Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳуров: "Боҷуръат бошед. Дар бораи нафақаву ришва нависед"


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

“Ватанро бо ақли пиру кунд, забони баста ва чашми нобино дӯст доштан мумкин нест. Замони дӯстдории кӯркӯрона гузаштааст. Иди матбуоти тоҷик ба онҳое, ки ақли ҷавону тоза доранд, забонашон гӯёст ва чашмашон мебинад, муборак!” Ин паёми Раҷаби Мирзо, хабарнигори маъруфи тоҷик, дар рӯзи 106-солагии “Бухорои шариф” ва Иди матбуоти тоҷик аст.

"Нафаси матбуоти озодро гулӯгир кардаанд"

Тайи чанд соли охир бар асари мушкили молӣ баъзе нашрияҳо аз фаъолият ва баъзе рӯзноманигорон бекор монданд.

Иди матбуоти тоҷик, ки ҳар сол 11-уми март таҷлил мешавад, имсол на бо нишасти якҷояи журналистону намояндагони мақомот ва натиҷагирӣ аз кори расонаҳо, балки изҳороти ҷудогонаи хабарнигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз ёфт. Абдуазими Абдуваҳҳоб, хабарнигори дигари тоҷик дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, “мегӯянд, дар кишварҳои демократӣ президент кишварро чаҳор сол идора мекунад ва ҳукмронии матбуоти озод беинтиҳост. Аммо дар кишвари мо... нафаси матбуоти озодро гулӯгир кардаанд.”

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

Имсол иди матбуот ба рӯзи якшанбе рост омад ва мақомот гуфтанд, маҷлиси идона 12-уми март баргузор хоҳад шуд. Аммо рӯзи шанбе Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба чанде аз сардабирони нашрияҳо медали 100-солагии матбуотро тақдим кард ва аз он пештар Маҷлиси Намояндагон низ нишасте баргузор намуд.

Раиси порлумон: Масъалаи нафақа ҳаст, фасод ҳаст

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, дар ин нишаст аз хабарнигорон хост, ки фаъолу боҷуръат бошанд ва дар инъикоси мавзуъҳои муҳим саҳм бигиранд. Ӯ гуфт, рӯзноманигорон дар навиштани масъалаҳо набояд тарсанд ва аз ҳеч ҷонибе таҳти фишор қарор нахоҳанд гирифт.

Абдуазими Абдуваҳҳоб
Абдуазими Абдуваҳҳоб

“Баъзе расонаҳое ҳастанд, ки як хабар пайдо мекунанд ва рӯи он сарлавҳаи ҳангоматалабона гузошта, фикр мекунанд, коре барои ҷомеа карданд. Имрӯз дар ҷомеа камбудҳо беҳад зиёд аст. Бибинед, ҳадди миёнаи нафақа 272 сомонӣ ҳаст ва бознишаста танҳо метавонад бо ин маблағ ба ҷои кораш раваду баргардад. Ришватситонӣ аз масъалаҳои муҳими дигари ҷомеа аст. Инъикоси ин ҳама аз журналистҳо ҷуръат мехоҳад”, - афзуд ӯ.

Хабарнигорон хостанд, мабуот аз андоз озод шавад

Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи “Миллат”, дар ин нишаст пешниҳод кард, ки Маҷлиси Намояндагон масъалаи аз андоз озод кардани матбуотро дар миён бигузорад. Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, низ аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кард ва гуфт:

Адолати Мирзо
Адолати Мирзо

“Тайи чанд соли охир бар асари мушкили молӣ бархе аз нашрияҳо аз фаъолият ва рӯзноманигорони ҳирфаӣ бекор монданд. Андозе, ки аз ҳисоби нашрияҳо ба даст меояд, дар баробари молиёти корхонаву ширкатҳое, ки аз пардохти андоз озод шудаанд, хеле ночиз аст. Бекор кардани молиёти матбуот кори сангине ҳам ба назар намерасад.”

Мушкилҳои баъди ҳодисаҳои соли 2015

Матбуоти Тоҷикистон даврони мушкилеро паси сар мекунад. Созмонҳои байналмилалии муҳаққиқи озодии баён низ мегӯянд, дар Тоҷикистон баъди як қатор таҳаввулоти сиёсие назири интихоботи порлумонии моҳи марти соли 2015, ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ва мамнуияти ҲНИТ фазо тағйир ёфт. Дар соли 2016 бо сабабҳои мухталиф ҳадди ақал чаҳор нашрия, аз ҷумла ду расонаи мунтақид баста шуд ва бархе журналистон гуфтанд, дигар дар фазои маҳдудшавии озодиҳои сиёсиву касбӣ ва ҳам дахолати сохторҳои давлатӣ кори худро озодона пеш бурда наметавонанд.

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло

То замони касби истиқлоли Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд. Дар соли 1994 бо пешниҳоди равшанфикрони Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик 11-уми март муқаррар шуд. Ин сана аз чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф” гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG