Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси телевизиони Тулӯъ: "Бахше ҷангҷӯён чашм ба сӯи Осиёи Марказӣ дӯхтаанд" ВИДЕО


Лутфулло Наҷафизода
Лутфулло Наҷафизода

Лутфулло Наҷафизода, раиси телевизиони “Тулӯъ” ва коршиноси масоили амниятии минтақа, гуфт, дар Афғонистон беш аз 20 гурӯҳи шӯришӣ амал мекунад, ки асоси онҳоро шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ташкил медиҳанд. Лутфулло Наҷафизода хатмкардаи Пажӯҳишгоҳи масоили Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Қафқоз ва Муғулистон дар шаҳри Вашингтон аст. Ӯ дар ҳошияи як нишасти “Лидерони ҷавон”, ки бештар аз хатмкардаҳои ин пажӯҳишгоҳ иборат аст, феълан дар Душанбе қарор дорад.

  • Телевизиони "Тулӯъ" расонаи мустақил ва ҷиддӣ дар Афғонистон аст. Барномаҳои хабарӣ ва фарҳангии ин шабака, ки тавассути моҳвора пахш мешавад, дар Тоҷикистон ҳам бинанда дорад.
Тибқи иттилое, ки мо дарёфтем, теъдоди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон қобили мулоҳиза аст. Мо наметавонем дақиқ гӯем, ки чанд нафаранд, аммо зиёданд.

Наҷафизода рӯзи 30-юми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи амниятӣ дар Афғонистон мояи нигаронии ҷиддии онҳост ва бахше аз ҷангҷӯён чашм ба сӯи Осиёи Марказӣ дӯхтаанд. Ӯ гуфт, мавзӯи таҳдидҳои амниятӣ тақрибан 90 дар сади барномаҳои телевизиони хусусии “Тулӯъ”-ро дар бар мегирад ва вазъият, ба назари ӯ, дар чанд соли ахир торафт ҳассосу шикананда шудааст.

“Ҳоло шоҳиди ҳузури гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ва шӯришӣ дар қаламрави Афғонистон ҳастем. Дар моҳи Рамазони гузашта Кобул зиёд хунин буд. Шаҳрвандони бисёре дар ҳодисаҳои террористӣ қурбон шуданд ва аз ҷумла хабарнигорон низ. Як ҳамкори худам ҳам дар як амали террористӣ дар шаҳри Кобул шаҳид шуд, ки исмаш Азизи Навин аст”, - афзуд ӯ.

Навори видеоии сӯҳбат дар инҷост:

Сӯҳбати раиси телевизиони Тулӯъ: "Баъзеҳо ба сӯи Осиёи Марказӣ чашм дӯхтаанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00

Наҷафизода теъдоди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистонро қобили мулоҳиза унвон кард. Раиси телевизиони "Тулӯъ" гуфт, "мо наметавонем дақиқ гӯем, ки чанд нафаранд, аммо зиёданд. Онҳо бо роҳҳои мухталиф, асосан аз тариқи кишварҳои дигар вориди хоки Афғонистон шудаанд. Бархе аз ин афродро ниҳодҳои қудратӣ боздошт ва сипас ба ватани аслиашон истирдод мекунанд."

Наҷафизода мегӯяд, мехоҳад дар бораи ояндаи кишвараш хушбин бошад. Вай мутмаин аст, ки Афғонистон ин рӯзҳои сахтро паси сар карда ва мардум ба зиндагии осоишта хоҳанд пардохт.

Вуҷуди ҷангҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказиву ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ дар сафи шӯришиён дар Афғонистонро дар гузашта мақомоти ин кишварҳо низ тасдиқ кардаанд. Шумори дақиқи онҳо маълум нест ва танҳо гуфта мешавад, ки агар дар гузашта ин ҷангҷӯёни норозӣ аз ҳукуматҳои дунявии кишварҳои худ бештар дар сафи Ҳаракати Исломи Узбакистони вобаста ба Толибон меҷангиданд, дар ин охирҳо онҳо ба гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” гаравидаанд.

Аз ҷумла, дар ҷангҳои моҳи апрели имсол хабар дода шуд, ки дар пайи партоб шудани “супербомба” ба ноҳияи Ачини вилояти Нангарҳор раҳбари тоҷикистонии як гурӯҳи “Давлати исломӣ” Шермуҳаммад Сафаров, маъруф бо лақаби Шери Язгулом ҳамроҳ бо 11 зердасташ, ки онҳо низ эҳтимолан тоҷик будаанд, хабар дода шуд.

Лаҳзае аз сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ Искандари Фирӯз бо Лутфулло Наҷафизода
Лаҳзае аз сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ Искандари Фирӯз бо Лутфулло Наҷафизода

Ба гуфтаи Лутфулло Наҷафизода, пӯшиши таҳаввулоти Афғонистон кори осон нест, зеро ба далели набуди амният хабарнигорон наметавонанд ба ҳамаи минтақаҳо сафар кунанд. Ӯ аз вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшон ном бурд, ки аз назари амниятӣ моҳҳои ахир бахусус осебпазир шудаанд. Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, аз соли гузашта ба ин сӯ дар сархати хабарҳо қарор гирифтааст.

Хабарҳои мухталиф дар бораи таҳти контроли шӯришиён гузаштани бархе вулусволиҳои ин вилоят ва ҳам таҷаммӯи ҳазорҳо ҷангӣ дар ин қаламравҳо хабар додаанд. Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамеша мегӯяд, ки аз вазъ дар марз бо Афғонистон пайгирӣ мекунад ва ҳамеша омода аст ба ҳамлаи эҳтимолӣ посух диҳад.

Лутфулло Наҷафизода хабар дод, ки қарор аст дар ҳафтаи оянда раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биояд ва интизор меравад дар мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон мавзӯи тақвияти ҳамкориҳо барои таъмини амният дар марзи муштарак матраҳ шавад.

Лутфулло Наҷафизода
Лутфулло Наҷафизода

Бо ин вуҷуд, Лутфулло Наҷафизода мегӯяд, мехоҳад дар бораи ояндаи кишвараш хушбин бошад. Вай мутмаин аст, ки Афғонистон ин рӯзҳои сахтро паси сар мекунад ва мардум ба зиндагии осоишта пардохта, журналистони мисли ӯ корашонро озодона иҷро хоҳанд кард. Ба иттилои вай, дар шароити феълӣ дар Афғонистон ҳудуди 60 телевизион, беш аз 200 радио ва садҳо нашрияҳои хусусӣ амал мекунанд ва талош мекунанд аз роҳи фаъолиятҳои касбии худ охирин таҳаввулоти кишварро ба мардум расонанд. "Тулӯъ" яке аз онҳост, ки телевизиони мустақил ва ҷиддӣ дар Афғонистон гуфта мешавад. Дар Тоҷикистон низ ин шабакаро тамошо мекунанд.

XS
SM
MD
LG