Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилрабо Самадова: Ҳамроҳ бо модарони сарбозон мегирям. ВИДЕО


Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Ҳомии ҳуқуқ Дилрабо Самадова аз занони тоҷик хост, ки барои дифоъ аз ҳаққашон талоши бештар кунанд. Ӯ гуфт, “то замоне ки зани тоҷик хушбахт набошад, наметавонад оиларо хушбахт гардонад.” Самадова дар як сӯҳбати ошкоро бо Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми март парда аз зиндагии хусусиаш низ бардошт.

Ҳар шаҳрванд набояд беадолатиро таҳаммул бикунад...

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон бештар ба он хотир дар риштаи ҳуқуқ таҳсил мекунанд, ки дар оянда додситон ё додгустар шаванд. Чаро ҳомии ҳуқуқ буданро интихоб кардед?

Дилрабо Самадова: “Пеш аз ҳама, ба хотири онки падарам ҳуқуқшинос ҳастанд. Ва дувум, бисёр мехостам, ки аз ҳаққи афроди осебпазир ва ниёзманд ҳимоят кунам.”

Радиои Озодӣ: Дар мавриди вуҷуди шиканҷа бо мақомоти умури дохилӣ ва ниҳодҳои дигари интизомӣ ҳамеша даст ба гиребон ҳастед. Аммо ҳамчун як зани заминӣ чӣ зиндагие доред?

Дилрабо Самадова: “Мо, ҳуқуқшиносон, аксар вақти худро паси мизи кор мегузаронем. Вақтҳои берун аз корро дар ҳалқаи пайвандон ва ёру дӯстон сипарӣ мекунам. Барои мисол, имрӯз субҳи худро бо кор шуруъ кардам ва баъдан барои табрикот ба хонаи хешовандон меравам.”

Суҳбати видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Дилрабо ҳамроҳ бо модарони сарбозон мегиряд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:16 0:00

Радиои Озодӣ: Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон формулаи зани муваффақ ба ин тартиб аст, ки ӯ бояд ҳатман соҳиби шавҳар ва фарзанд бошад. Аммо солҳои охир ин қолаб ба оҳистагӣ шикаста мешавад. Ба назари Шумо, то куҷо сохтани “карйера” ба зиндагии шахсии занон халал мерасонад?

Фикр мекунам, ки аз ягон чиз наметарсам.

Дилрабо Самадова: “Хушҳолам, ки давлати озод дорем ва дар он занон метавонанд озод зиндагӣ кунанд, роҳи ҳаёти худро интихоб намоянд. Хоҳанд, соҳиби дониш шаванд ва ё пайи зиндагии оилавӣ гарданд. Худам интихоб кардам, ки аз ҷавонӣ оила барпо намекунам. Ман ин имкониятро дорам ва аз ин хушбахт ҳастам. Аммо дар ташкилоти мо ҳастанд заноне, ки метавонанд ҳам дар оила модар бошанд ва ҳам дар фаъолияти худ муваффақ.”

“Намехоҳам шоҳиди хиёнат ва туҳмат шавам”

Радиои Озодӣ: Чиро дӯст медоред ва баръакс аз чӣ нафрат доред?

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова: Табиатро дӯст медорам ва бисёр вақти худро дар табиат бахусус дар кӯҳсор мегузаронам. Инчунин шеърро дӯст медорам ва дар гуруҳи хурди дӯстон байтбарак ҳам мекунем. Аз беадолатӣ ҳазар мекунам. Бадам меояд, вақте мебинам, ки одамон ҳуқуқи ҳаммилат ва ҳамдинони худро поймол мекунанд ё ҳадди аққал якдигарро хафа мекунанд.

Радиои Озодӣ: Тарси Шумо дар зиндагӣ аз чист?

Дилрабо Самадова: Фикр мекунам, ки аз ягон чиз наметарсам. Зеро ҳама он чизҳое, ки дар ҳаёт ба онҳо дучор мешавем, агар сабри зиёд дошта бошем, метавонем паси сар кунем. Аммо намехоҳам, ки дар ҳаёт шоҳид ё ҷабрдидаи хиёнат ё инки туҳмат шавам. Намехоҳам рӯзе маро ба чизе гунаҳкор кунанд, ки дар ҳақиқат онро накардаам. Афсӯс, ки дар ҷамъияти мо инро зиёд мебинем. На танҳо дар доираи ҷабрдидагон, балки ҳамкасбони мо ҳам бо туҳмат ва фишор дучор шуда, паси панҷара мераванд. Ман, албатта, аз ин рӯзҳои сахт метарсам, лекин ин тарс маънои онро надорад, ки ман ба адолат бовар надорам ва аз ҳифзи ҳуқуқ даст мекашам.”

“Нафароне, ки ҷинояткор унвон мешуданд, ба қаҳрамонӣ расиданд”

Радиои Озодӣ: Агар худи Шуморо ба ҷавобгарӣ кашанд, то куҷо мутмаин ҳастед, ки метавонед аз ҳаққи худ дифоъ намоед?

Аксар вақт талош мекунем, ки корро аз эҳсоси шахсии худ ҷудо намоем.

