Аз аввали имсол дар дарё ва кӯлҳои Тоҷикистон 63 нафар, аз ҷумла 25 ҷавони то 18-сола ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додаанд. Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бештари ин афрод, ҳангоми шиноварӣ ғарқ шудаанд.
Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 5-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "расман дар кишвар мавсими оббозӣ аз 1 июн шурӯъ шудааст, аммо бархе аз ғарқшудаҳо дар моҳҳои пештар машғули шиноварӣ шуда, ба фалокат дучор шудаанд".
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, сабабҳои асосии ғарқшавии одамон дар дарёву кӯл ва обанборҳо риоя накардани қоидаҳои шино, оббозӣ ҳангоми мастиву сархушӣ, надонистани шиноварӣ, оббозӣ дар ҷойҳои хатарнок ва беаҳамиятии кӯдакон волидон ба кӯдакон аст.
Хонум Юсупова афзуд, ки ахиран дар кӯли мавсум ба Варзоб бо ширкати ҳудуди 100 нафар наҷотдиҳандагон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон давраи омӯзишӣ баргузор шуд ва дар он ҷо рӯйхати кӯлҳое, ки ба оббозии шаҳрвандон иҷоза дода шудааст, эълон гардид.
"Мутаассифона, дар моҳҳои гузашта ба маъмурияти чанд кӯл, аз ҷумла, кӯли "Чорбоғ -1" ва "Чорбоғ -2" барои беҳбуди шароити оббозӣ машваратҳое пешниҳод шуда буданд, ки раҳбарон онро сарфи назар карданд. Дар ин кӯлҳо ҳанӯз барои оббозии шаҳрвандон иҷоза дода нашудааст", афзуд Умеда Юсуфова.
Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, тибқи муқаррароти бехатарӣ, ҳамчунин оббозӣ дар кӯлҳое, ки дар он ҷо қаиқҳои муҳаррикдор фаъоланд, низ мамнӯъ аст. "Чунин ҳолатро мо дар кӯли "Ҷавонон"-и шаҳри Душанбе мушоҳида кардем ва ба раҳбарияти он дастур дода шуд, ки чунин воситаҳои шиновариро аз ҳудуди кӯл берун оваранд, зеро ба кӯдаконе, ки дар ин кӯл оббозӣ мекунанд, мавҷҳои аз қаиқҳои муҳаррикдор пайдо мешуда, мушкил эҷод мекунад", - гуфт Умеда Юсупова.
Танҳо дар рӯзҳои таътили шанбе ва якшанбеи 2 ва 3 июл дар кишвар дар маҷмӯъ 6 нафар бинобар беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расидаанд ва дар байни онҳо як духтар низ ҳаст. Вазорати умури дохилӣ рӯзи 3-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, танҳо 2-юми июн дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 3 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд ва ҷустӯҷуи ҷасади ду нафар то кунун идома дорад. Ба гуфтаи вазорат, “аз ҷумла, 2-юми июл сокини 26-солаи деҳаи Садоқати ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Кофарниҳон” аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Ба гуфтаи вазорат, дар ҳамин рӯз духтари 22-солае аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Вахш” аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасад. Қурбонии дигари беэҳтиёӣ ҳангоми шиноварӣ як сокини 14-солаи Ёвон будааст, ки дар канали обгузари назди манзили истиқоматиашон ба ҳалокат расидааст. Вазорати умури дохилӣ ҳамчунин аз ҳалокати як ҷавони 17 сола аз ноҳияи Данғара ва ду писари ноболиғ яке 14-сола ва дигарӣ 9 -сола аз шаҳри Исфара хабар додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, сабабҳои асосии ғарқшавии одамон дар дарёву кӯл ва обанборҳо риоя накардани қоидаҳои шино, оббозӣ ҳангоми мастиву сархушӣ, надонистани шиноварӣ, оббозӣ дар ҷойҳои хатарнок ва беаҳамиятии кӯдакон волидон ба кӯдакон аст.