Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлагарон пеш аз куштани сайёҳон ба номи Ал-Бағдодӣ савганд хӯрдаанд


Тасвир аз видео
Тасвир аз видео

Вебсайти “Аъмоқ”, як минбари таблиғотии гурӯҳи ба ном Давлати Исломӣ навореро нашр кард, ки дар он панҷ нафаре, ки ба куштори сайёҳони хориҷӣ дар Данғара муттаҳам мешаванд, ба номи Абубакр ал Бағдодӣ раҳбари ДОИШ савганд ёд мекунанд. Пештар аз нашри ин видео гурӯҳи Давлати исломӣ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Дар ҳамла ба гурӯҳи 7 нафарии дучархасаворони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара рӯзи 29-уми июл чаҳор нафар кушта шуданд ва 3 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар видео панҷ нафаре дида мешаванд, ки вазорати умури дохилӣ субҳи имрӯз аксҳои ҷасади баъзе аз онҳоро дар вебсайти худ нашр кард.

Дар видео Ҳусейн Абдусамадов дида мешавад, ки бо русӣ сӯҳбат мекунад ва ба гуфтаи мақомот, дар боздошт аст. Дигарӣ Ҷаъфариддин Юсупов аст, ки акси ҷасади ӯро дар вебсайти вазорат нашр кардаанд ва гуфтаанд, ки онҳо ҳангоми муқовимат ба маъмурони амниятӣ кушта шуд.

Дар ин навор 5 нафар зери парчами сиёҳи гурӯҳи ДОИШ нишастаанд ва манзарае ки дар навор дида мешавад, шабеҳи баландие дар болои обанбори Норак аст. Видеоро рӯзи 31-уми июл нашр карданд.

Боз шудани парванда бо аломатҳои терроризм

Дар ҳамин рӯз додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар робита ба ҳамла “бо аломатҳои терроризм ва одамкушӣ” парванда боз кардааст. Додситонӣ гуфтааст, ки дар маҳалли ҳодиса ҳангоми ҳамла 6 нафар будаанд ва ҳамлаварон пас аз бо мошин зер кардани дучархасаворони хориҷӣ ба онҳо бо корду табар ҳамла кардаанд.

Дар натиҷа 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла 2 амрикоӣ, як шаҳрванди Ҳолланд ва як сайёҳи Швейтсария кушта шуданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ин пештар бо нашри як баёнияи махсус гуфт, ки дар натиҷаи амалиёт барои боздошти муттаҳамон ба ҳамла чаҳор нафари онҳо кушта шуданд ва чаҳор нафари дигарро дастгир карданд.

Вазорат гуфт, ки фармоишгари ҳамла узви фаъоли Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Додситонии кулл ҳам гуфтааст, ки гӯё ҳамларо бо фармони Қорӣ Носир, як узви фаъоли Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ анҷом додаанд ва ҳадафашон, халалдор кардани суботу амният дар Тоҷикистон будааст.

Дар вокуниш ба изҳороти вазорати умури дохилӣ раёсати ин ҳизб бо пахши баёнияе гуфт, ки иттиҳомоти даст доштани ин ташаккули сиёсӣ ба ҳамла “бепоя ва ғайримантиқӣ” аст.

Дар баёния омадааст, ки Тоҷикистон эътирофи иҷрокунандагони ин ҳамларо “нодида гирифта”, «аз вуҷуд ва фаъолиятҳои бархе гурӯҳҳои террористӣ истифодаи сиёсӣ мекунад”.

Дар баёнияи вазорат ҳамчунин омадааст, ки онҳое, ки дар ҳамла даст доранд, дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил карда ва усулҳои харобкориро дар онҷо тамрин гирифтаанд. Вазорати умури хориҷии Эрон иддаои даст доштан дар ҳамла ба сайёҳонро рад кард.

XS
SM
MD
LG