Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Душанбе тифлеро, ки аз кӯча ёфт, ба фарзандӣ мегирад. ВИДЕО


Ҳалимҷон Раҳимов гуфт, ин тифлро шаби 4-уми октябр дар яке аз кӯчаҳои пойтахт ёфтааст
Ҳалимҷон Раҳимов гуфт, ин тифлро шаби 4-уми октябр дар яке аз кӯчаҳои пойтахт ёфтааст

Ҳалимҷон Раҳимов, як сокини 20-солаи шаҳри Душанбе, аз мақомот дархост кард барои ба фарзандхонӣ гирифтани навзоде, ки ӯ аз кӯча ёфтааст, кумак кунанд.

  • Садои гиряи тифли навзод дар соати тақрибан 3-и шаб Ҳалимҷон Раҳимовро, ки аз кор бармегашт, ба як гӯшаи роҳ зери дарахтон бурд. Рӯи хасу хошок навзодеро бо тани луч ва нофи нобурида дид, ки беист гиря мекард. Кӯдакро ба даст гирифта, дар матое печонид ва ба зоишгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе бурд.
Дар се соли охир додгоҳҳои кишвар 48 муроҷиатро барои фарзандхонӣ рад кардаанд. Ба бовари додгоҳҳо, ин афрод имкони молии нигоҳубини кӯдакро надоштанд

"Нофаш нобурида буд"

“Кӯдак лоғар буд, аз сабаби онки дар замин бо рӯяш хобида буд ва хасу хор рӯяшро каме харошидааст. Нофаш нобурида буд, барои ҳамин ҳам бардоштанаш мушкил буд. Дастонаш аз сардӣ кабуд шуда буд. Вақте ба даст гирифтам, зуд аз гиря монд. Ба зоишгоҳ бурдам, нофашро буриданд. Гуфтанд, сиҳатии кӯдак хуб аст”, - нақл кард ӯ рӯзи 16-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҷавони тоҷик, ки як тифлро аз кӯча ёфт, ба фарзандӣ гирифтанист
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Ин ҳодиса рӯзи 4-уми октябри имсол дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рух дод. Бо гузашти тақрибан ду ҳафта Ҳалимҷон Раҳимов мегӯяд, ки фикру хаёли кӯдак аз сараш дур намешавад. Чанд дафъа ба аёдаташ ба таваллудхона рафт, вале ба ҷуз як бор парасторон дигар кӯдакро ба ӯ нишон надоданд.

“Намедонам, чаро. Чанд бори дигар рафтам, мегӯянд, мумкин нест. Сарнавишти ин кӯдак бароям беаҳамият нест. Мисле, ки ба ин тифл дил бастаам”, - мегӯяд ӯ.

Модар розӣ шуд, ки кӯдакро ба фарзандӣ бигиранд

Ҳалимҷон Раҳимов
Ҳалимҷон Раҳимов

Ҳалимҷон донишҷӯи курси дуюм аст. Пас аз дарс дар тарабхонае ба ҳайси пешхидмат кор мекунад. Аз кор ҳар рӯз дери шаб бармегардад ва мегӯяд, баъд аз он ҳодиса аз роҳе, ки кӯдакро ёфта буд, дигар ором гузашта наметавонад. Ӯ медонад, ки тибқи қонун ҷавони 20-сола ва ҳанӯз издивоҷнокарда наметавонад кӯдакро ба фарзандӣ бигирад. Аммо падару модарашро розӣ кардааст, то тифли аз роҳ ёфтаи ӯро ба тарбияи худ бигиранд. Тифли навзод ҳам духтарча аст.

Саодат Раҳимова, модари Ҳалимҷон Раҳимов, чаҳор фарзанд дорад, мегӯяд, ҳоли писарашро дар чанд рӯзи охир дида ва ӯ ҳам ба фикри фарзандхонии тифли партофташуда шудааст.

Ӯ гуфт, “ман ҳам ҳоли писарамро дида зиқ мешавам. Дилаш ба ҳоли кӯдак сӯхтааст. Ҳамеша мепурсад, ки ҳоли кӯдак чӣ шуда бошад. Мо ҳам як бор ба таваллудхона рафтем, ба мо нишон надоданд. Ман гуфтам рафта пурсам, ки кадом санадҳо даркор, то кӯдакро гирем. Шароитамон ҳам бад нест. Агар кӯдакро ба мо бовар кунанд, аз уҳдаи тарбияаш мебароем.”

Ба додситонӣ муроҷиат карданд

Ҳалимҷон бо модараш Саодат Раҳимова
Ҳалимҷон бо модараш Саодат Раҳимова

Хонаводаи Ҳалимҷон Раҳимов дар хонаи заминӣ дар маҳаллаи “7-ум километр” зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи волидон, агар кӯдакро ба онҳо бовар кунанд, аз уҳдаи тарбияи он мебароянд.

Ҳалимҷон Раҳимов мегӯяд, омода аст, барои аз роҳи қонунӣ ба фарзандӣ гирифтанӣ ин кӯдак тамоми талошашро кунад, вале мегӯяд, аз он метарсад, ки то иҷрои ҷараёни мушкили ҷамъоварии санадҳои зарурӣ ва расидани навбати волидони ӯ, кӯдак фарзанди нафари дигаре мешавад. Бо умеди дарёфти кумак ва машварат Ҳалимҷон ба додситонӣ муроҷиат кард, ки парвандаи ин кӯдакро пеш мебарад.

“Ба додситонӣ рафтам, то фаҳмам, ки модари кӯдак ёфт шуд ё нашуд. Ӯ баъди фаҳмидани мақсадам, гуфт, ба мақомот муроҷиат кунам ва дар навбат истем. Аммо тавре фаҳмидам, навбат барои гирифтани фарзандхонӣ хеле зиёд аст ва то расидани навбати ман кӯдак шояд аз даст равад”, - афзуд ӯ.

Талоши мо барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи ин тифл дар таваллудхонаи рақами яки пойтахт натиҷа надод.

Мушкили фарзандхонӣ дар Тоҷикистон

Бино ба омори расмӣ, танҳо дар соли гузашта, ба хонаҳои кӯдакони тобеи Вазорати тандурустӣ 51 кӯдаке қабул шудааст, ки “волидон аз онҳо даст кашидаанд”. Беш аз нисфи ин навзодон кӯдаконе ҳастанд, ки модарашон баъди лаҳзаҳои аввали тавваллуд онҳоро партофтаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар садҳо нафар барои гирифтани ятиме ба фарзандӣ дар навбатанд. Бино ба бархе нишондодҳо теъдоди афроди барои фарзандхонӣ дар навбатбуда ба тақрибан 1000 нафар мерасад.

Дар се соли охир додгоҳҳои кишвар 48 муроҷиатро барои фарзандхонӣ рад кардааст, чун ба бовари додгоҳ, онҳо имкони молии нигоҳубини кӯдакро надоштаанд.

Бар асоси Кодекси оилаи Тоҷикистон, хонаводае, ки мехоҳад, тифлеро ба фарзандӣ гирад, бояд 16 санади таъйиди ҳуввиятро ба ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод кунад. Барои ташвиқи мардум ба фарзандхонӣ соли 2015 порлумони Тоҷикистон муқаррароти ба фарзандӣ гирифтани ятимонро нисбатан осон кард. Аммо сокинон ва афроди бефарзанд мегӯянд, ҳамоно ин ҷараён барояшон мушкил аст ва барои як тифл солҳо бояд навбат истанд.

То ду соли пеш дар кишвар 3900 ятимро ба фарзандӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG