Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: "Фақат таъриф накунед, камбудӣ вуҷуд дорад"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз хабарнигорон ва бахусус кормандони телевизионҳои кишвар хост, ки ба ҷойи таърифу тавсифи аз ҳад зиёд аз камбудҳои ҷомеа низ бигӯянд. Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи студияи нави телевизиони Суғд гуфт, “афсӯс, ки аз телевизиони марказӣ сар карда, худтаърифкунӣ зиёд аст. Гӯиё дар ҷомеа дигар камбуд вуҷуд надорад. Ин хел нест, давлатдорӣ бе камбуд намешавад.”

"Ба камбудҳо... чашм мепӯшем"

Бархе аз хабарнигорони тоҷик чунин ҷуръатро дар таҳияи гузоришҳои худ надоранд.

Президенти Тоҷикистон гуфт, таърифи аз ҳад зиёд ҷомеа ва мақомотро ба иштибоҳ мебарад. “Фақат таъриф кардан даркор нест. Вақте аз ҳад зиёд худтаърифкунӣ мешавад, мо ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ медиҳем. Мо ба камбудҳо дидаву дониста чашм мепӯшем. Баръакс, камбудҳоро ошкор карда, роҳҳои ҳаллу фасли онро бояд ҷустуҷӯ кунем”, - афзуд раиси ҷумҳур.

  • Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 низ ба Нигора Соҳибова – донишҷӯи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар маслиҳат дода буд, ки ҳангоми фаъолияташ ба тавсифи раиси ҷумҳур ва дигар мақомдорони тоҷик машғул нашавад. Балки, ба гуфтаи ӯ, бештар камбудҳои ҷомеаро ошкор ва мақомдоронро барои ҳалли онҳо маҷбур намояд.

Раиси ҷумҳур ҷуръат кард, журналистон - не?​

Илҳоми Ҷамолиён, раиси бахши Иттиҳодияи журналистон дар вилояти Суғд, ки дар суҳбати президент иштирок дошт, рӯзи 26-уми октябр гуфт, “бархе аз хабарнигорони тоҷик чунин ҷуръатро дар таҳияи гузоришҳои худ надоранд. Аммо президент Раҳмон хеле боҷуръат ва бо далел ин ҳарфҳоро баён карданд.”

Сӯҳроб Рауфӣ
Сӯҳроб Рауфӣ

Сӯҳроб Рауфзода, мудири муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”, гуфт, то ҳол ин шабака аз мушкили мардуму ҷомеа гузориш медод ва баъди изҳороти президент масъаларо ҷиддӣ мегирад.

Аммо таъкидҳои президент дар ҳолест, ки мунтақидон мегӯянд, дар шароити маҳдуд шудани озодии баён дар Тоҷикистон, матбуоти тоҷик ҳарчи бештар аз баррасии масоили дардноки сиёсиву иҷтимоӣ парҳез мекунанд. Гузашта аз ин, хабарнигорон аз маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоъ аз манобеи давлатӣ шикоят доранд.

"Аз ин фурсат истифода кунанд"

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ мегӯяд, ҳарчанд аз изҳори назари ахири Эмомалӣ Раҳмон бӯи “популизм” меояд, ин ҳарфҳо гуфта шудаанд ва ҷомеаи хабарнигориро зарур аст аз он ба нафъи худ истифода кунанд.

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

"Ҷомеаи хабарнигоронро зарур аст, ҳангоми сурати сарпечии мақомдоре аз додани шарҳу иттилоъ онро расонаӣ карда, ба таваҷҷӯҳи мақомоти баландпоя бирасонанд. Дархости президент қонунӣ аст ва хабарнигорон бояд дастҷамъона аз манфиатҳои худ дифоъ кунанд", - афзуд ӯ.

Тоҷикистон аз кишвари "қисман ноозод" ба "ноозод" гузашт

Бори аввал нест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мардум ва мақомдорон мехоҳад, аз ӯ ва мақомот тавсиф накунанд ва ҳолати баръакс пеш меояд.

Қаблан, ӯ хоста буд, ки аксҳояшро аз таблоҳои бузург дар роҳҳову марказҳо барчинанд, вале ҳанӯз ҳам даҳҳо акси раиси ҷумҳур дар таблоҳои бузург насб шуда, ҳангоми сафараш ба минтақаҳои кишвар теъдодашон зиёдтар мегардад.

Тоҷикистон дар оғози имсол дар феҳрасти вижаи созмони байналмилалии Freedom House – Хонаи Озодӣ дар мақоми 13-ум ҷой гирифта буд. Масъулони созмон гуфтанд, ки дар давоми 10 соли охир Тоҷикистон аз гурӯҳи кишварҳои "қисман озод" ба кишварҳои "ноозод" ворид шуд ва аз назари нишондодҳои озодиаш 17 зина поин фаромад.

XS
SM
MD
LG