Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири шеваи ҷалби ҷавонон ба гуруҳи ДОИШ


Чаҳор ҷавоне, ки дар ин акс мебинед, кушта шуданд.
Чаҳор ҷавоне, ки дар ин акс мебинед, кушта шуданд.

Нашри навори эълони байъат ё садоқати чаҳор ҷавон зери раҳбарии як ҷавони 34 сола, ба ДОИШ, ки қабл аз ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ сабт шудааст, ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод.

Аксу наворҳо бо тасвири ҷавононе, ки дар расонаҳои дохилу хориҷ чарх мезанад ва узви як ҳалқаи гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ муаррифӣ шуданд, суолҳоеро халқ кард, ки чӣ гуна ин чанд ҷавони навхат берун нарафта аз кишвар ба террорист табдил ёфтанд.

Дар аксҳо аксаран бачаҳое тасвир шудаанд, ки ҳанӯз 18-19 сол доранд ва як ё ду соли пеш аз мактаб берун шудаанд. Наздикони ин ҷавонон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, “онҳо ҳанӯз кӯдаканд ва бо роҳи фиреб ба ин роҳ рафтаанд.”

Марҳилаи наву хатарнок

Пахши ин навор ва ҳамла болои сайёҳонро бархе аз коршиносон марҳилаи нисбатан наву хатарноки фаъолияти созмонҳои тундрав бо истифода аз ноболиғон дар Тоҷикистон маънидод мекунанд.

Мақомот дар солҳои ахир аз коҳиш ёфтани мавориди пайвастани ҷавонон ба сафи созмону гурӯҳҳои ифротиву терористӣ иттило медоданд. Солҳои пеш наворҳои ҷавонони сину соли болотари тоҷик, ки ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд, аз Сурияву ироқ нашр мешуд. Онҳо ҳама бо ришу силоҳ дар навор зоҳир мешуданд.

Аммо коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки гуруҳҳои ифротгаро, ҳоло шеваи ҷалб ва истифодаи ҷавонон дар сафҳои худро тағйир додаанд. Ба бовари онҳо, акнун таваҷҷуҳи ин гуруҳи даҳшатафкан бештар ба ноболиғону ҷавони навхат равона шудаааст, ки аксаран дар дохили кишварҳои худ истифода мешудаанд.

Як корманди мақомоти интизомӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бидуни бурдани номаш гуфт, гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳоло ба далели мушкил ва шубҳаовар будани сафари писарон ба хориҷ онҳоро дар ҷойи зисташон тарбия ва ҳамон ҷо истифода мекунанд.

Ҳаваси автомат гирифтан доштаанд, тамом

Ҷалби ин гурӯҳи хунгарм, ки қариб ноболиғанд, ба маротиб осонтар будааст. “Ҳатто як ноболиғе боздошт шуд, ки фақат ба ҳаваси тир андохтан аз автомат мехост ба ин гуруҳҳо биравад. Дар бораи маргу мир тассавури зиёд надошт. Онҳоро ҷалб кардан осон аст” – гуфт, ӯ.

Ба қавли таҳлилгарон, ҳарчанд кишварҳо роҳҳои дигарро мушкил карданд, вале ҳанӯз ҳам Интернет ба ҳайси як абзори муносиб барои таблиғ ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ истифода мешавад.

Ҷавонони тоҷик ба ин саёҳон ҳамла карданд ва чаҳор нафарашонро куштанд.
Ҷавонони тоҷик ба ин саёҳон ҳамла карданд ва чаҳор нафарашонро куштанд.

Гуруҳе аз ҷавонон ҳоло тавассути Афғонистон талоши пайвастан ба гурӯҳҳои терористиро мекунанд. Як моҳи пеш мақомот, чаҳор ҷавони 17 -18 соларо барои талоши убури сарҳад ва пайвастан ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” боздошт карданд.

Муҳаббат Абдуллозода, сардори Агентии мубориза бо маводди мухаддир дар минтақаи Кӯлоб гуфт: “Инҳо маслиҳат карда, чанд маротиба ба сарҳад омада, бозгашта рафтанд ва пешакӣ маслиҳат кардаанд. Аммо ин дафъа ҳангоми кӯшиши убури марз дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мо ин 4 нафарро боздошт карда, нисбаташон парванда боз кардем”.

Ин ҷавонон ҳама аз оилаҳои камбизоат буда, ҳамин сол мактаби миёнаро хатм кардаанд. Равоншиноси наврасон Гулчеҳра Гулмирзоева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, гуфт маъмулан овони ноболиғӣ ва навҷавонӣ ин қишр мехоҳанд, зарур ва арзишманд будани худро барои хонавода ва ҷомеа эҳсос кунанд ва дар маркази таваҷҷуҳ бошад.

