Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо Қирғизистон пешсаф шуд


Дастаи мунтахаби Қирғизистон пас аз се рӯзи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо дар ҳисоби умумидастаӣ ба ҷойи аввал баромад. Мизбонон ҳамагӣ 43 медал - 15 тилло, 15 нуқра ва 13 биринҷӣ – ба даст овардаанд.

Русия бо касби 24 медал (11-5-8) дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 32 медал (9-9-14) дар ҷойи севум қарор доранд. Ба шашгонаи беҳтарин, инчунин Туркманистон бо касби 18 медал (8-3-7), Эрон бо касби 8 медал (4-1-3) ва Украина бо касби 8 медал (3-3-2) дохиланд. Узбекистон бо касби 19 медал (2-5-12) дар зинаи ҳафтум ҷойгир шудааст.

Баъди се рӯзи рақобатҳо варзишгарони 24 кишвар соҳибони медалҳо гардида, намояндагони 12 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин Литва як медали тилло, Озарбойҷон 13 медал (5 нуқра ва 8 биринҷӣ), Гурҷистон ва Молдова дутоӣ медали биринҷӣ, Арманистон ва Эстония яктоӣ медали биринҷӣ гирифтаанд.

Севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо, ки 2-юми сентябр дар аспрез ё ипподроми деҳаи Бактуу-Долонтуи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон оғоз шуд, то рӯзи 8-уми сентябр идома хоҳад кард.

Дар қувваозмоиҳо 1,5 ҳазор варзишгар аз 66 кишвари дунё ва 11 минтақаи Русия ширкат доранд. Варзишгарон барои 594 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд. Ҷавоизи умумии бунёди Бозиҳои III ҷаҳонии кӯчиҳо 28 млн сомро ташкил медиҳад.

Қирғизистон дар ҳар ду сол Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳоро мизбонӣ мекунад. Чаҳор сол пеш нахустин бозиҳои кӯчиҳо баргузор шуда буд. Он замон дар бозиҳо намояндагони 19 кишвар ширкат доштанд. Дар дувумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо, ки моҳи сентябри соли 2016 дар Чолпон-Отаи Қирғизистон доир шуд, намояндагони 52 кишвар иштирок карданд.

Барномаи севумин Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо куллан шомили 31 риштаи мусобиқоти варзишӣ мебошад. Аз ҷумла асптозӣ, мусобиқоти асп, варзишҳои размӣ, бозиҳои суннатии миллӣ, мусобиқоти тирандозии камонварон, рақобатҳои гунаҳои суннатии шикор, бозиҳои суннатии зеҳнӣ шомили ин барнома аст.

XS
SM
MD
LG