Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бадахшон яке аз раҳбарони "Туркистони шарқӣ" кушта шуд


Мақомоти афғон мегӯянд, ки дар пайи амалиёти артиши ин кишвар дар вилояти Бадахшон, муовини раҳбари Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ кушта шудааст. Нерӯҳои афғон се рӯз қабл амалиёти густурдаи низомиро дар минтақаи Ҷурми вилояти Бадахшон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат оғоз кардаанд.

Ҷоизаи Чин барои куштани "Мулло Мустафо"

Ба иттилои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ ба нақл аз Ҳаниф Ризоӣ, муовини сухангӯи дивизияи 209-и Шоҳин, дар ин амалиёт ба ҷуз Мустафо Нуми маъруф ба Мулло Мустафо – муовини раҳбари Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ, ҳамчунин шуморе аз ҷангиёни хориҷӣ кушта шудаанд.

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояи Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо ва даргириҳои сахт миёни шӯришиён ва нерӯҳои давлатии Афғонистон шудааст.

Ба гуфтаи Ҳаниф Ризоӣ, кушта шудани Мулло Мустафо, ки Чин барои қатл ё боздошти вай 6 миллион доллар ҷоиза тайъин карда буд, фаъолиятҳои Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва дигар гурӯҳҳои тундрав дар Бадахшонро коҳиш хоҳад дод.

Ӯ афзуд, "кушта шудани муовини раҳбари Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ дар Бадахшон пеши вуруди террористони хориҷиро хоҳад гирифт. Мулло Мустафо як фарди калидӣ буд, ки Чин вайро як таҳдид медонист ва барои куштан ё дастгир шудани вай шаш миллон доллар ҷоиза таъйин карда буд."

Хавфи Чин аз ҷудоихоҳии ӯйғурҳо

Минтақаи Туркистони шарқӣ ё Шинҷон бо шуморе аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Афғонистону Покистон марзи муштарак дорад ва аксаран дар он ӯйғурҳои мусалмон, ки худро туркнажод меҳисобанд, ба сар мебаранд. Ҳукумати Чин ҳамвора аз ҳаракати ба истилоҳ “ҷудоихоҳона”-и ӯйғурҳо бим дорад ва онҳоро ба фаъолиятҳои террористӣ муттаҳам мекунад.

Вазорати дифои Афғонистон ҳам кушта шудани муовини раҳбари Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ дар вилояти Бадахшонро таъйид кард. Генерал Муҳаммад Родманиш ҳамсояи ҷанубии кишварашро ба ҳимоят аз ин гурӯҳҳо муттаҳам намуд ва гуфт, "онҳо аз роҳи Читроли Покистон ба Карон ва Минҷон рафта ва аз онҷо худро ба Вардуҷ ва Ҷурм расонидаанд. Яке аз онҳо Мулло Мустафо аз Чин буд, ки дар амалиёти нерӯҳои афғон аз байн бурда шуд."

Хабари кушта шудани муовини раҳбари Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки дар миёнаҳои моҳи феврал Гулмуҳаммади Бедор, муовини раиси вилояти Бадахшон гуфта буд, ки беш аз 50 узви ин гурӯҳ, ки умдатан ӯйғурҳои минтақаи Туркистони шарқӣ ҳастанд ва дар бахше аз вилояти Бадахшони Афғонистон ҳузур доранд, мехоҳанд ба Чин роҳ ёбанд. Аммо ӯ гуфта буд, ки ҳукумати Афғонистон намегузорад, ки ҷангиёни ӯйгур, ки дар минтақаҳои Вардуҷ, Юмгон ва бахшҳои дигар аз минтақаи Ҷурм ҳузур доранд, ба Чин ворид шаванд.

Ҳамлаи Амрико ба пойгоҳи ҷангиёни ӯйғур

Аз ин қабл, рӯзи 8-уми феврал нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар як эъломияи матбуотӣ гуфтанд, ки қароргоҳи Толибон ва аъзои Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистонро бамборон карданд. Ин эъломия мегуфт, ки ҷангиёни Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ таҳдиде барои Чин ба шумор мераванд ва аз пуштибонии Толибон дар Бадахшон ва саросари минтақа бархӯрдор ҳастанд. Амрико ва Чин Ҳаракати исломии Туркистони шарқиро як созмони террористӣ мехонанд.

Дар идомаи эъломияи нерӯҳои амрикоӣ аз қавли генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи умумии нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон гуфта мешуд, ки ҳеҷ гурӯҳи террористӣ наметавонад дар Афғонистон пойгоҳи амн дошта бошад.

Ҷангиёни тоҷик дар Бадахшон

Ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Амрико ба пойгоҳҳои Толибон дар Бадахшон дар ҳоле сурат гирифт, ки нимаи дувуми моҳи январ мақомоти интизомӣ дар шимоли Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи амалиёти ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар вилояти Бадахшон 15 ҷангҷӯи тоҷики узви гурӯҳи Толибон кушта шуданд.

Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояи Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, тайи солҳои охир шоҳиди нооромиҳо ва даргириҳои сахти миёни шӯришиён ва нерӯҳои давлатии Афғонистон шудааст. Дар гузашта низ чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале маълум нашуд, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд ва ё дубора раҳо гаштанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG