Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон


Сӯҳроб Боқиев
Сӯҳроб Боқиев

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки рӯзи 20- уми сентябр дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку – шуруъ шуд, нӯҳ варзишгари тоҷик дар рақобатҳо миёни мардон ширкат меварзанд.

Барои ҷойи аввал 90 ҳазор евро, барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор евро ва барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор евро супурда мешавад.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аввалин шуда Сӯҳроб Боқиев вориди рақобат шуд. Вале ӯ дар вазни зери 60 кило дар даври аввал аз рақибаш Ин Ҳюк Чои аз Куриёи Ҷанубӣ мағлуб гашт.

Дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ 758 варзишгар (460 марду 298 зан) аз 125 кишвари панҷ қораи дунё то рӯзи 27-уми сентябр барои медалҳо, ҷоизаҳои молӣ ва имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2020 дар Токио мубориза мебаранд.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Боку:

Мардон
60 кг

1. ТАКАТО Наохиша (Ҷопон)
2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
3. НАГАЯМА Руи (Ҷопон)
3. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)

Занон
48 кг

1. БИЛОДИД Даря (Украина)
2. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
3. ГАЛБАДРАХ Отгонтсесег (Қазоқистон)
3. ПАРЕТО Паула (Аргентина)

Имрӯз, 21-уми сентябр, ду паҳлавони тоҷик - Наврӯз Каримзод ва Ёқубҷон Боқиев – дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило вориди рақобатҳо мешаванд. Бар асоси қуръакашӣ Наврӯз бо Ҷуан Постигос (Перу) ва Ёқубҷон бо Ҷереми Сайвелл (Малта) қувваозмоӣ мекунанд.

Рӯзи 22-юми сентябр боз ду гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков - дар вазни зери 73 кило ба рақобат мепардозанд. Рақиби Беҳрӯз Лукас Диалло (Букина Фасо) ва рақиби Сомон Ғиёсҷон Бобоев (Узбекистон) мебошанд. Рӯзи 23-юми сентябр Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило бо Стевен Азар (Лубнон) қувва меозмояд.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён рӯзи 24-уми сентябр дар вазни зери 90 кило бо ғолиби ҷуфти Юта Галаррета Виллар (Перу) – Эйле Ле Беау (Конго) рақобат мекунад.

Рӯзи 26-уми сентябр ду гуштигири тоҷик - Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов - дар вазни беш аз 100 кило барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд. Шакармамад бо Якив Хаммо (Украина) ва Темур бо Фредди Фигироа (Эквадор) қувваозмоӣ менамоянд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Боку ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор евро (20800 евро - варзишгар ва 5200 евро - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор евро (12000 евро - варзишгар ва 3000 евро - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро (6400 евро - варзишгар ва 1600 евро - мураббӣ) муқаррар шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор евро (72000 евро - варзишгарон ва 18000 евро - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор евро (48000 евро - варзишгарон ва 12000 евро - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор евро (20000 евро - варзишгарон ва 5000 евро - мураббиён) супурда мешавад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо,ки дар пойтахти Маҷористон –шаҳри Будапешт –баргузор шуд, Тоҷикистонро шаш варзишгар дар сабқати мардон намояндагӣ кард. Саидмухтор Расулов ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило, Садр Боев дар вазни зери 81 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило, Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни зери 100 кило ноком шуда, бе медал монданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG