Сокинони деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор талош доранд ҳарчи зудтар дар остонаи зимистон хонаҳои худро таъмир карда, вориди сарпаноҳи нав шаванд. Мақомот ба мардуми офатзада дар обхезиҳори баҳори имсол ваъда дода буданд, ки хонаҳои онҳоро пурра то моҳи сентябр сохта тамом мекунанд.
50 ба 50
Худам чаҳор ҳазор гирифта кардам, дигараш ҳамааш аз хонаи чаппашудаам аст. Ҳатто патрон ва чароғ насб накарданд, танҳо ин ҷоро андова карданду тамом. Се тиреза оварданд, дигар чизе наоварданд. Дарҳоро нигоҳ кунед
Сайрия Қувватова, сокини деҳаи Сурхоб, ки хонааш дар обхезиҳои баҳори имсол валангор шуда буд, душанбеи 29-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот омада ҳисобу китоб карданд ва дар сохтмони хонааш руҳониён кӯмак кард. Қувватова афзуд, ки дар сохтмони хонааш 50 фоизи хароҷотро мақомот ва 50 фоизи дигарро худаш масраф кард. Ӯ мегӯяд, хонааш пурра ба анҷом нарасидааст ва оҳиста-оҳиста худаш бо қувваи шавҳараш хонаашро таъмир дорад.
“Шукронаи Худо ба ҳаминқадараш, ки омада кумак карданд. Хонаи ман, ки пурра валангор шуда буд, бо сохтмончиён, ки онро руҳониёни ноҳия карданд, маслиҳат кардем, панҷоҳ ба панҷоҳ кардем, то хонаам хуб ва мустаҳкам ояд. Ҳудуди 15 ҳазор сомонӣ ман ва 20 ҳазор зиёдтар бо пули давлат сохтем, аммо то ҳол сохтмон ба анҷом нарасидааст. Акнун худамон оҳиста-оҳиста бо қувваи худ боқимондаашро таъмир мекунем,”- гуфт мусоҳиби мо.
Сокинон барои анҷоми таъмири хонаҳои худ дар ҳоле даст ба кор шуданд, ки аз мӯҳлати ваъдакардаи раиси ноҳия як моҳ гузашт. Ӯ дар як нишасти хабарии тобистони соли ҷорӣ дар посух ба саволи хабарнигорон гуфта буд, ки сохтмони хонаҳоҳои мардуми офатзада то моҳи сентябр пурра ба анҷом расида, сокинон то фасли сармо ба хонаҳои нав ворид мешаванд. Аммо баъзе хонаҳои офатзада дар охири моҳи октябр ҳам ҳанӯз бом надоранд.
Чаро сохтмони хонаҳо то фасли сармо ба анҷом нарасид?
Сулаймон Вализода, раиси ноҳияи Фархор аввали моҳи август зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки аз 16 то 19-уми майи соли ҷорӣ дар пайи боришоти зиёд дар деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалаба 17 хона зарар дид. Вализода афзуд, ки комиссия таъсис дода шуда ва ин комиссия муайян кард, ки аз ин шумор шаш хона ба пуррагӣ ва ёздаҳ хонаи дигар қисман барқарор шудаанд. Ӯ гуфт, боварии комил дорад, то як моҳи дигар сохтмони хонаҳо ба анҷом мерасад.
“Баъди ин мо ба мардум муроҷиат кардем ва ба воситаи имомхатибон дар масҷидҳо ҷомеъ ва панҷвақта ва дар маҳал ҷамоатҳои деҳот вобаста шуданд. Хушбахтона, бо роҳбарии худи раисони маҳал ва инчунин имомхатибони масҷидҳо дар ҳамаи хонаҳо корро оғоз карданд. Ҳоло дар бештари хонаҳо 70 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд ва ба боварии комил гуфта метавонем, ки то давраи сармо, яъне як моҳи дигар корҳоро ба анҷом расонида барои истифодабарӣ ба соҳибонашон месупорем”, - гуфт раиси ноҳия ба хабарнигорон.
Аммо аз ваъдаи раиси ноҳи се моҳ сипарӣ мешавад, вале бархе сокинони деҳаи офатзада мегӯянд, ки хонаҳои онҳоро нимкола барқарор карда, баромада рафтанд ва онҳо низ барои идомаи сохтмон ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷеъ шуданд, вале дар ниҳоят ба сокинон гуфтанд, ки ҳаволаи сохтмон ба худашон аст.
Тару тирезаҳои офатзадаро дубора насб карданд
Тӯрахон Туллаев, сокини дигари деҳаи офатзада дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар хонаи ӯ танҳо чор девораш бардошта шуду хонаро нимкола карда баромада рафтанд. Туллаев гуфт, ки худаш маҷбур шуд, ки барои идомаи сохтмон аз бонк ҳудуди 4000 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, сохтмонро идома диҳад. Ӯ мегӯяд, ки дар як ҳуҷраи танг панҷ нафар хоб аст ва он низ дару тирезаи хуб надорад.
“Худам чаҳор ҳазор гирифта кардам, дигараш ҳамааш аз хонаи чаппашудаам аст. Ҳатто патрон ва чароғ насб накарданд, танҳо ин ҷоро андова карданду тамом. Се тиреза оварданд, дигар чизе наоварданд. Дарҳоро нигоҳ кунед”, гуфт мусоҳиби мо.
Дар пайи боришоти моҳи май дар деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор даҳҳо хона зери об монда чандин хона валангор шуд. Мақомот баъди таҳқиқ маълум карданд, ки ин офати табиӣ ба сокинони ноҳияи Фархор се миллион сомонӣ зарар ворид кардааст. Дар пайи ин мақомот гуфтанд, ки ба ҳамаи сокинони зарардида кумак карда мешавад. Аммо то ҳол сокинон мегӯянд, ки сохтмони хонаҳои онҳо пурра ба анҷом нарасида, сохтмони боқимондаро ба гардани худашон ҳавола кардааст.
Аз сӯи дигар, бархе афроди бетараф мегӯянд, агар соҳибони деҳ одат медоштанд, ки манзилҳои худро аз офати табиӣ бима кунанд, шояд дар ҳолати сар задани фоҷеа, ба онҳо аз ширкатҳои суғурта кӯмак мерасид.