Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Журналистҳо “ҳукумати чаҳорум”-ро аз даст медиҳанд". ВИДЕО


Расонаҳо дар чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мақоми рамзии ҳукумати чаҳорумро аз даст медиҳанд. Ин хулосаи як таҳқиқи Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониёст. Лола Олимова, намояндаи созмон дар Тоҷикистон, гуфт, натиҷаи пажӯҳиши онҳо нишон дод, ки вазъи журналистика дар минтақа хуб нест. Худи рӯзноманигорҳо низ гуфтаанд, ки навиштаҳояшон дигар рӯи тасмимҳои ҳукумат чандон таъсир надорад.

  • Дар Тоҷикистон расман се шохаи ҳокимият – қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ – вуҷуд дорад. Журналистонро ба хотири таъсирашон болои ҷомеа ва мақомот рамзӣ ҳукумати чаҳорум ном мебурданд.
Баъзан мактуби расмӣ талаб мекунанд. Ҷавоби нома ҳатто то як ҳафта ба дастатон намерасад ва мавзуъву ҳодиса аҳамияти худро гум мекунад

"Мавзӯи рӯзро ҳукумат таъйин мекунад"

Назари беш аз 250 журналист аз Тоҷикистону Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон асоси таҳқиқи Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳро ташкил дода, вазъи расонаҳои Осиёи Марказиро дар соли 2017 баён мекунад.

Ҳамин таҳқиқот нишон додааст, ки мавзӯи рӯзро дар бештари кишварҳо ҳукумат таъйин мекунад. Варақаҳои матбуотии идораҳои давлатӣ манбаи аслии хабар ва тафтиши далелҳо шинохта шудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Журналистҳо “ҳукумати чаҳорум”-ро аз даст медиҳанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Одами бе дасту бе по

Бар асоси таҳқиқот, журналистони Осиёи Марказӣ ҳоло худро мунтақиди ҳукумат намепиндоранд, аммо, ба қавли онҳо қобиланд баъзе аз масъалаҳои иҷтимоиро “ҳал” кунанд. Ба қавли коршинос Дмитрий Завялов хабарнигорон дар посух ба пурсишҳои онҳо гуфтаанд, “агар тавони тағйир додани қарорҳоро надоранд, ҳадди ақал зиндагии мардумро дар маҳалҳо ва шаҳрҳо тағйир медиҳанд.”

Коршиносон ба ин назаранд, ки бадтар шудани вазъи озодии баён дар Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя пояҳои ҳукумати чаҳорумро заиф карда ва имрӯз ба як инсони тақрибан бе дасту пое табдил додааст.

Лола Олимова
Лола Олимова

Мушкили дастрасӣ ба иттилои дурусту воқеӣ тайи солҳои охир ба шиддат мушкил шуда, чунин вазъ манбаъҳо ва ҳамсуҳбатҳои “беном”-ро дар расонаҳо афзудааст. Масъулони расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳатто барои тасдиқи як хабар аз идораҳои давлатӣ хабарнигорон ҳафтаҳо бо масъулони он дар тамос мешаванд ва аксари маврид посухи рад мегиранд ё суолашон бе ҷавоб мемонад.

"То ҷавоб медиҳанд, ҳодиса куҳна мешавад"

Афзал Босолиев, хабарнигори телевизиони “Азия”-и шаҳри Хуҷанд, баъзан наметавонад саривақт матлаби худро ба бинандаҳо пешкаш кунад. Ӯ мегӯяд, бештари иттилоъ тасдиқи расмӣ мехоҳад ва гап гирифтан аз даҳони масъулони ниҳодҳои давлатӣ чандон осон нест. Ин “гапгирӣ” гоҳе як рӯзу ду рӯз ва гоҳе бештар аз он идома мекунад.

Бисёре аз онҳо аз интиқоди ошкорои камбудҳои ҷомеа истиҳола карда, бештар вақт дастовардҳои ҳукуматро ташвиқ менамоянд

“Баъзан мактуби расмӣ талаб мекунанд. Ҷавоби нома ҳатто то як ҳафта ба дастатон намерасад ва мавзуъву ҳодиса аҳамияти худро гум мекунад, куҳна мешавад. Вале баъзе вақт метавон бо як занги телефон маълумотро гирифт”, - нақл кард ӯ рӯзи 6-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Аксар журналистони тоҷик ҳоло ҳамин мушкили Афзал Босолиевро доранд. Бархе маҷбур мешаванд, барои фаврӣ расонидани хабари муҳим аз манбаъҳое истифода кунанд, ки аз қазия хабар дошта, аз баёни номашон ҳарос доранд.

"Вазъи дастрасӣ ба иттилоъ муташанниҷ шудааст"

Созмонҳои мудофеи озодии баён мегӯянд, маҳдуд шудани дастрасӣ ба иттилоъ дар Тоҷикистон падидаест, ки давоми чанд сол боз идома дорад ва дар кори журналистон мушкил эҷод мекунад. Дар ҳоле ки як шарти эҷоди ҷомеаи бозу демократӣ фаъолияти озод ва дастрасии бе мушкили матбуот ба иттилоъ ба шумор меояд.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, вазъ дар самти дастрасӣ ба иттилоот дар як соли охир “муташанниҷ шудааст”. Ӯ бар ин бовар аст, ки танҳо бо шикоят ва интиқоди мақомот набояд иктифо кард, “балки ҷомеаи журналистиро мебояд дар доираи қонун роҳҳои ҳамкориро ба онҳо пешниҳод кунад”.

Бо ин ҳол, баъзе журналистон мегӯянд, набояд ба монеаҳое, ки дар пеши роҳашон эҷод шудааст, зуд тан бидиҳанд. “Мегӯянд, ки хабарнигорро агар аз дар биронанд, бояд аз тиреза дарояд. Вақте ба шумо иттилоъ зарур аст, меҷӯед ва бовар дорам, ки меёбед”, - гуфт Афзал Босолиев.

Чанд расона баста шуд, чанд журналист тарки касб кард

Дастрасии иттилоъ ягона монеае нест, ки сари роҳи фаъолияти хабарнигорон меистад ва доираи фаъолияти онҳоро танг ва озодии баён дар Тоҷикистонро маҳдудтар мекунад.

Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии озодии баён, то охири соли 2017 дар Тоҷикистон, чаҳор расонаи хабарии мустақил бо далелҳои мухталиф, аз ҷумла моливу сиёсӣ баста шуда, чанде аз журналистон тарки касбу тарки кишвар кардаанд. Аксарияташон гуфтаанд, ки гузоришҳои интиқодӣ ва фишор ба онҳо сабаб шудааст, ки аз ин рисолати муҳими худ даст бикашанд.

Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 370 нашрияи давлативу хусусӣ ва 11 хабаргузорӣ кор мекунад. Аммо бисёре аз онҳо аз интиқоди ошкорои камбудҳои ҷомеа истиҳола ва бештар вақт дастовардҳои ҳукуматро ташвиқ мекунанд.

Бо назардошти ин ҳама созмони Гузоришгарони бидуни марз имсол Тоҷикистонро дар шохиси байналмилалии озодии баён дар байни 180 кишвар дар мақоми поёни 149-ум гузоштааст. Аммо мақомот чунин раддабандиро намепазиранд ва мегӯянд, вазъи озодии баён дар муоқиса ба кишварҳои дигар агарчӣ олӣ нест, бад ҳам нест.

XS
SM
MD
LG