Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба сайёҳон. Дар Суғд чӣ назар доранд?


Cокинони шимоли Тоҷикистон ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҷануби кишварро бо нигаронӣ қабул кардаанд. Ҳамлаи маргбор ба ҳафт ҷаҳонгарди хориҷӣ, ки рӯзи 29 июл рух дод, чор нафарро кушта ва се нафарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Сайёҳон лаҳзае мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки савори велосипед аз ҳудуди ноҳияи Данғара убур мекарданд.

Ҳамла ба сайёҳон, ки масъулияти онро гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт, вале ҳукумати Тоҷикистон Эрон ва ҳизби наҳзати исломиро муқассир он номид, нахустин ҳодисаи хушунатомез нисбати хориҷиҳо дар Тоҷикистон дар бист соли охир гуфта мешавад.

Нигаронӣ дар шимол аз ҳамла ба сайёҳон дар ҷануб

Таҳлилгарон ба ҳодисаи ҳамла ба туристони хориҷӣ дар ҷануби кишвар бо назари фарохтар менигаранд ва мегӯянд, бояд фоҷеа ҳамаҷониба таҳқиқ гардад ва омилони он ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, то дар оянда ин гуна ҳодиса дигар такрор наёбад.

Аксари сокинони Тоҷикистон нигаронии худро аз ин ҳодиса тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баён карданд. Сокинони Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ки ҳар сол мизбони ҳазорҳо туристои хориҷӣ мешавад, ҳамчунон бетафовут нестанд.

Дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ бисёриҳо гуфтанд, ки ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон дар ҷануби кишвар онҳоро нигарон кардааст. Ҳарчанд ин ҳодиса дуртар аз макони зисти онҳо дар ҷануби кишвар рух дод, аммо аз асари манфии он вилояти Суғдро низ эмин намедонанд.

Ҳакимҷон Эгамов, посбони хобгоҳи донишгоҳ дар Хуҷанд мегӯяд, аз ин ҳодиса тавассути телевизион бохабар ва андӯҳгин гардид. Ӯ рӯзи 1-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин ба ояндаи Тоҷикистон, мардум зиён дорад. Ин чӣ даҳшат аст, ки сайёҳони ба роҳи худ равонро задаву мекушанд. Ин корро касе мекунад, ки ба роҳи хато меравад, ӯро гумроҳ карда, пулу чиз додан ваъда мекунанд."

Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар Хуҷанд ҳамла ба сайёҳон дар рӯзи равшанро берун аз чорчӯби рафтори инсонӣ меноманд ва мегӯянд, умедвори ошкор кардани ҳамаи дастанкорони ин ҷинояти мудҳиш ҳастанд.

Мавлуда Қурбонова, сокини Хуҷанд гуфт, "саҳар аз барномаи телевизиони давлатии “Ахбор” дида ҳайрон шудам, то ҳол ба худ наомадаам. Наход бо сайёҳоне, ки бо ҳаваси шинос шудану тамошои Тоҷикистон омада ҳамин хел рафтор кунанд ?! Ин кор аз рӯи одамгарӣ нест. Обрӯи Тоҷикистонро резонданд."

"Эҳтимол ба ҷалби сайёҳон таъсир расонад"

Имсол дар Тоҷикистон "Соли рушди сайёҳӣ" эълон шудааст ва барои бори нахуст соли ҷорӣ баъд аз боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадии Саразми Панҷакент ва Фотеҳободи Мастчоҳ бо Узбакистон, мавҷи сайёҳони хориҷӣ ба вилояти Суғд сарозер шудаанд. Биноба иттилои шуъбаи сайёҳӣ дар ҳукумати Суғд, дар 6 моҳи аввали соли равон беш аз 370 ҳазор сайёҳ ба шимоли Тоҷикистон омадаанд.

Абдумаҷид Раҳимов, сардори шуъбаи сайёҳӣ дар ҳукумати вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи ҳамла ба туристони хориҷӣ дар ҷануби кишвар эҳтимол ба ҷалби саёҳон ба кишвар таъсири манфӣ гузорад. "Мо тамоми корҳои аз дастамон меомадаро барои боло бурдани имиҷи Тоҷикистон дар назди сайёҳону ҷаҳонгардони хориҷӣ анҷом дода истодаем",-афзуд вай.

Дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ сокинони Хуҷанд гуфтанд, ки аз хабари ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ ва қатлу маҷруҳ кардани онҳо тавассути расонаҳо дар шабакаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Радиои Озодӣ бохабар гардиданд. Баъд тафсилоти ин ҳодисаро тавассути телевизионҳои марказиву маҳаллӣ тамошо карданд.

Неъматуллоҳи Мирсаид, журналист ва таҳлилгари масоили сиёсӣ.
Неъматуллоҳи Мирсаид, журналист ва таҳлилгари масоили сиёсӣ.

Нафақагир Абдуллоҷон Шокиров баъди ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ аз масъулон гила дорад, ки ба тарбияти ҷавонони тоҷик аҳамаияти зарурӣ дода намешавад. "Ҷавононро тарбият кунанд. Дар телевизион, фақат консерт ё реклама. Консерт, реклама. Ягон раҳ нишон додан, насиҳат кардани ҷавонон нест. Баъди ин даҳшати куштани сайёҳон ба ин масъала аҳамият диҳанд",-гуфт Абдуллоҷон Шокиров.

"Касе ин корро кард, эътибори миллатро аз байн бурд"

Таҳлилгарон ба ҳодисаи ҳамла ба туристони хориҷӣ дар ҷануби кишвар бо назари фарохтар менигаранд ва мегӯянд, бояд фоҷеа дар ҷамоати Себистони Данғара ҳамаҷониба ва мунсифона таҳқиқ гардад ва омилони он ба ҷавобгарӣ дар назди қонун кашида шаванд, то дар оянда ин гуна ҳодиса дигар такрор наёбад.

Неъматуллоҳи Мирсаид, журналист ва таҳлилгари масоили сиёсии минтақа ин ҳодисаро "нанговар" номид ва гуфт: "Барои мо фарқ надорад, ки онро кӣ содир кард - ДИИШ, Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ё аъзои дигар ҳизбу ҳаракатҳои тундрав. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин амал даст задааст, хоини миллат аст. Ӯ эътибори миллат ва мардумро хеле паст зад. Вай душмани миллат аст".

Вай гуфт, чунин "амалҳои ноҷавонмардона" натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи мардумро дар амри обод кардани кишвар барбод медиҳанд.

XS
SM
MD
LG