Дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 200 ҷавон довталабона ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, ба саффи артиш пайвастаанд. Ба қавли мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон, дар ин рӯз шумори ҷавонони довталаб барои хидмат дар артиш дар минтақаҳои дигари кишвар низ ба фарқ аз солҳои гузашта бештар ба назар мерасид.
- Ҳар сол баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш сурат мегирад. Дар гузашта сокинон аз даъвати иҷборӣ ба хидмати ҳарбӣ хабар медоданд.
Як сабаби аслии парҳези ҷавонони тоҷик аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ бадрафтории сарбозони собиқадору афсарон бо аскарони навомада гуфта мешавад.
"Имсол теъдоди ихтиёриён зиёд аст"
Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 2-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имсол вазъият фарқ мекунад ва сафи ҷавонони довталаб афзудааст. “Ҳамин тавр, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷавонони сини даъватӣ, ки ихтиёрӣ барои хидмат ба артиш омадаанд, зиёд ҳастанд. Ин имкон медиҳад, ки масъулин ҷавонони беҳтарро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ интихоб кунанд. Нисбат ба солҳои қаблӣ имсол шумораи ихтиёриён хеле зиёд аст”, - афзуд ӯ.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Имтиёз: дар куҷое хостӣ, хидмат кун
Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон афзоиши шумораи ҷавонони доватлаб ба сафи артиши миллиро марбут ба беҳтар шудани шароити хидмати ҳарбӣ, пешниҳоди имтиёзҳо ва таблиғи ҷавонон унвон кард.
Ба ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд, ваъда шудааст, ки метавонанд макону минтақаи хидматро худашон интихоб кунанд ва ҳамчунин агар донишҷӯӣ бахши ғоибонаи донишгоҳе ҳастанд, ҳангоми таҳсил рухсат шаванд. Инчунин, ба гуфтаи Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати мудоифа, “ҷавонони синни даъватие, ки оила ва фарзанд доранд, имкон доранд дар қисму воҳидҳое ҷалб мешаванд, ки ба маҳалли зист ва хонаводаву фарзандонашон наздик аст.”
Наврӯз, ҷавоне, ки имсол дар мавсими баҳорӣ аз як ноҳия довталабона ба хидмат рафт, мегӯяд, барои хидмат Душанберо интихоб кард ва пешниҳоди ӯ ҳам қабул шуд. Наврӯз мегӯяд, аз ҳамсолони дигараш шунидааст, ки дар пойтахт шароити хидмат беҳтар аст.
Даъватнома надоданд, маҷбурӣ бурданд
Ин дар ҳолест, ки солҳои қабл шурӯи даъват ба сафи артиш миёни ҷавонон бо истилоҳи русии “облава” маъруф буд. Бо иллати онки шумораи зиёди ҷавонони қобили хидмат дар артиш сарпечӣ мекарданд, мақомоти интизомӣ ва ҳарбӣ барои иҷрои нақаши даъват ҷавононро аз кӯчаву хиёбонҳо иҷборӣ ба артиш мебурданд.
Умаралии Сафаралӣ, сарбози собиқ, мегӯяд, баъд аз хатми донишгоҳ умуман аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома нагирифта буд ва тавассути “облава” ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуд. Ӯ як сол хидмат кардааст.
Аммо Вазорати дифоъ мегӯяд, афзоиши шумораи ҷавонони довталаб барои хидмат дар артиш дар ин мавсим ба ҷалби иҷборӣ зарурат боқӣ намегузорад.
"Дарди куҳна"-и парҳез аз хидмат
Дар зимн қабл аз оғози мавсими даъват ба сафи артиш мақомоти шаҳру навоҳӣ ва масъулини даъват ба артиш дар ҷаласае дар ҳузури Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки нақшаи даъват ба артишро то ду моҳ тӯл надода, дар кӯтоҳтарин фурсат иҷро намоянд.
Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи артиш ҳатмист ва ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳар сол дар замони даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ мушоҳида мешавад. Ҳарчанд Вазорати дифоъ мегӯяд, ки сарбозонро набояд аз ин роҳ ба артиш баранд, хабари боздошти ҷавонон дар роҳу бозор ва нақлиёт ва бурдани онҳо ба артиш ҳар сол ба матбуот роҳ меёбад.
Яке аз сабабҳои аслии парҳези ҷавонони тоҷик аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳро ҷавонон ҳамоно вуҷуди бадрафтории сарбозони собиқадору афсарон бо сарбозони навомада медонанд. Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ аз охири соли 2016 навишта буд, ки дар муддати солҳои 2014 то 2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.