Ноумедӣ дар хонавода

Аммо дар аксар хонаводаҳо бархурд бо наврасону ҷавонон ин тавр нест. Онҳо ҷойгоҳи хосе надоранд ва садои дилашон шунида намешавад. “Кӯдакон дар худ дар мемонад. Дар ҳамин ҳолат чунин созмонҳо пайдо мешаванд ва ноболиғонро бовар мекунонанд. ки шахси арзишманданд, аз онҳо қаҳрамон тасвир мекунанд. Кӯдакон ҳам бовар мекунанд, ки акнун барои касе муҳиманд ва садои онҳо шунида мешавад. Барояшон муҳим нест, ки дар пушти ин кор чӣ сирре аст. Онҳо наметавонанд, инро дарк кунанд. Аз синни 14-15 аллакай хатари гароиши кӯдак мумин аст” - афзуд равоншинос, Гулчеҳра Гулмирзоева.

Ба оҳистагӣ ҷавон ҳам ба ин бовар мекунад ва тағйир меёбад. Ӯ ҳатто омода мешавад, аз баҳри ҷони худ бигзарад

Дар созмонҳои тундраву терористӣ ба бовари ин равоншинос муносибат бо ноболиғону ҷавонон дигар аст.

“Онҳо бо истифода аз дин талош мекунанд, ки ҷавон бовар кунад, дар зиндагӣ ӯ ҷойгоҳи муҳиме дорад. Ба оҳистагӣ ҷавон ҳам ба ин бовар мекунад ва тағйир меёбад. Ӯ ҳатто омода мешавад, аз баҳри ҷони худ бигзарад” - гуфт Гулчеҳра Гулмирзоева.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯяд, шикасти ДОИШ дар Ховари миёнаро бисёриҳо чун поёни хатари ин созмон пиндошта, барвақт “таблӣ шодӣ” заданд. Рустам Азизӣ, таҳлилгари тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Бархӯрд бо ДОИШ ҳамчун як низом шуд ва шояд ҳамчун низом он барҳам хӯрд. Вале маъсалаи дигар ин аст, ки ақидаву андешаи ДОИШ ягон ҷо нарафт. Ҳанӯз хатар вуҷуд дорад. Ҳеҷ гоҳ набояд фориғбол шуд дар ин масъала.”

Ба гуфтаи ин таҳлилгар вобаста ба танг шудани имконият, тағйир додани шеваи кор хоси гурӯҳҳои ифротгарову терористӣ аст. “Вақте имкон доранд, ки ҳамчун давлат бо артишу ҷабҳа ҷанг кунанд, ҳамин тавр мекунанд, вале вақте имкон надоранд, мегузаранд, ба терори инфиродӣ. Ин аз қабл буд” - мегӯяд, ӯ.

Фақат муҳоҷират нест, ки ҷавононро тундрав мекунад

Ба таъкиди Рустам Азизӣ, хатари пайвастани ба гуруҳҳои террористӣ ба ҳар кас ва аз ҳар қишр таҳдид мекунад. Омили аслиро ба қавлӣ ӯ набояд дигар муҳоҷират гуфт. Гуруҳҳои тундрав барои ҳар қишру син аз роҳҳои мухталиф кор мегиранд.

Рустам Азизӣ
Рустам Азизӣ

​Маъмулан мақомот дар кишвар сабабҳои шомилшавии ҷавонон ифротиро дар бекорӣ, муҳоҷирати корӣ, омилҳои динӣ, коста гардидани вазъи иқтисодӣ, муҳити носолими оилавӣ меномиданд. Барои ҷилавгирӣ гуруҳҳои махсус ташкил ва пайваста мулоқотҳо доир мекарданд.

Аммо таҳлилгарон ин шеваи ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавононро ба созмону гурӯҳҳои тундравро муассир намедонанд. Неъматулло Мирсаидов таҳлилгари тоҷик мегӯяд, “Ҳам ходимони дин ҳам муррабиён дар ин самт бевосита кори муайяне намекунанд. Ман чандин маротиба дар вохӯриҳо бо сокинон иштррок кардам ва қаноатманд нашудам. Ҳамеша ҳамон одамони муайян такроран дар вохӯриҳо ширкат мекунанд. Бо ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазир кор намебаранд.”

Омори дақиқе дар бораи гароиши ҷавонон дар солҳои ахир ба гуруҳҳои тундрав рӯйи даст нест. Аммо ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар маҷмӯъ беш аз ҳазор нафар шаҳрванди кишвар дар Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар ба сафи гурӯҳҳои тундраве чун "Давлати исломӣ"пайвастаанд ва бештар аз 60 дар садашон ҷавонони то 35 сола будаанд.

XS
SM
MD
LG