Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон рисолаҳои илмии чаҳор унвонҷӯро барои ба талабот ҷавобгӯ набудан рад кардааст. Дар ин миён рисолае як унвонҷӯро ба сабаби “аз барномаи антиплагиат нагузаштан” напазируфтаанд ва дархосташ барои додани унвони илмиро ҳам рад кардаанд.
Аз миёни чаҳор нафаре, ки дархосташон барои гирифтани унвони илмӣ рад шудааст, ду нафар аз илмҳои дақиқ ва ду нафар унвонҷӯёни улуми инсонӣ будаанд.
Масъулини Комиссияи олии атестатсионӣ мегӯянд, рисолаи се нафарро барои такмил фиристоданд, аммо рисолаи Нуралӣ Ҳакимов дар бораи «Фарҳанги сохтмонии водии Ҳисор дар асрҳои ХI ва оғози асри XX»- ба куллӣ рад кардаанд. Пажӯҳишгоҳи таърихро ҳам барои қабули чунин рисола огаҳӣ додаанд.
Рустам Муқимов, таърихшиноси тоҷик ва раҳбари илмии Нуралӣ Ҳакимов рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби аслии баргаштани рисолаи шогирдаш “баҳои манфӣ гирифтани кори илмӣ дар барномаи антиплагиат мебошад.”
Имрӯз дар Комиссияи олии аттестатсионӣ рисолаҳои хому хасакӣ намегузаранд. Ман инро бо итминони комил ва боварии том ба шумо мегӯям. Камтар саросемагӣ ва шитобкорӣ кардаанд.
Ба қавли мутахассисон, мувофиқи муқаррарот дар илмҳои гуманитарӣ, аз 70 то 75 дар сади рисола бояд кори худи унвонҷӯ бошад, аммо ба қавли Рустам Муқимов ”ташхиси антиплагиат маълум кардааст, ки кори Ҳакимов аз ин талабот камтар будааст”.
Яке аз муқарризони рисола ҳам навиштааст, ки ҳарчанд кори Нуралӣ Ҳакимов хуб ва зарурӣ аст, аммо унвонҷӯ бояд “манобеи интернетиро, ки дар матни рисола ҳаст, зикр мекард.”
Айни замон Рустам Муқимов кори шогирдашро таъриф кард ва гуфт, ки ба ӯ барои ислоҳи камбудиҳо фурсат надоданд. Рад шудани рисолаҳои унвонҷӯёни тоҷик баъд аз он сурат мегирад, ки дар ду моҳи ахир гузоришҳо дар бораи “асардуздии” донишмандон ва унвонҷӯёни тоҷик зиёд шудааст.
Рисолаҳоро дар ғалбер мебезанд
Абдуҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, рӯзи 25-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин баъд рисолаҳоро пеш аз ҳимоя аз “ғалбер” мегузаронанд ва он рисолаҳоеро қабул мекунанд, ки барои халқ “манфиате дода тавонанд.”
“Имрӯз дар Комиссияи олии аттестатсионӣ рисолаҳои хому хасакӣ намегузаранд. Ман инро бо итминони комил ва боварии том ба шумо мегӯям. Камтар саросемагӣ ва шитобкорӣ кардаанд. Дар инҷо корҳо барои коркарди иловагӣ баргардонда мешавад ва фикр мекунам, ба фоидаи ҳарду тараф мешавад ва ба фоидаи ҳамон рисоланавис ҳам мешавад” - афзуд Абдуҳаким Розиқзода.
Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон дар ҳоле рисолаи чор олими ҷавонро рад мекунад, ки тӯли ду моҳи ахир вазъи илми тоҷик ба яке аз мавзӯъҳои доғ дар расонаҳо табдил ёфтааст.
Бахусус пас аз онки пойгоҳи русии “Диссернет” беш аз 30 олими тоҷикро ба асардуздӣ муттаҳам кард, огоҳон аз роҳ ёфтани ашхоси тасодуфӣ ба илми тоҷик бонги изтироб заданд.
