Масъулини Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти Бадахшон рӯзи 15 октябр бо пахши изҳороти видеоие тавассути вебсайти ВКД Тоҷикистон мегӯянд, ки алайҳи сокинони осоишта ҳеҷ амалиёте роҳандозӣ намешавад. Айни замон, дар изҳорот гуфта мешавад, ки афроди ҷинояткор, ки аз итоат кардан ба қонун ва талаби супурдани силоҳ худдорӣ мекунанд, “тибқи талаботи қонунгузорӣ иқдомҳое роҳандозӣ мешаванд".
Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки зарбулаҷали ҳукумати марказии Тоҷикистон ба афрод ва гурӯҳҳои ҷинояткор дар Бадахшон дар заминаи таслим кардани силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва маводи мухаддир ба охир мерасад. Давоми як моҳи охир, баъди интиқоди шадиди президент аз он ки дар вилояти тартибу интизом риоя намешавад, дар вилояти Бадахшон амалиёти ҷамъоварии силоҳ, поккории мошинҳо аз шишаҳои сиёҳ ва мусодираи маводи мухаддир идома дорад. Мақомоти вилоят ва ҳам сохторҳои ҳифзи қонуни маҳалллӣ нав шуданд.
Дар изҳороти мазкур инчунин гуфта мешавад, ки сокинони вилояти Бадахшони Тоҷикистон то ҳол 71 миллион сомонӣ қарзҳои худро ба бонкҳои кишвар бозпас надодаанд