Бархе аз хабарнигорони тоҷик аз шеваи нишастҳои матбуотии раҳбарони идораҳои давлатӣ шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, нишастҳои матбуотӣ бо ҳузури шахсони аввали вазорату кумита ва оҷонсиҳо, ки ба хотири намоиши шаффофияти корашон соле ду дафъа баргузор мешавад, ба “нишастҳои хабарии бидуни хабар” табдил ёфтаанд.
Агар бе нишасти хабарӣ муроҷиат намоӣ, талаб мекунанд, ки ба таври хаттӣ суолҳоро фиристед. Ҳафтаҳо мегузарад, суол бе ҷавоб мемонад.
- Нишастҳои матбуотӣ дар ним сол як бор ва барои як соат баргузор мешавад. Ин танҳо имконест, ки хабарнигорон рӯ ба рӯ бо мақомот саволи худро матраҳ карда, ҷавоб мегиранд.
"Нишасти хабарӣ тамом, Худо ҳофиз"
Аммо ҳоло тасвиреро, ки мақомот мехоҳанд ҳарчӣ зудтар “як чиз бигӯянд”-у гурезанд, тақрибан дар ҳамаи нишастҳо дидан мумкин аст. Дар баъзе маврид мақомдорон бо ҷумлаи “ман муваззаф нестам, ба ин суол ҷавоб бигӯям” аз пурсиши хабарнигор фирор мекунанд. Ё мегӯянд, “муроҷиат кунанд, мо мебинем. Нигоҳ кунед, як соат шуд. Нишасти хабарӣ тамом, Худо ҳофиз.”
Бархе вазирон ва масъулони оҷонсиҳо талош мекунанд, ки нишасти матбуотиро ба ҷаласаҳои маъмулии рӯзонаи худ табдил диҳанд ва бо ироаи маълумоти соҳавӣ қисми зиёди нишасти хабариро бигиранд. Хабарнигорон мегӯянд, дар ибтидо нишастҳои хабарӣ муфассал сурат мегирифт ва ба суол посухи қонеъкунанда дарёфтан мумкин буд. Вале ҳоло ё вазир ба нишаст намеояд ё бо посухҳои нокомил ва умумӣ нишасти хабариро ба поён мерасонад.
"Ҳафтаҳо мегузарад, суол бе ҷавоб мемонад"
Рӯзи 25-уми январ Хадамоти алоқа ба масъулони чаҳор идораи худ сухан дод ва онҳо то поёни маълумотномаи худ, ки асосан аз рақамҳои умумӣ иборат буд, ним соати муҳлати нишастро кӯтоҳ карданд. Ҳамагӣ барои чанд суол ва посух вақт монду бас. Одили Нозир, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, тайи чаҳор сол аст, дар чунин нишастҳои хабарӣ иштирок мекунад. Ӯ гуфт, масъулони сатҳи аввали вазорату ниҳодҳои давлатӣ кӯшиш мекунанд, аз посух фирор кунанд ва агар ҷавоб ҳам диҳанд, беҳад кӯтоҳ аст.
“Агар бе нишасти хабарӣ муроҷиат намоӣ, талаб мекунанд, ки ба таври хаттӣ суолҳоро фиристед. Ҳафтаҳо мегузарад, суол бе ҷавоб мемонад. Вақте дар нишастҳо суол медиҳӣ, мегӯянд, ин рақамро дар даст надорем ва дертар ҷавоб медиҳем”, - афзуд ӯ.
"Вазироне ҳастанд, ки суолро бе ҷавоб намегузоранд"
Хабарнигорони дигар мегӯянд, вақте масъулони ниҳодҳо кӯшиш мекунанд, нишасти матбуотӣ беранг сурат гирад, ба ин маъност, ки фаъолияти ин ниҳод шаффоф нест ё масъулони он аз вазъи соҳа огоҳӣ надоранд. Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори тоҷик, гуфт, ҷараёни баргузории нишастҳо сатҳи огоҳии вазир ва ё масъули ниҳодро бозгӯ мекунад.
“Раис ё вазире, ки ба худаш бовар дорад, ҳеч гоҳ аз посух ба суолҳо фирор намекунад. Баръакс, мекӯшад, пурра ҷавоб диҳад. Ҳатто аз хабарнигор мепурсад, ки суоли дигаре дорад? Вазироне, ки ба суолҳо посух медиҳанд, албатта, ҳастанд. Ба мисли вазири маориф, вазири корҳои дохилӣ, лекин ба сурати умум аз аксари вазоратҳо бо ҷавобҳои нокомил бармегардем”, - хулоса кард ӯ.
Нишастҳои хабарӣ. Як бор - дар ним сол
Анъанаи баргузории нишастҳои ҳатмии хабарӣ аз соли 2011 амал мекунад. Дар оғоз ҳар сохтори давлатӣ муваззаф буд, ҳар се моҳ дар баробари журналистон аз фаъолиятҳои худ гузориш диҳад. Баъди муддате ин муқаррарот то ду бор дар як сол маҳдуд шуд.
Журналистони расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон мегӯянд, дар шароити маҳдуд будани дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва мақомоти баландпоя, ҳамин нишастҳои матбуотӣ аст, ки имкони матраҳ кардани саволу пурсишҳои муҳимро бо мақомоти кишвар фароҳам меорад. Дар баробари мақомоти сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар манотиқи кишвар ҳам масъулин бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ҳамингуна соле ду бор суҳбат мекунанд.