Дилрабо Самадова: Дар ҳақиқат, ин як таҷрибаи ташвишовар аст. Афсӯс, мо имрӯз шоҳиди он мешавем, ки як гуруҳ ҳомиёни ҳуқуқ паси панҷара рафтаанд ё барои фаъолияти худ зери фишор қарор мегиранд. Аммо фикр мекунам ягон ҳомии ҳуқуқ, ки ба роҳи худ рост аст ва барои пешравии давлату риояи қонун фаъолият мебарад аз ин гуна фишорҳо ба ҳарос наафтода, фаъолияти худро идома медиҳад. Умед дорам, рӯзе адолат барқарор мешавад ва он шахсоне, ки ҳозир барои фаъолияти худ ба ин вазниниҳо дучор шудаанд, ҳуқуқашон барқарор мешавад. Чунки мо чанд дафъа шоҳиди он шуда будем, ки пас аз чанд сол бисёре аз нафароне, ки ҷинояткор унвон мешуданд, ҳатто номашон то унвони қаҳрамонӣ барқарор шуд. Ҳуқуқи инсон барои мо арзиши олӣ дорад ва ба ин хотир ҳомиёни ҳуқуқ ҳатто дар бораи ҳаёти худ фикр накарда, кӯшиш мекунанд адолати поймолшударо барқарор кунанд.

“Ба мо мегӯянд, ки аз дақиқаи аввал адолатро талаб накунед”

Радиои Озодӣ: Беадолатиро чӣ тавр таҳаммул мекунед?

Дилрабо Самадова (нафари аввал аз тарафи рост) бо ҳамкоронаш
Дилрабо Самадова (нафари аввал аз тарафи рост) бо ҳамкоронаш

Дилрабо Самадова: Барои ҳар шаҳрванд беадолатӣ набояд чизи таҳаммулпазир бошад. Новобаста аз касб ва сатҳи дониш бояд таҳаммпулпазирии худро нисбат ба ноадолатӣ ба роҳ намонем. Ҳолатҳои зиёд аст, ки вақте мо ба ҳифзи ҳуқуқи поймолшуда шуруъ мекунем, дар мақомоти давлатӣ мефаҳмонанд, ки бояд каме сабр дошта бошем. Мегӯянд, давлат рӯ ба тараққӣ ниҳодаасту набояд, ки аз дақиқаи аввал ҳатман адолат талаб кунем. Ба мо таъкид мекунанд, ки бигзоред мақомоти давлатӣ бештар фаъолияти худро ба роҳ монанд. Аммо ҳар як ноадолатӣ як чизи хаёлӣ нест ва паси худ як ҳаёт ва бахти инсонро дар худ дорад. Барои ҳамин, таҳаммул карда наметавонем, интизор шуда наметавонем, ки баъди панҷ сол мумкин беҳтар шавад. Мо мехоҳем, ки адолат аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун анъана ба роҳ монда шавад.

Радиои Озодӣ: Сари кор бо бадабахтии мардум, маргу мири сарбозон, латту кӯб, “облава”, ашки модарон... ин ҳама дар хислатҳои Шумо ҳамчун инсон чӣ нақш гузоштааст?

Дилрабо Самадова: Бисёр вақт талош мекунем, корро аз ҳиссиёти шахсии худ ҷудо намоем. Ҳатто, вақте марги сарбозонро мебинем, бояд ба ин ҳамчун парванда муроҷиат кунем. Лекин зан ҳеч вақт барои худ ин хел ҳиссиётро роҳ дода наметавонад. Зеро вақте модарони сарбозон ба назди мо меоянд, наметавонем ба онҳо ҳамчун парванда ё ҳодиса нигоҳ кунем. Албатта, бо онҳо нишаста метавонем гиря кунем.

“Хатти сурх муайян накардаам”

Радиои Озодӣ: Оё Шумо ҳамчун ҳомии ҳуқуқ барои худ ягон чаҳорчӯб ё хатти сурх муайян кардаед?

Лаҳзае аз суҳбати Муллораҷаб Юсуфӣ бо Дилрабо Самадова
Лаҳзае аз суҳбати Муллораҷаб Юсуфӣ бо Дилрабо Самадова

Дилрабо Самадова: Албатта, ин ташвишовар аст, ки мо дар фаъолияти худ пеш аз ҳама дар марвиди бехатарии худ фикр мекунем. Вақте мо муроҷиатҳоро қабул мекунем, нахустин суоле, ки ба фикри мо меояд ин аст, ки агар ман ин парвандаро пеш барам, нисбат ба худи ман чӣ натиҷа ё фишорҳо меояд? Лекин дар оянда умуман фикр намекунам, ки нисбат ба ман чӣ чораҳо андешида мешавад. Чун боварӣ дорам, ки ҳуқуқи инсон универсалӣ ҳаст ва арзиши олӣ мебошад. Набояд барои ҳифзи ҳуқуқи инсон барои худ як чаҳорчӯба кашам, ки ин ҳуқуқро ҳифз мекунам, чун ҳимояи боқии ҳуқуқ барои бехатарии ман зарар мерасонад. Ё инки нисбат ба фалон мақомот ман аризаи шикоятӣ менависам ва нисбат ба дигар мақомот аризаи шикоятӣ навишта наметавонам, чун нисбат ба ман ягон чора андешида мешавад. Агар эътироф кунем, ки ҳуқуқи инсон арзиши олист, набояд чаҳорчӯба кашем. Вақте фишорҳо нисбат ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ зиёд шудаанд, албатта, ин ба он оварда мерасонад, ки фикри бехатарии худ суоли нахустин бошад.

XS
SM
MD
LG