Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се шарт. Қатъи ҳамкории бонкҳои Тоҷикистон бо "Юнистрим"


Аксарияти бонкҳои хусусӣ дар Тоҷикистон аз интиқоли пул тавассути низоми “Юнистрим” (Unistream) даст кашидаанд. Дар идораи марказии бонки “Юнистрим”, ки низоми интиқоли пул ҳам ба шумор меравад, рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бисёре аз бонкҳои Тоҷикистон бо ин система дигар ҳамкорӣ намекунанд.

Фиристодани пул масъалаи дохилии бонкҳо ва системаҳои интиқоли пул аст.

Бонки Миллӣ: Ҳеҷ дахолат надорем

Анна Шеглова, як масъули системаи “Юнистрим”, гуфт, “нахуст “Эсхата” ва “Агроинвестбонк” аз интиқоли пул тавассути системаи мо даст кашиданд. Баъдан бонкҳои тиҷоратии дигари Тоҷикистон ҳамкориро қатъ карданд. Сабаби аз ҳамкорӣ даст кашидани ин бонкҳоро мо намедонем.”

Ин намояндаи бонк гуфт, айни замон муштариёни “Юнистрим” танҳо аз “Амонатбонк”, “Спитаменбонк” ва ташкилоти хурди қарзии “Ҳумо” метавонанд пулҳои интиқолии худро дастрас кунанд.

Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон

Мавҷуда Ҳасанова, роҳбари хадамоти матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Бонки Миллӣ ба кори ин системаи интиқоли пул ҳеҷ монеа эҷод накардааст. “Фиристодани пул масъалаи дохилии бонкҳо ва системаҳои интиқоли пул аст. Ин масъала бо шартномаи байни худи бонки тиҷоратӣ ва системаи интиқоли пул ҳаллу фасл мешавад ва Бонки Миллӣ дахл надорад”, - афзуд ӯ.

Ҳам дар наъл мезананд, ҳам дар пошна?

Дар ҳоле ки низомҳои интиқоли пул ва Бонки Миллӣ масъулиятро ба дӯши бонкҳои хусусӣ ҳавола мекунанд, даҳҳо сокини Тоҷикистон бо шеваи маъмулӣ ва осон пули фиристодаи наздикони худро гирифта наметавонанд. Маҳмадуло Зарипов, як муҳоҷири кории тоҷик аз шаҳри Перми Русия мегӯяд, се рӯз қабл ба хонаводааш дар Тоҷикистон пул фиристод, аммо наздиконаш барои гирифтани он ду рӯз сарсон шуданд.

Зарипов мегӯяд, барои табобати тифлаш хонавода таъҷилӣ ба пул ниёз дошт, аммо завҷааш пас аз ду рӯзи сарсонӣ аз “Амонатбонк” тавонист пули ба сад заҳмат ба даст овардаи ӯро бигирад. “Дар бонк рубли фиристодаи моро ба сомонӣ медиҳанд. Қурби 1000 рубл расман 146 сомонӣ аст. Дар бонк ба мо 143 соомнӣ ҳисоб карда додаанд. Ҳол онки аз ин ҷо фоизи интиқоли пулро медиҳем, боз дар онҷо ба қурби паст пули моро медиҳанд. Аз ҳар ҳазор рубл се сомонӣ зарар мебинем. Агар барои бонкирҳо ин пул нест, барои мо ин хеле пул аст”, - гуфт ӯ.

Бонкҳо: Мушкил пас аз қарори Бонки Миллӣ рӯ зад

Масъули равобити хориҷии яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, бонкҳо аз ҳамкорӣ бо системаҳои интиқолӣ пул сарпечӣ накардаанд, балки талаботи охири Бонки Миллӣ чунин мушкил эҷод кардааст. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, эҳтимол дар ояндаи наздик “дигар системаҳои интиқоли пул низ ба ҳамин мушкил дучор шаванд”.

Бонки Миллӣ дар назди системаҳои интиқоли пул аз 18-уми апрели соли равон се шарте гузоштааст, ки яке аз онҳоро бояд иҷро кунанд, вагарна аз ҳаққи интиқол додани пул ба Тоҷикистон маҳрум хоҳанд шуд:

  • Дар суратҳисоби бонкҳои Тоҷикистон маблағи на камтар аз гардиши якрӯзаи пулҳои интиқолиро амонат гузоранд;
  • Аз бонке, ки рейтинги уствори на камтар аз дараҷаи ВВВ-ро дорад, пешниҳод кунанд;
  • Дар ширкатҳои суғуртаи Тоҷикистон маблағҳои ба кишвар интиқолмеёфтаро суғурта намоянд.

Чаро чунин тасмим гирифтанд?

Бонки Миллӣ мегӯяд, ин иқдом ба хотири ҳифзи манфиати бонкҳои Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст. Чун ҳангоми касод шудани ду системаи интиқоли пул – “Мигом” ва “Лидер” – қарзашонро дар назди бонкҳои Тоҷикистон то ҳанӯз пардохт накардаанд. Бонки Миллӣ иддао дорад, ки варшикаста шудани ин системаҳо ба устувории молии бонкҳои Тоҷикистон метавонад зарба занад ва аз ин рӯ бонк иҷрои чунин чораҳои бехатариро талаб дорад.

Тоҷикистон яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки иқтисодаш пойбанди пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст.

Аммо масъулони чанде аз ширкатҳои интиқоли пул иҷрои бархе аз ин талабҳои Бонки Миллиро ғайриимкон ва бархеи дигарро гарон арзёбӣ мекунанд. Марат Муллогалиев, намояндаи системаи интиқоли пули “Blizko”, дар суҳбат бо нашрияи “Ведомости”-и чопи Маскав гуфтааст, амонатгузорӣ дар бонкҳои Тоҷикистон “риск”-и бузург аст. Масъулони низоми “Золотая корона” гуфтаанд, ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон хеле бузург аст ва дар бонкҳои Тоҷикистон амонат гузоштани ҳаҷми якрӯзаи пулҳои интиқолӣ, ки бинобар бархе ҳисобҳо метавонад то ба 450 миллион рубл бирасад, хеле душвор хоҳад шуд.

Талаби “миёншикан”

Дар ҳар сурат масъулони ҳама системаи интиқоли пул бар инанд, ки талаботи нави Бонки Миллӣ хароҷоти онҳоро зиёд мекунад ва ин метавонад боиси гаронтар шудани комиссияи интиқоли пул ба Тоҷикистон шавад, ки бар зиёни мардум аст.

Тоҷикистон яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки иқтисодаш пойбанди пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст. Сатҳи некӯаҳволии ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон ҳам аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон вобаста аст.

Дар соли 2017 муҳоҷирони кории тоҷик танҳо аз Русия тариқи бонкҳо беш аз 2 миллиард доллар пул фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG