Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО: “Петров ва Боширов” дар Чехия ба думболи Скрипал мегаштанд


“Руслан Боширов” ва “Александр Петров” дар Солсбери. 3 марти соли 2018
“Руслан Боширов” ва “Александр Петров” дар Солсбери. 3 марти соли 2018

Ду шаҳрванди Русия, ки Британия онҳоро ба заҳролуд кардани корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия муттаҳам кардааст, соли 2014 як сафари махфиро дар Чехия анҷом доданд. Ин сафар дар ҳоле буд, ки Скрипал низ дар Чехия ҳузур дошт. Дар ин бора "Радиои Чехия" бо такя ба як манбаи истихборот хабар дод.

Биноба маълумоти радио, Скрипал ҳангоми сафараш бо кормандони хадамоти истихбороти Чехия мулоқот карда роҳҳои ошкор кардани ҷосусҳои Русияро ба онҳо машварат додааст. Ба эътимоди манбаҳои "Радиои Чехия", ин ду нафар, ки Британия онҳоро "Петров" ва "Боширов" муаррифӣ кардааст, аз паси Скрипал пинҳонӣ назорат мебурданд.

Гурӯҳи таҳқиқотии Bellingcat исрор дорад, ки исми "Александр Петров" дар асл Александ Мишкин аст. Мувофиқи маълумоти таҳқиқгарон, ӯ маълумоти олии тиббиро дар яке аз академияҳои ҳарбӣ соҳиб шуда, корманди истихбороти Русия аст. "Руслан Боширов" - гумонбари дуввуми заҳролудшавии Скрипал, корманди истихбороти Русия буда, дар асл Анатолий Чепига ном дорад.

"Радиои Чехия" мегӯяд, шаҳрвандони Русия бо шиносномаҳои Петрову Боширов ба ин кишвар сафар карданд. Петров нимаи моҳи октябри соли 2014 ба Прага омад. Ба гуфтаи журналистони чех, ин сафари шаҳрвандони рус на танҳо дар мадди назари истихбороти ҳарбии Чех буд, балки Маркази миллии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил низ онҳоро таҳти назорат қарор дод.

Мувофиқи малумоти расонаи Neovlivni.cz, солҳои 2010-2014 ёздаҳ дипломати рус бо иттиҳоми ҷосусӣ аз Чехия ихроҷ шудааст. Аммо журналистҳо дар бораи робитаи ихроҷи дипломатҳо бо маълумоте, ки Скрипал ба хадамоти истихбороти Чехия дода буд, иттилоъ надоранд.

XS
SM
MD
LG