Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин иддаои бадрафторӣ бо мусалмононро рад кард


Гузоришҳо аз боздошти дастҷамъии ӯйғурҳо ва мусалмонони дигар дар вилояти Шинҷони Чин хашми ҷомеаи байналмилалиро барангехт. Ин вазъ маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро водор кардааст, таҳримҳо алайҳи иддае аз мақомҳои чинӣ ва ширкатҳоро дар он кишвар, ки бо нақзи ҳуқуқи башар иртибот доранд, баррасӣ кунад.

Он чизе, ки Чин эҷод кардааст, на тавқифгоҳ, балки марказҳои фарҳангӣ барои омӯзиши касб мебошад.

Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 14-уми сентябр бо "риёкор" хондани режими Эрон аз "сукути комил"-и Оятуллоҳ Хоманаӣ дар баробари масоили мусалмонҳои ӯйғур дар Чин интиқод кард. Майк Помпео дар паёме дар “Твиттер” раҳбари Эронро муттаҳам намуд, ки то кунун ба боздошт ва ҳабси ҳазорон мусалмони ӯйғур дар Чин ҳеҷ вокуниш надоштааст.

Майк Помпео
Майк Помпео

"Хоманаӣ худро раҳбари ҷаҳони ислом тасвир мекунад, аммо дар ҳоле ки Чин – аз харидорони бузурги нафти Эрон – садҳо ҳазор шаҳрванди мусалмони худро боздошт ва зиндонӣ кардааст, режими ӯ сукути комил ихтиёр кардааст", - навишт Помпео.

Аммо Ши Уйу Ҷун, мудири умуми умури ҳуқуқи башар дар дафтари Шӯрои давлатии иттилооти Чин, рӯзи 14-уми сентябр ба хабаргузории “Ройтерз” гуфтааст, "ин бадрафторӣ нест". Вай афзудааст, "он чизе, ки Чин эҷод кардааст, на тавқифгоҳ, балки марказҳои фарҳангӣ барои омӯзиши касб мебошад."

Ба қавли ин мақоми Чин, дар ин марказҳо одамон барои як ҳафта ва дар баъзе вақт то як моҳ омӯзиш мебинанд. Ӯ афзудааст, дини ислом аз назар Чин як дини хуб буда, аммо тундравони исломӣ душмани муштараки ҳама аст.

“Агар ин роҳ беҳтар нест, пас, шояд ба назаратон беҳтарин роҳ ин бошад, ки бо исломгароён ва тундравони мазҳабӣ канор омад?” – суол гузоштааст ӯ.

Пеш аз ин, созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) гуфта буд, ки Чин як маъракаи густардаи нақзи ҳуқуқи башарро алайҳи ақаллияти мусалмонҳои ӯйғур пеш мебарад. Ин ниҳод, ки қароргоҳаш дар Ню-Йорк аст, дар мавриди ончи боздошти худсаронаи афрод, шиканҷа ва бадрафторӣ аз тарафи ҳукумати Чин дар минтақаи Шинҷон мехонад, гузориш ироа кард.

Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди маҳви табъиз низ дар моҳи августи имсол гуфта буд, ки ӯйғурҳо дар Чин дар марказҳои мубориза бо терроризм нигаҳдорӣ мешаванд.

Минтақаи Шинҷон маҳалли асосии будубоши мусалмонони ӯйғур аст. Ин минтақа дар солҳои охир шоҳиди нооромии маргбор буд ва Пекин дар ин кор асосан ҷангҷӯёни исломии тундрав ва ҷудоиталбонро айбдор донист.

Вале гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ин нооромиҳо натиҷаи сиёсати саркӯбгароёнаи Чин аст.

XS
SM
MD
LG