Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаттара Ҷӯраева гуфт, баъди як сол ба озодӣ мебарояд


Муаттара Ҷӯраева, собиқ барандаи телевизиони давлатити Тоҷикистон, ки соли 2015 бо иттиҳоми қаллобӣ ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд, интизор дорад, ки баъди як сол ба озодӣ барояд. Дар ин бора худи Ҷӯраева дар як сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигори нашрияи “Вечерка” аз дохили зиндон хабар додааст.

Ҳайати журналистони тоҷик, ки ахиран аз зиндони занонаи воқеъ дар шаҳри Норак дидан карданд, аз ҷумла бо Муаттара Ҷӯраева ҳам сӯҳбате анҷом додаанд. М.Ҷӯраева гуфтааст, ки “дар солҳои авҷи шӯҳрату маҳбубият, вақте ҳар сокини кишвар ӯро мешинохт, тавони худро дуруст арзёбӣ карда натавонист”. Ӯ гуфтааст, ки тиҷорати худро дар оғоз хубу муваффақ шурӯъ кард, вале баъд дучори мушкил шуду дар “қарз ғӯтид”.

Муаттара Ҷӯраева дар додгоҳ. 17 марти соли 2015
Муаттара Ҷӯраева дар додгоҳ. 17 марти соли 2015

“Дар зиндон маънои озодиро хуб дарк кардам”, гуфтааст М.Ҷӯраева дар сӯҳбат бо нашрия. Ӯ гуфтааст, ки дар зиндон дар амбори либоси зимистона кор мекунад ва дар давоми ин солҳо ҳунари дӯзандагиву пазандагиро ёд гирифтааст. Дар муддати се соли охир, ҳукми Ҷӯраева бар асоси қонуни афв ихтисор шуда, қарор аст, соли 2019 ба озодӣ барояд.

Муаттара Ҷӯраева, ки бо кори наттоқиаш дар телевизиони давлатӣ шинохта шуду, соли 2005 талош кард депутати Маҷлиси намояндагон ҳам шавад. Вале баъдан ба тиҷорату соҳибкорӣ рӯ овард, аз ҷумла дар Душанбе як ресторан ҳам боз кард, вале билохира ба зиндон афтод. Дар аризаи даъвоии зидди ӯ чандин нафар Ҷӯраеваро дар барнагардондани даҳҳо ҳазор доллар қарз гунаҳгор карданд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо назардошти мӯҳлати дар боздошт нигаҳдорӣ шудани Ҷӯраева дар мӯҳлати марҳилаи пеш аз додгоҳӣ гуфт, ки ӯ бояд 5,7 соли дигар дар зиндон бимонад. Ду фарзанди Муаттара Ҷӯраева дар замони ҳабси ӯ аз ҷониби модараш тарбия мешаванд. Афроди огоҳ мегӯянд, ки зиндагии модару фарзандони Ҷӯраева хеле сангин мегузарад ва даст ба кӯмаки мардум ҳастанд. Дар зиндони занонаи воқеъ дар 50-километрии шаҳри Душанбе, ки дар ҳудуди шаҳри Норак ҷойгир аст, феълан 339 зан ба сар мебаранд, ки нисфи онҳо барои қаллобӣ маҳкум шудаанд.

XS
SM
MD
LG