Сардори ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон дар вилояти Бадахшон, генерал Ғуломҳайдари Ҳайдар дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз сафари раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашрафғанӣ ба ин вилоят қарор шудааст, ки дар минтақаи Ҷирм як бригада мустақар карда шавад.
Генерал Ҳайдар мегӯяд, як сол ба ин сӯ гурӯҳи террористони хориҷӣ, аз ҷумла чеченҳо, ӯзбакистониҳо, тоҷикистониҳо, қирғизҳо, уйғурҳо ва қазоқҳо дар мавзеи Даҳанаи Оби Хустак бо аҳли хонаводаашон маскан гирифта, дар он ҷо бо тамринҳои террористӣ машғуланд ва ба посгоҳҳои давлат дар навоҳии атроф ҳамла мекунанд. Ба ақидаи ин фармондеҳи афғон, ҳадафи аслии ин гурӯҳҳ роҳ ёфтан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таъмини қочоқи маводи мухаддир ба воситаи ин кишварҳо ба Русия ва Аврупост.
“Ба ғайр аз ин дар минтақаҳои Курор ва Мунҷон конҳои санги лоҷвард мавҷуд аст, ки аҳолӣ ба истихроҷи ғайрисаноатии он машғул аст ва ин гурӯҳҳо аз тавлиди лоҷвард боҷ мегиранд ва худро таъмини молӣ мекунанд,” – мегӯяд генерал Ғуломҳайдари Ҳайдар.
Ба гуфтаи ин манбаъ, боқимондаҳои ин гурӯҳ ҳоло дар Дараи Хустак паноҳ бурдаанд, вале дастаҳои дигаре дар ноҳияҳои Ҷирм, Юмгон ва қисман Вардуҷи Бадахшон мавҷуданд. Ҳукумати Афғонистон нақша дорад, бу зудӣ зидди ин гурӯҳҳо як амалиёти густардаи амниятиро роҳандозӣ ва манотиқи мазкурро аз ҳузури тундгароён поккорӣ кунад.
Дар ҷангҳои ду ҳафтаи ахир дар ин минтақа ошӯбгарон 18 сарбози артиши Афғонистонро ба қатл расонда, 8 тани онҳоро сар буриданд. Ба гуфтаи генерал Ғуломҳайдари Ҳайдар, 15 нафар аз ситезаҷӯён кушта ва 27 тани дигар захмӣ шудаанд. Аз ҷумла яке аз фармондеҳон ва мураббиёни таркишҳои худкушона Ҳоҷӣ Билол кушта шуда, фармондеҳи дигари маъруф, Умар Ислом аз Тоҷикистон шадидан захмӣ шудааст. 9 нафар аз ҷангӯён асир афтодаанд.
Манобеи афғон шумори умумии ҷиҳодиёни хориҷиро, ки гумон меравад ба воситаи Чатрол аз Покистон вориди Бадахшони Афғонистон шудаанд, то 400 нафар ҳадс мезананд, вале эҳтимол меравад, ин шумора ба маротиб бештар бошад.
Вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо вилояти ҳамномаш дар Тоҷикистон марзи муштарак дорад, то чанд сол пеш яке аз минтақаҳои амн ва ором ба шумор рафта, як соли оир шоҳиди даргириҳои сахт миёни Толибон ва нерӯҳои давлатии Афғонистон мешавад. Дар гузашта низ чанде аз ҷангиёни тоҷик дар ин минтақа аз сӯи нерӯҳои афғон боздошт шуда буданд, вале маълум нашуд, ки онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон таслим шуданд, дар зиндонҳои Афғонистон ба сар мебаранд ва ё раҳо гаштаанд.