Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба волидони тоҷик гуфтанд, ки бачаҳояшонро танҳо нагузоранд


Ҷойи оббозии бачаҳо дар Душанбе.
Ҷойи оббозии бачаҳо дар Душанбе.

Ба думболи марги чанд кӯдак дар рӯдхонаву кулҳои Тоҷикистон, мақомот ба волидайн ҳушдор додаанд, ки агар фарзандонашонро дар соҳили дарёву маконҳои мамнӯи оббозӣ танҳо пайдо кунанд, ҷазо мегиранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва вазорати умури дохилӣ гуфтаанд, ки “минбаъд дар сурати пайдо кардани хурдсолони танҳо ва бидуни волидон дар соҳили дарёҳо ва хусусан дар нуқтаҳои мамнуъшудаи оббозӣ бар асоси Қонун дар бораи масъулияти падару модар ба ҷазои маъмурӣ хоҳанд кашид. “

Умеда Юсупова
Умеда Юсупова

Умеда Юсупова, масъули дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари гармои шадид хурдсолону ҷавонон худро ба дарёҳо Душанбе мезананд ва афзоиши ҳалокати наврасон водор кард, ки мақомоти интизомӣ якҷо бо наҷотбахшон ҳамарӯза рейд анҷом диҳанд.

“Кормандони мо агар дар ҷойҳои мамнуъ барои оббозӣ хурдсолону наврасони то 18 соларо танҳо мушоҳида кунанд, зуд онҳоро дур мекунанд ва намегузоранд, ба соҳил наздик шаванд. Мо дар назди ҳар дарё навбатдор ҳам гузоштаем” – гуфт, Умеда Юсупова.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳафтаи гузашта гуфт, ки дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон бинобар риоят накардани қоидаҳои оббозӣ 5 тан ва аз ҷумла 3 навраси то 16 сола ғарқ ва ҳалок шудаанд.

Ҳарорат дар чанд рӯзи ахир дар Тоҷикистон аз марзи 40 дараҷа гузаштааст ва мардум хусусан ҷавонон худро ба дарёҳо мезананд. Дар соҳилҳои дарёҳои Душанбе, Варзоб, Элок аз нисфирӯзӣ то шом наврасону ҷавонони зиёдеро мебинед, ки аз об берун намеоянд.

Парвина Саидҷамолова, муовини раиси Идораи ҳавошиносӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарорат дар зери нури офтоб мумкин аст, то 60 дараҷа бирасад. “Гармо то 16-уми июл зери 41 ва 42 дараҷа идома мекунад ва фақат 12 ва 13 уми июл андаке поин меояд ва боз гарм мешавад” гуфт, Парвина Саидҷамолова.

Умеда Юсуфова гуфт, рӯзҳои баъдӣ ҳам назорати соҳилҳо дар Тоҷикистон идома хоҳад кард ва “дар сурати мушоҳидаи кӯдаки танҳо модарашро даъват мекунанд ва ҷазои маъмурӣ медиҳанд.“

Дар Тоҷикистон бар асоси Қонуни масъулияти волидайн барои тарбияи фарзанд, дар сурати беназорат гузоштани кудак падар ё модарашро ҷарима мекунанд. Ба гуфтаи Умеда Юсуфова, азбаски бо ҳушдор додан пеши фоҷиаҳо гирифта нашуд, онҳо маҷбур шуданд, ки назоратро қатъитар кунанд.

Оби рӯдхонаҳои Тоҷикистон сард ва барои шино хатарнок аст.
Оби рӯдхонаҳои Тоҷикистон сард ва барои шино хатарнок аст.

Дар Тоҷикистон бисёре аз рӯдхонаҳо кӯҳӣ ҳастанд ва оби сарду маҷрои тез доранд, ки шиноварӣ дар он сахту хатарнок аст. Азбаски ҳавзҳои оббозӣ бисёр кам аст, кӯдакону наврасон худро ба ҳамин дарёҳои хатарнок мезананд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳои зиёдеро мебинед, ки чӣ гуна наврасони 12 ё 13-сола худро аз баланди ба рӯдхонаи кӯҳӣ меандозанд ва моҳирона аз он берун мешаванд. Аммо ба гуфтаи маъмурони наҷот на ба ҳамаи онҳо муяссар мешавад, ки аз об берун оянд.

Айни замон ҳавзҳои ангуштшуморе, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, асосан дар шаҳрҳо дида мешаванд ва қимати вуруд ба онҳо на ба ҳама дастрас аст. Барои мисол, дар Душанбе ҳавзи шиноварии "Делфин" ҳаст, ки барои чаҳор соати оббозӣ дар он аз хурдсолон то 40 сомонӣ ва калонсолон 75 сомонӣ мегиранд.

Шиноварӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, хеле маъмул аст ва алоқамандони зиёд дорад. Вале ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар кӯлу дарёҳову каналҳо ва ҳавзҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд.

Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дар чанд моҳи имсол 54 нафар ғарқ шудаанд. Соли гузашта 100 нафар дар дарёву кӯлҳо ҷон доданд ва нисфи онҳо наврасони то 15-сола будаанд.

XS
SM
MD
LG