Кор ҳамон вақт пухта мешавад, ки аз назари чанд мутахассиони соҳа гузарад. Баъзеҳо рисола менависанд ва даъво мекунанд, ки мо бояд ҳарчи зудтар ҳимоя кунем.
Таҳлилгарон мегӯянд, агар дар Тоҷикистон воқеан мехоҳанд, аз чунин маъракаи саросарии ба асардуздӣ муттаҳам шудани олимон ҷилавгирӣ шавад, бояд аз оғоз дар додани рисолаҳои илмӣ сахтгир бошанд.
Ниёз Мирзоев, профессор ва раиси Шӯрои диссертатсионии оид ба ҳимояи рисолаҳои риштаи муносибатҳои байналхалқӣ мегӯяд, дар кори додани унвонҳои илмӣ бояд ба касе хотирбинӣ нашавад.
Ба қавли ҷаноби Мирзоев, рисолаҳои илмӣ ҳанӯз аз зинаҳои поёнӣ бо ҷиддият санҷида ва пасон барои ҳимоя пешниҳод шаванд. Профессори тоҷик мегӯяд, аз ҳоло баргаштани рисолаҳои илмӣ паёме аст, ки бояд аҳли илм сари он андеша кунанд.
“Ин кор ҳамаи доираҳои илмии ҷумҳуриро муваззаф месозад, ки рисолаҳоро дар шӯрои илмии навтаъсис ҷиддан мавриди санҷиш ва таҳлил қарор диҳанд. Корҳои хом, норасид набояд дар шуроҳо дифоъ шаванд,”- афзуд Ниёз Мирзоев.
Агар рисолаҳоро месанҷиданд...
Ниёз Мирзоев ба асардуздӣ муттаҳам шудани беш аз 30 пажӯҳишгари тоҷикро ёдовар шуд ва онро доғе барои илми тоҷик арзёбӣ кард. Дар байни ин афрод аз ҷумла мақомоти баландпоя ва аз ҷумла раисони ширкатҳо ва ёварони раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ҳастанд.
Мирзоев мегӯяд, ҳарчанд дар бораи олимони ба асардуздӣ муттаҳам шуда қазоват намекунад, аммо ба қавли ӯ яке аз омилҳои аслии ин кор дар он аст, ки дар зинаҳои поёнӣ рисолаҳо дуруст санҷида нашуданд.
Барои намуна Мирзоев гуфт, пеш аз ҳимоя рисолаҳои номзадиро бояд 8-9 ва докториро то 12-14 нафар аз назар гузаронанд. Талаботе, ки ба қавли ин профессори тоҷик на дар ҳама ҳолат риоя мешавад.
“Кор ҳамон вақт пухта мешавад, ки аз назари чанд мутахассиони соҳа гузарад. Баъзеҳо рисола менависанд ва даъво мекунанд, ки мо бояд ҳарчи зудтар ҳимоя кунем. Ин нодуруст аст, чӣ қадаре, ки доираи мутахассон барои муҳокимаи рисола васеътар ва назарҳо зиёд бошад камбудиҳо камтар мешавад.”
Тайи ду моҳи охир "Диссернет" – як пойгоҳи хусусӣ дар Русия – рисолаҳои бархе аз муҳаққиқони тоҷикро мавриди шубҳа қарор дода, исми 36 номзад ва доктори илмро ба ҳайси нафароне овардааст, ки дар матни рисолаҳои илмии онҳо плагиат ё нишонаҳои асардуздӣ ошкор шудааст. То имрӯз рисолаҳои илмии ду нафар аз ин гурӯҳ бекор ва онҳо аз унвонҳои илмӣ маҳрум шудаанд.
Бархе донишмандон мегӯянд, чунин ҳодисаҳо ба кору обрӯи муҳаққиқоне соя меафканад, ки бо заҳмати зиёд талош мекунанд ҳарфи наверо дар илми тоҷик бигӯянд.