Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cангандозӣ барои замин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Муноқиша дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бодканд. 31-уми май.
Муноқиша дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бодканд. 31-уми май.

Дар натиҷаи ҷанҷолу сангандозӣ дар як маҳаллаи марзӣ дар байни Тоҷикистону Қирғизистон чанд нафар аз ҷумла раиси як маҳаллаи тоҷикнишин захмӣ шудаанд. Моҷаро рӯзи 31-уми май байни сокинони ҷамоати Ворухи вилояти Суғд ва маҳаллаи Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон сар задааст, вале ба мақомоти ду тараф муяссар шудааст, ҷанҷолро фурӯ нишонанд.

Сокинони Оқсой мегӯянд, онҳое, ки ҷароҳат бардоштанд, баъди гирифтани ёрии аввалияи тиббӣ рӯзи 1-уми июн ба хонаҳояшон баргаштаанд. Яке аз онҳо Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи “Тоҷикон” будааст.

Ба гуфтаи сокинони маҳалли ҳодиса, муноқишаву ҷанҷол сари истифода аз роҳи байни як маҳалла, ки дар он тоҷикону қирғизҳо канори ҳам зиндагӣ доранд, сар задааст. Ба гуфтаи сокинони Ворух, муноқиша ва сангандозӣ байни гурӯҳи сокинони Воруху Оқсой барои истифода аз роҳи байни ду маҳалла рух додааст.

Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи “Тоҷикон”-и ҷамоати деҳоти Ворух рӯзи 1 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса дар нимаи дуввуми рӯзи панҷшанбе рух дод ва ӯ аз сараш захмӣ шуд ва баъди бастани ҷароҳат аз беморхона ба манзилаш баргаштааст. Ба қавли Ҷӯраев, занозанӣ пас аз он сар зад, ки қирғизҳо бо трактор омада, дар минтақаи баҳсӣ корро шурӯъ карданд.

Инҷо бисёр вақт барои обу роҳу замин ҷанҷол мехезад.
Инҷо бисёр вақт барои обу роҳу замин ҷанҷол мехезад.

"Мо омада пурсидем, ки ин минтақа мавриди баҳс шумо чӣ кор мекунед? Онҳо гуфтанд, ки ин роҳи мост ва баъди кашокаш тақрибан 25 нафар ҷавонони қирғиз ба тарафи сокинони маҳаллаи тоҷикон сангпартоиро шурӯъ карданд. Ҳарчанд ин минтақа баҳсӣ аст, аммо қирғизҳо иддао доранд, ки инҷо ба онҳо тааллуқ дорад",- гуфт Ғафурҷон Ҷӯраев.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ афзуд, сокинони Қирғизистон ба ҳарфҳои сарҳадбонони тоҷик гӯш надодаанд ва танҳо пас аз дахолати намояндагони ҳукуматҳои Исфара ва Ботканд қафо рафтаанд.

Ӯ мегӯяд, сокинони ҷамоати Оқсойи Қирғизистон ду рӯз пеш ҳам хостаанд, худсарона дар қитъаи баҳснок назди деаҳаи Хоҷаи Аъло, воқеъ дар тақрибан 3-километрии Ворух ҳамчун қаламрави худашон кор кунанд. Аммо ба иддаои Ҷӯраев, мардуми ҷамоати Хоҷаи Аъло ба ин кори онҳо монеъ шудаанд.

Қирғизҳо мегӯянд, ҷанҷол ба айби онҳо набуд

Аммо расонаҳои Қирғизистон мегӯянд, ки ҳодиса ҳангоми гуфтӯгу дар бораи дақиқ кардани қитъаи марзӣ рух додааст. Матбуоти Қирғизистон аз қавли Мирлан Қолибеков, додситони ноҳияи Ботканд навиштаанд, ки рӯзи 31-уми май марзбонони қирғизу тоҷик барои дақиқ кардани як роҳе дар марз кор мебурданд, ки аз дохили ҳавлии як қирғиз мегузарад.

Онҳо мехостаанд, тавре шавад, ки роҳ аз дохили ҳавлӣ нагузарад, аммо дар ин миён сокинони Оқсой ва Хоҷа аъло ҷамъ омадаанд ва моҷаро ҳам сар шудааст. Ба гуфтаи Мирлан Қолибеков, дар моҷаро се сокини Ботканд ҳам осеб дидаанд. Сокинони Қирғизистон баръакс ҳамсояҳои тоҷики худро ба "ғасби тадриҷии заминҳояшон" муттаҳам кардаанд.

Онҳо гуфтанд, ки ин роҳи мост ва баъди кашокаш тақрибан 25 нафар ҷавонони қирғиз ба тарафи сокинони маҳаллаи тоҷикон сангпартоиро шурӯъ карданд.

Муноқишаро мақомоти Исфараву Бодканд бегоҳи рӯзи 31-уми май фурӯ нишондаанд ва мардуми ба шӯромадаро ором кардаанд. Меҳринисо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара рӯзи 1-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз макони муноқиша ором аст.

Ӯ афзуд, онҳо бо раиси ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканд гуфтугӯ ва мувофиқа карданд, ки ба хотири роҳ надодан ба муноқишаву ҷанҷолҳо, сокинони ҳар ду тараф минбаъд аз кор дар заминҳое, ки мансубияти онҳо маълум карда нашудааст, худдорӣ кунанд. Ба қавли Меҳринисо Раҳматова аз сокинони Ворух танҳо як нафар аз сараш ҷароҳат бардоштааст, вале ба ҳаёти ӯ хатаре таҳдид намекунад. Ба қавли Меҳринисо Раҳматова, муноқиша ба далели "ҳамдигарнофаҳмӣ" ба вуҷуд омадааст.

Сокинони ҷамоати Ворух ҳам гуфтанд, вазъ дар ҷои муноқиша ором аст, аммо аз эҳтимол дур нест, ҷанҷол боз сар занад, зеро дар ин маҳал чанд ҷойи баҳсӣ вуҷуд дорад, ки ҷонибҳо он қитъаҳои заминро аз они худ медонанд.

"Қирғизҳо гуфтанд, ки ин роҳи мост"

Маъмулан чунин баҳсу муноқишаҳо байни сокинони минтақаҳои наздимарзии Суғду Бодканд сари замину об, ки ҷонибҳо муштаракан истифода мебаранд, баҳору тобистон сар мезанад.

Ҷашнвораҳо барои ба ҳам овардани мардуми ду тарафи марз ҳам кам натиҷа медиҳанд.
Ҷашнвораҳо барои ба ҳам овардани мардуми ду тарафи марз ҳам кам натиҷа медиҳанд.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд.

Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG