Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ ба "Золотая корона" ва "Юнистрим" иҷозаи фаъолият дод


Бонки миллии Тоҷикистон якбора ба се низоми интиқоли пулӣ, ки бештар муҳоҷирон тариқи онҳо маблағ мефиристанд, иҷозаи фаъолият дод. Низомҳои интиқоли пулии "Золотая корона", "ЮНИСТРИМ" ва CONTACT ҳамакнун ҳаққ доранд, то се сол дар Тоҷикистон фаъолият кунанд.

"Низомҳои интиқол шартҳои БМТ-ро қабул карданд?"

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 31-уми август гуфтанд, тасмим дар бораи иҷозаи фаъолият ба се низоми интиқолии маблағ аз ҷониби Раёсати ин бонк гирифта шудааст.

Ин се низоми интиқоли маблағ аз воситаҳои аслии интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон аст.

Манбаъ мегӯяд, низомҳои "Золотая корона", "ЮНИСТРИМ" ва CONTACT ба Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ворид шуда, бонк ва ташкилотҳои қарзӣ метавонанд бо онҳо ҳамкорӣ намоянд.

Се низоми интиқоли пулӣ, ки ба тозагӣ дар Тоҷикистон иҷозаи фаъолият дарёфт карданд, ҳарсе ба бонкҳои Русия тааллуқ доранд. Ин низомҳо қаблан низ фаъол буданд, аммо дар пайи муқаррароти нави Бонки миллӣ дар назди системаҳои интиқолӣ пулӣ дар кори бархе онҳо мушкилот пайдо шуд.

Се шарти Бонки миллӣ

Бонки Миллӣ дар назди системаҳои интиқоли пул аз 18-уми апрели соли равон се шарте гузошт, ки яке аз онҳоро бояд иҷро кунанд, вагарна аз ҳаққи интиқол додани пул ба Тоҷикистон маҳрум хоҳанд шуд.

Якум, дар суратҳисоби бонкҳои Тоҷикистон маблағи на камтар аз гардиши якрӯзаи пулҳои интиқолиро амонат гузоранд, дувум, аз бонке, ки рейтинги уствори на камтар аз дараҷаи ВВВ-ро дорад, пешниҳод кунанд ва савум дар ширкатҳои суғуртаи Тоҷикистон маблағҳои ба кишвар интиқолмеёфтаро суғурта намоянд.

Масъулини Бонки Миллӣ қаблан гуфта буданд, ки ин иқдом ба хотири ҳифзи манфиати бонкҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Чун ҳангоми касод шудани ду системаи интиқоли пул -- "Мигом" ва "Лидер" қарзашонро дар назди бонкҳои Тоҷикистон то ҳанӯз пардохт накардаанд.

Бонки Миллӣ иддао дорад, ки варшикаста шудани ин системаҳо ба устувории молии бонкҳои Тоҷикистон метавонад зарба занад ва аз ин рӯ бонк иҷрои чунин чораҳои бехатариро талаб дорад.

Баъди ҷорӣ шудани ин муқаррарот, масъулини бархе низомҳои интиқолӣ пулӣ ба мисли "Юнистрим" нигаронӣ карданд, ки бонкҳои Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо онҳо худдорӣ мекунанд. Ҳарчанд мақомоти БМТ инро рад карда буданд.

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон то ҳол дар ин робита ягон шарҳе надодаанд. Аз ҷумла маълум нест, ки низомҳои интиқоли пулии "Золотая корона", "ЮНИСТРИМ" ва CONTACT кадом шартҳои Бонки миллиро қабул кардаанд.

"Интиқоли маблағи муҳоҷирон осон шуд?"

Ин се низоми интиқоли маблағ аз воситаҳои аслии интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон аст.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, солона дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик фаъолият мекунанд ва ба кишвар соле бештар аз 2 миллард доллар маблағ мефиристанд. Маблағҳои муҳоҷирон чархаи асосии иқтисоди Тоҷикистон ном бурда мешавад.

Дар ҳоле, ки низомҳои интиқоли пул ва Бонки Миллӣ масъулиятро ба дӯши бонкҳои хусусӣ ҳавола мекунанд, даҳҳо сокини Тоҷикистон бо шеваи маъмулӣ ва осон пули фиристодаи наздикони худро гирифта наметавонанд.

Тоҷикистон яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки иқтисодаш пойбанди пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст. Сатҳи некӯаҳволии ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон ҳам аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон вобаста аст.

XS
SM
MD
LG