Додситонии Бритониё ду шаҳрванди Русияро дар қазияи заҳролудшавии ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтараш Юлия муттаҳам кард. Хадамоти додситонии шоҳигарии Бритониё рӯзи 5-уми сентябр дар як баёния гуфт, Александр Петров ва Руслан Боширов дар “сӯиқасд ба куштор” ва “истифода аз силоҳи кимиёӣ” гумонбаранд.
Ҳукми дастгир кардани ин ду шаҳрванди Русия дар Аврупо содир шудааст.
Сю Ҳемминг, мудири ҳуқуқии Бахши мубориза бо терроризми додситонии Бритониё, гуфт, онҳо истирдоди ду марди гумонбарро аз Маскав дархост нахоҳанд кард, чун, ба гуфтаи ӯ, Конститутсияи Русия таслими шаҳрвандонашро иҷоза намедиҳад.
Ӯ афзуд, “додситонҳо аз бахши зидди терроризм далелҳои ҷамъоваришударо ба назар гирифта, ба ин натиҷа расиданд, ки барои маҳкумият далелҳои кофӣ вуҷуд дорад. Ин ба манфиати ҷомеа аст. Александр Петров ва Руслан Бошировро, ки шаҳрвандони Русия ҳастанд, метавон бо гуноҳҳои зерин – тавтеа барои куштори Сергей Скрипал, кӯшиши қатли Сергей Скрипал, Юлия Скрипал ва Ник Байлей, истифода ва дар ихтиёр доштани “Новичок” бар хилофи қонуни силоҳи кимиёвӣ –муттаҳам кард.”
Бино ба қавли полиси Бритониё, ҳарду гумонбар чиҳилсолаанд. Онҳо ду рӯз қабл аз заҳролудшавии Сергей Скрипал ва духтараш Юлия аз Маскав ба Лондон рафтаанд.
Корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия рӯзи 4-уми марти имсол дар яке аз боғҳои Солсбери дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд. Бритониё мегӯяд, Русия онҳоро бо гази фалаҷкунандаи асаб - "Новичок" заҳролуд кард. Аммо Маскав иттиҳомро рад мекунад.