Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки фарзияҳои ҳодисаи ҳалокати сайёҳон дар ҷануби Тоҷикистон ҳоло мавриди омӯзиш қарор дорад. Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон тафтишот маълум хоҳанд кард, ки ҳодисаи ҳалокати сайёҳон садама буд, ё куштор ваё амали террористӣ.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 30-юми июл зимни нишасти хабарӣ бо ишора ба ҳодисаи ҳалокати чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар Себистони Данғара гуфт, афроди дохили мошин баъд аз зер кардани сайёҳони хориҷӣ, бо корд ба онҳо ҳамла карданд. Ба гуфтаи вай, ин гурӯҳи велосипедронҳои хориҷӣ шаҳрвандони Амрико, Нидерландия, Швейсария ва Фаронса мебошанд.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, зоҳиран ин ҳамлае буд, ки аз пеш тарҳрезӣ шудааст. Рамазон Раҳимзода гуфт:
“Ҷои буду боши онҳо дар роҳ муайян карда шуда, чорабинии дастгиркунӣ амалӣ карда шуд. Яке аз онҳо дастгир карда шуд яке дигар ҳангоми боздошт муқобилияти мусалаҳона нишон дода. Дар ҷои ҳодиса несту нобуд карда шуд. Се нафари дигар дар ҷустуҷу қарор доранд.”
Рамазон Раҳимзода ин ҳодисаро "ҷинояти нангин" номид ва гуфт, ки ҷараёни таҳқиқ зери назорати бевоситаи раҳбари давлат қарор дорад. Ӯ инчунин гуфт, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса бригадаи фаврии махсус иборат аз кормандони Додситонии кулл, Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъсис шудааст ва ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Ҷаноби Раҳимзода гуфт, ки ҷараёни тафтишот зери назари шахсии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ба иттилои мақомоти интизомии Тоҷикистон ва ҳам намояндагии дипломатии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, дар ҳодисаи рӯзи 29-уми июл ду шаҳрванди амрикоӣ, як шаҳрванди Ҳолланд ва як шаҳрванди Швейсария кушта шуданд. Вазорати умури хориҷаи Ҳолланд дар иттилоияе гуфт, ки шаҳрванди кушташудаи ҳолландӣ як марди 56-сола буда, дар ин ҳодиса ҳамсари ӯ - зани 58-сола маҷрӯҳ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳалокати сайёҳонро ба сарони ИМА, Нидерландия ва Швейтсария тасаллият гуфт
Ин дар ҳоле аст, ки баъзе шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасадҳо то андозае паҳну парешон буд, ки як садамаи нақлиётӣ чунин натиҷа ба бор биёрад.
Баъзе шоҳидони дигар низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳодиса на ба як тасодуф ё садамаи автомобилӣ, балки ба як ҳамла мемонд. Аз ҷумла, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки англисӣ сӯҳбат мекунад ва ба гуфтаи худаш баъди ду дақиқа дар ҷои ҳодиса буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз захмиҳо ба ӯ гуфтааст, ки нахуст онҳоро бо мошин заданд ва баъд фаромада бо корд ҳамла карданд.
Захми кордро табибон тасдиқ карданд
Мақомоти тандурустии вилояти Хатлон мегӯянд, дар бадани сайёҳони фавтида осори захми корд низ дида мешуд. Сайдулло Маллозода, сардори Райёсати тандурустии вилояти Хатлон рӯзи 30-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми чораҳои фаврӣ барои наҷоти ҷони сайёҳон гирифта шуд, вале аз хунрезии зиёд чаҳор нафар дар ҷойи ҳодиса фавтиданд. Ӯ гуфт, дар бадани сайёҳон осори захми корд низ дида мешуд.
Як пизишки бемористони "Истиқлол"-и Душанбе чанд лаҳза пеш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду сайёҳи зан, ки "захмҳои воридшаванда дар қафаси сина" доранд. Ӯ ҳолати ин ду нафарро бӯҳронӣ арзёбӣ кард. Ин пизиш, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, захмҳо аз зарби корд ё асбоби монанд ба корд расонида шудаанд.
Ҳалокати сайёҳон дар Себистон
Ҳодисаи ҳалокати гардишгарони хориҷӣ баъд аз зӯҳри 29-уми июл дар Себистони Данғара, рух дод ва дар он ду ҷаҳонгард аз Амрико ва як нафарӣ аз Нидерландия ва Швейтсария ҷон бохтанд. Яке аз ин сайёҳон дар беморхонаи ноҳияи Данғара ҷон додааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ шоми якшанбеи 29-уми июл гуфт, ки "соати 15.30-дақиқа, ҳангоми ҳаракати 7 дучархасавори хориҷӣ дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара онҳоро ронанда пахш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”
Мақомот дар пай гуфтанд, ки як нафарро дар иртибот ба ин ҳодиса боздошт ва ду нафари дигарро "маҳв" карданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як рӯз баъд эълон кард, ки ду сокини Кӯлоб ва як сокини ноҳияи Ҷайҳунро, ки бо омилони ин ҳодиса робита доштанд, боздошт кардаанд ва ҷустуҷӯи гумонбаршудаҳои дигар, идома дорад.
Дар пайи ин ҳодиса дар роҳҳои минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе маъмурони зиёди милиса истода ва мошинҳоро тафтиш мекунанд. Дар даромадгоҳҳои шаҳри Душанбе ҳам мошинҳо аз сӯи маъмурони мусаллаҳи интизомӣ тафтиш мешаванд.
Фоҷиа бо саёҳони хориҷӣ барои давлати Тоҷикистон, ки имсолро соли рушди сайёҳӣ хонда барои инкишофи соҳа талош дорад, хабаре бад аст ва метавонад, боиси коҳиши равуои хориҷиён ба кишвар шавад.