдилона” ва “аз рӯи инсоф” иҷро хоҳанд кард. Дар ҳоле, ки чунин таҷриба нахустин бор дар сатҳи ҳукумати маҳаллӣ пиёда мешавад, шурӯъ аз соли 2016 аз аъзои ҳукумат ва вакилони порлумон

Савгандёдкунӣ бештар як меъёри ахлоқӣ аст ва ин меъёр то андозае заъиф будани ҷанбаи иҷрои қонунро нишон медиҳад. Ҳар раҳбар бояд пеш аз ҳама аз қонун битарсад

бар пояи қонун тақозо мешавад, ки пеш аз шурӯи кор савганд ёд кунанд, ки кори худро аз рӯи инсоф иҷро мекунанд.

Сулаймон Вализода, раиси ноҳияи Фархор мегӯяд, бо ташаббуси худ тасмим гирифт пеш аз шурӯи кори масъулини нав дар сохтори ҳукумати маҳаллӣ аз онҳо ваъдаи лафзӣ бигирад, ки кори худро софдилона иҷро мекунанд.

Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 7 декабр Вализода гуфт, ки “ин кор ба хотири масъулият эҳсос кардани кормандони ҳукумати маҳаллӣ, ҳумчун хизматчии давлатӣ роҳандозӣ шудааст”.

Ба таъкиди ҷаноби Вализода, дар ин савганд зикр шудааст, ки ҳар корманд бояд вазифаро аз рӯи виҷдон ва содиқона анҷом диҳад, дар назди мардум ва Ватан поквиҷдон бошад:

“Ҳамчун хизматчии давлатӣ ба кор даромадан, масъулият ҳис кардан, илова бар он шахсони муроҷиаткунандаро дуруст қабул кардан, муносибати хуб намудан, вазифаҳое, ки бар зиммаашон гузошта шудааст, онро аз рӯи виҷдон иҷро намудан - дар ин замина ботантана қасам ёд карда корро шурӯъ менамоянд. Ин ташаббусро ман худам дар ҳукумати маҳаллӣ роҳандозӣ кардам”, - гуфт раиси ноҳияи Фархор.

Муқаррароти савгандёдкунӣ дар ҳукумати Фархор дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки чунин таҷриба дар мақомоти давлатии маҳалллӣ пештар вуҷуд надошт.

"Савганд ёд кардам, ки содиқона хизмат мекунам"

Хайриддин Турахонов, 40 сол дорад ва 17 соли кориашро дар мақомоти маҳаллӣ пушти сар кардааст. Вай 8 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар 17 соли корӣ дар мақомот бори аввал савганд ёд мекунад. Турахонов гуфт, ки дар матни савганд – ваъдаи «дӯст доштани ватан, содиқона хизмат кардан ба халқу ватан ва масъулияте, ки дар назди мо гузошта шудааст, зикр шудааст».

Ҷаноби Турахонов, ки дар шуъбаи мемории ноҳияи Фархор ба кор шуруъ кардаст, гуфт: “Ман 17 сол дар мақомот кор кардам, аммо бори аввал савганд ёд мекунам. Барои ман як рӯзи шодӣ ва фаромӯшнашуданӣ аст. Дар савганд дар баробари софдилонаву содиқона хизмат кардан, инчунин гуфта шудааст, ки дар сурати шикастани савганд, аз сӯи ҳукумати маҳаллӣ, ҷазо дода хоҳад шуд.

Таҷлили Наврӯз дар Фархор дар соли 2017
Таҷлили Наврӯз дар Фархор дар соли 2017

Аммо чун мо нав корро шурӯъ кардем, маълум нест, ки дар сурати шикастани савганд чигуна ҷазо дода мешавад. Пас аз савганд ёд кардан, раиси ноҳия моро табрик карда даъват карданд, ки софдилона ба мардум ва давлат хизмат кунем ва савганди худро нашиканем”, - гуфт мусоҳиби мо.

Бархе аз сокинони ноҳияи Фархор аз иқдоми раиси ноҳия истиқбол карданд ва гуфтанд, ки шояд бо чунин шева кори раҳбарони баъзе идораҳо дар ҳукумати маҳаллӣ беҳтар шуда ва ба дарди дили мардум расидагӣ кунанд.

Раисҳо эҳтиёткор мешаванд?

Занҷира Муродова, сокини 45-солаи ноҳияи Фархор мегӯяд, умедвор аст, ки бо ин шеваи қабул ба кор, кормандони ҳукумати маҳаллӣ дар ҷиҳати расидагӣ ба дарду рози мардум масъулияти бештар эҳсос мекунанд: “Мо низ омӯзгор шуда кор мекунем. Шунидем, ки раиси ноҳия одамони навқабул мекардаро ба кор бо савганд ёд кардан қабул мекардааст.

Раис шахсан дар қабулаш ба дарди мардум мерасид, аммо баъзе коргарон ҳеҷ эътибор намедоданд. Шояд бо ин васила рафтори кормандон тағйир кунад, ки «аз болои ман шикоят нашавад, ки савгандшикаста шуда, ҷазо набинам» гуфта софдилона кор кунанд? Аммо вақт довар аст ва нишон хоҳад дод, то чӣ андоза нафароне, ки савганд ёд кардаанд, ба қасамашон содиқ мемонанд”, - гуфт мусоҳиби мо.

Саганд ҳамчун меъёри ахлоқу кори хуби мақомдор?

Аммо бархе коршиносон мегӯянд, ки агар савгандёдкунӣ меъёри санҷиши ахлоқи мақомдор бошад, пас бояд ҷазои он ҳам мушаххас гуфта шавад. Ҷаҳонгир Темиров, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд: “Дар мақомот интизом вуҷуд дорад ва онҳо савганд ёд мекунанд. Аммо гоҳо ба савганди ёдкардаашон агар содиқ намемонанд ва бархеи онҳо даст ба ҷиноят мезананд. Агар ошкор шуд, ҷазояшонро мегиранд”.

То чанд соли пеш аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон танҳо президент баъди пирӯзӣ дар интихобот савганд ёд мекард
То чанд соли пеш аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон танҳо президент баъди пирӯзӣ дар интихобот савганд ёд мекард

Вале коршиносони дигар мегӯянд, ҷорӣ кардани талаботи савгандёдкунии мақомдорон дар шароите, ки кори онҳоро қонунҳои дигар назорат мекунанд, бештар аз методи шарқии кор далолат мекунад. "Савгандёдкунӣ бештар як меъёри ахлоқӣ аст, ки мақомдори давлатиро водор мекунад садоқати худро ба вазифаву кор ва раҳбараш ба унвони як инсони масъул ба намоиш гузорад. Бархе мегӯяд, чунин меъёр то андозае заъиф будани ҷанбаи иҷрои қонунро нишон медиҳад, ки дуруст нест ва ҳар мақомдор бояд пеш аз ҳама аз қонун битарсад, на аз раҳбар", гуфт як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Ноҳияи Фархори Тоҷикистон дар ҷануби Тоҷикистон бо шимоли Афғонистон марзи муштарак дорад. Ҷамъияти ин ноҳия 150 ҳазор нафар буда дар гузашта сокинонаш бар сари мушкилоти дастрасӣ ба замин ва баҳсҳои дигар аз болои мақомдорон то дастгоҳи иҷрояи президент шикоятҳо кардаанд.

XS
SM
MD
LG