Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро дар сар задани низоъ дар сарҳади ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Лайлак гунаҳкор карда, онро аз қабл тарҳрезишуда номид. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки сарҳадбонҳои тоҷик худсарона ба қаламрави он кишвар ворид шудаанд.
Сарҳадбонҳои Тоҷикистон ҳеҷ вақт барои сокинони маҳаллии Қирғизистон мушкил эҷод накардаанд ва эҷод нахоҳанд кард
Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 5-уми июн бо нашри изҳорот гуфт, дар муноқишаи рӯзи гузашта ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро дастгир ва онҳоро латту кӯб кардаанд. Ҳоло марзбонҳои тоҷик озод шудаанд.
“Ҳеҷ вақт ба сокинон мушкил эҷод накардем”
“Дар наворҳое, ки нашр шуд, дидан мумкин аст, низоъ аз тарафи Қирғизистон ва аз пеш тарҳрезишуда буд. Нахустин шуда марзбонҳои қирғиз ба ҳаво тир холӣ карданд. Сарҳадбонҳои Тоҷикистон ҳеҷ вақт барои сокинони маҳаллии Қирғизистон мушкил эҷод накардаанд ва эҷод нахоҳанд кард”, - гуфта шудааст дар изҳорот.
Ҷониби Тоҷикистон, инчунин, Қирғизистонро барои нақзи созишномаҳои имзошуда дар мавриди чигунагии рафтор дар хатти марзи ду кишвар айбдор кардааст. Ба қавли мақомоти Тоҷикистон, таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст.
Кӣ дурӯғ мегӯяд?
Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин изҳорот аз Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам интиқод кард. Ин ниҳод гуфт, Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилои нодуруст паҳн карда, хонандаҳоро ба роҳи ғалат мебарад. Хадамоти матбуоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, изҳороти ҷониби Қирғизистон дар робита ба муноқишаи рӯзи 4-уми июн “ба ҳақиқат рост намеояд”.
Муноқиша аз чӣ сар шуд?
Дар пайи як муноқиша дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак, ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро бо чаҳор автомати “Калашников” ба ҳудуди худ бурданд. Ҳодиса рӯзи 4-уми июн, пас аз он рух дод, ки ду шаҳрванди Қирғизистон хостаанд, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, молу колояшонро ба фурӯш гузоранд. Марзбонҳои тоҷик монеи онҳо шуданд.
Рустам Раҳматзода, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, гуфт, “баъдан сокинон бозгашта, тақрибан 20 нафарро дар як мошин барои муноқиша бо сарҳадбонони тоҷик оварданд.”
Ҷониби Қирғизистон чӣ мегӯяд?
Аммо Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рӯзи 5-уми июн бо нашри як изҳорот дар робита ба ҳодиса гуфт, рӯзи 4-уми июн марзбонони тоҷик аз сарҳади Қирғизистон убур карда, “ба минтақаи маъруф ба майдони футбол, ки ба таври стихиявӣ тиҷорат анҷом мегирад, ворид шуданд”.
Ба иддаои ҷониби Қирғизистон, барои ҳалли ин мушкил марзбонони қирғиз ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуданд, вале низомиёни тоҷик аз иҷрои дархостҳои онҳо сарпечӣ карда ва ба ҳаво тир холӣ карданд. Ба ҳамин далел, ба гуфтаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, сарҳадбонҳои тоҷик боздошт шуданд.
“Гуфтанд, ки Шумо ҳам истифода набаред, мо ҳам”
Мақомоти ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, шоми гузашта мақомоти ду тараф дар маҳалли муноқиша мулоқот кардаанд. Ғайратҷон Гадойбоев, раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача рӯзи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин мулоқот мақомоти марзбонӣ ва ҳукуматҳои маҳаллии тоҷику қирғиз ширкат доштанд.
“Қарор шуд, то дақиқ кардани онки варзишгоҳ ба кадом ҷониб мансуб аст, аз онҳо истифода нашавад. Гуфтанд, ки Шумо ҳам истифода набаред, мо ҳам истифода намебарем”, - афзуд ӯ.
Майдони варзиш ё майдони баҳс?
Ба қавли сокинони наздимазӣ, муноқиша аз он сар задааст, ки сокинони деҳаи Мақсад хостаанд варзишгоҳро ба бозор табдил диҳанд. Майдони варзишӣ дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача яке аз қитъаҳои баҳсӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон мебошад.
Қаблан низ дар онҷо байни сокинони марзӣ сари истифода аз ин варзишгоҳ баҳсу муноқишаҳо сар зада, сарҳадбонҳои қирғиз мардуми Овчӣ-Қалъачаро, ки дар онҷо мусобиқаи футбол доир мекарданд, ронда буданд.
Ин муноқиша дар ҳоле рух дод, ки ҳафтаи гузашта дар натиҷаи ҷанҷолу сангандозӣ дар як маҳаллаи марзӣ дар байни Тоҷикистону Қирғизистон чанд нафар, аз ҷумла раиси як маҳаллаи тоҷикнишин захмӣ шудаанд. Моҷаро рӯзи 31-уми майи имсол байни сокинони ҷамоати Ворухи вилояти Суғд ва маҳаллаи Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон сар задааст, вале ба мақомоти ду тараф муяссар шудааст, ҷанҷолро фурӯ нишонанд.
Хатти номаълуми марз байни Тоҷикистону Қирғизистон
Маъмулан чунин баҳсу муноқишаҳо байни сокинони минтақаҳои наздимарзии Суғду Бодканд сари замину об, ки ҷонибҳо муштаракан истифода мебаранд, баҳору тобистон сар мезанад.
Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.
Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.