Сулаймон Вализода, раиси ноҳияи Фархор, ки ба таҳқири кормандони ҳукумат муттаҳам мешавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ эътироф кард, ки додситонӣ ба санҷиши рафтори ӯ шурӯъ кардааст.
Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ як сабти садоӣ нашр шуд, ки зоҳиран дар ҷаласаи ҳукумати ноҳияи Фархор сабт шудааст. Дар ин навор Сулаймон Вализода бо асабоният ба сари зердастонаш доду фарёд мебардорад ва дар баъзе ҷойи навор “дашномҳои зиште, аз ҷумла ба номи модару хоҳари баъзе аз раисони ҷамоатҳо шунида мешавад. “
Сулаймон Вализода соли 2016 баъди таъйинаш ба мақоми раиси ноҳияи Фархор аз кормандони ноҳия хост, ки савганд хӯранд, ки корашонро дуруст ба анҷом мерасонанд.
Худи Сулаймон Вализода дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҳоло додситонии минтақаи Кӯлоб навори садоиро месанҷад ва ““ҳар рӯз кормандони ҳукумати ноҳия, ҷамоатҳо даъват карда мешаванд ва баёнот медиҳанд”.
Сулаймон Вализода, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ садое, ки дар навори нашршуда дар Фейсбук шунида мешавад “қисман садои ӯ мебошад.” “Садои мушт задан ба мизро тасдиқ мекунам, чунки барои иҷрои масъулият аз ҳар корманди масъул серталабӣ мекунам” - гуфт ӯ.
Сифати садо дар ин навор бисёр бад аст ва раиси ноҳия зимни муроҷиат ба раисони ҷамоатҳо доду фарёд мекунад, ки чаро барои корҳои хайр “дар моҳи Рамазон ба қадри кофӣ фитри рӯза ҷамъ накардаанд. Додситонӣ ҳам аслӣ будани наворро таҳқиқ дорад.
Сулаймон Вализода иддао кард, ки садоро барои бадном кардани ӯ нашр кардаанд, вале нагуфт, ки чӣ гуна афрод ва киву бо кадом ҳадаф мехоҳад, ӯро бадном кунад.
“Агар ба ин сабт диққат кунед, беҳад бад шунида мешавад ва як садои дигар ҳам дар он ба гӯш мерасад. Инро махсус ва барои бадном кардани ман нашр кардаанд” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Рӯзи 18-уми июл намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтанд, ки баъди нашри сабти садо аз ҷаласаи ҳукумати ноҳия дар рӯзи 2-уми июл ба санҷиши он шурӯъ кардаанд. Юсуф Раҳмон, додситони кулл гуфт, агар собит шавад, ки раиси ноҳияи Фархор чунин лаҳнеро дар ҷаласа ба кор бурдааст, нисбати ӯ парванда боз мекунанд.
Аммо Сулаймон Вализода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ба такрор таъкид мекард, ки ӯ дар кор сахтгир аст, вале дашномро дар ҳаққи кормандони ҳукумат ва ё ҷамоат раво надидааст.
“Ҳар моҳ як маротиба ҷаласаи ҳисоботӣ дорам ва аз ҷамоатҳо то сардорони шуъбаву раёсатҳо ҷамъ меоянд ва гузориш медиҳанд. Бемасъулиятӣ ва бепарвоии баъзе масъулон водор мекунад, ки барои ба ҳаракат оварданашон садо баланд кунед ва мушт дар миз бизанед, аммо он ҳақоратҳое, ки аз номи ман нашр шудаанд, алфози ман намебошад ва ҳатто ба забон оварданашон ҷоиз нест” - гуфт, раиси ноҳияи Фархор.
Сулаймон Вализода дар посух ба ин суол, ки худи шумо ҳам дар робита ба санҷиши сабти ҷараёни ҷаласа ба додситонӣ даъват шудаед, гуфт, ки “то ҳанӯз не.”
Як раиси ҷамоати ноҳияи Фархор рӯзи 19 июл ба шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат Сулаймон Вализода сахт талаб мекунад, дар вақти ҷаласаҳои ҳисоботӣ садо баланд мекунад, таҳдиди аз кор хориҷ кардан мекунад, “вале ҳақорат ба номи модар ё хоҳарро нашунидааст.”
“Масалан мо шунидаем, раҳбарони ҷамоатҳоро дашном мекунад ва “танбалу бемасъулияту гурезпову дигару дигар мегӯяд, лекин ба модару хоҳар то ҳол нагуфтааст. Боз намедонам, лекин сахтгир аст” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.
Наворҳои шабеҳ аз суханронии раиси Фархор
Дар гузашта ба дасти Радиои Озодӣ се сабти садоӣ аз ноҳияи Фархор расид ва фиристандаҳои наворҳо мегуфтанд, ки соҳиби садо раиси ноҳия аст. Дар ин наворҳо, ки сифати садоҳо бисёр бад аст, ҷой-ҷой дашномҳое ба унвони модару хоҳар шунида мешавад. Яке аз онҳое, ки ин сабтҳоро ба Радиои Озодӣ фиристода буд, иддао мекард, ки дар воқеъ раиси ноҳия "бисёр дашном ба кор мебарад".
Сулаймон Вализода соли 2016 баъди таъйинаш ба мақоми раиси ноҳияи Фархор аз кормандони ноҳия хост, ки савганд хӯранд, ки корашонро дуруст ба анҷом мерасонанд.
Ӯ дар ҳамон сол гуфта буд, ки “Ҳамчун хизматчии давлатӣ ба кор даромадан, масъулият ҳис кардан, илова бар он шахсони муроҷиаткунандаро дуруст қабул кардан, муносибати хуб намудан, вазифаҳое, ки бар зиммаашон гузошта шудааст, онро аз рӯи виҷдон иҷро намудан - дар ин замина ботантана қасам ёд карда корро шурӯъ менамоянд.”