Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гар шиновар нестӣ... Марги 6 нафар дар дарёи Сир ва “Баҳри Тоҷик”. ВИДЕО


Мавсими имсолаи шиноварӣ ё оббозӣ дар вилояти Суғд расман рӯзи 27-уми май оғоз ёфт. Аммо ба далели то чиҳил дараҷа гарм шудани ҳаво дар ду ҳафтаи охир сокинон барвақттар худро ба дарёву кӯлҳо задаанд. Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Суғд гуфтанд, ки дар ин муддати кӯтоҳ се нафар ҳангоми оббозӣ дар обанбори Қайроққум ё канори “Баҳри Тоҷик” ғарқ шуданд, ки ду нафари онҳо наврас буданд. Ба иттилои мақомот, аз аввали имсол дар “Баҳри Тоҷик” ва дарёи Сир дар маҷмӯъ шаш нафар ҳалок шуданд.

Аз ҳамаи сокинон ва меҳмонон хоҳиш мекунем, ки дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ накунанд. Агар шиновар нестанд, дар ҳолати мастӣ ба об надароянд.

Муҳайё, сокини шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ) кӯдаконашро барои оббозӣ ба минтақаи “Сайёд”-и обанбори Қайроққум бурдааст. Ӯ гуфт, то ҷойи мумкини шиноварӣ нишонаҳо гузоштаанд ва онҳо кӯшиш мекунанд, ки фарзандонашон аз ин минтақа убур нанамоянд. “Инҷо наҷотдиҳандагон ҳам бо заврақҳояшон ҳастанд. Диламон пур аст. Ҳар ҳафта кӯдаконро ба инҷо меорем”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҳалокати 6 нафар аз аввали имсол дар дарёи Сир ва Баҳри Тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Маҳмуд Эрматов заврақрон аст ва кӯдакону бузургсолонро ба сайри обанбори Қайроққум мебарад. Наҷоти сокинон аз ғарқшавӣ низ вазифаи ӯст. Вай гуфт, “аввал ба наҷоти ғарқшаванда мешитобем. Арғамчин мепартоем ва ӯро ба заврақ гирифта, ба соҳил мерасонем. Назорат мекунем, ки шиноварон аз нишонаҳои сурх нагузаранд. Чунки он сӯ чуқуртар ва оббозӣ хатарбор аст.”

“Баҳри Тоҷик” фақат ду ҷойи махсус барои шиноварии аҳолӣ дорад, ки аз онҳо “Сайёд” ва “Бухта мирная” ном бурда мешавад. Дарёи Сир, ки шаҳри Хуҷандро миёнбур мекунад, танҳо як ҷойи оббозӣ дорад ва он ҳам дар рӯ ба рӯи бинои ҳукумати вилоятӣ ҷойгир аст. Ин минтақаҳо барои шноварӣ бехатар буда, ба таври доимӣ таҳти назорати кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода қарор доранд.

Дарёи Сир. Акс аз бойгонӣ
Дарёи Сир. Акс аз бойгонӣ

Вале дар ҷойҳои дигар шиноварӣ бехатар нест ва хавфи ғарқ шудан таҳдид мекунад. Кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода ба 9 ҷойи махсусан хатарноки рӯди Сир ҳар сол қабл аз мавсими оббозӣ аломатҳои огоҳкунанда мегузоранд.

Шаҳзода Бутаева, як масъули идораи ҳолатҳои фавқулодаи Суғд, гуфт, “аз ҳамаи сокинон ва меҳмонон хоҳиш мекунем, ки дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ накунанд. Агар шиновар нестанд, дар ҳолати мастӣ ба об надароянд. Аз тамоми волидон, калонсолон ва муаллимону мураббиён хоҳиш мекунем, ки фарзандони худ ва кӯдаконро беназорат нагузоранд. Худсарона шиноварӣ кардан дар ҷойҳои мамнуъ ва хатарбор эҳтимоли ғарқшавии онҳоро дар пай дорад.”

Соли 2016 дар обанбору рӯду кӯлҳои шимоли Тоҷикистон 35 нафар ғарқ шуда, ҷон бохтаанд.

Ситоди ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар натиҷаи чунин беэҳтиётӣ рӯзи 20-уми майи имсол бародарон – Сардор ва Марат Боймуродовҳои 8 ва 13-сола “ҳангоми чарои ҳайвоноти хонагӣ барои оббозӣ ба обанбор даромада ва ғарқ шуданд.” Ҷасади онҳоро ғаввосони ситод баъд аз 24 соати ҷустуҷӯ аз зери об пайдо карда, ба волидонашон супурданд.

Бино ба иттилои ситод, имсол дар маҷмуъ 6 нафар – 4 нафар дар “Баҳри Тоҷик” ва 2 тан дар дарёи Сир – ҳангоми шиноварӣ ғарқ гардида, ба ҳалокат расидаанд. Кормандони ситод 3 сокин, аз ҷумла якеро, ки бо нияти худкушӣ худро ба дарёи Сир андохта буд, наҷот додаанд.

Ҳамин тавр, соли 2016 дар обанбору рӯду кӯлҳои шимоли Тоҷикистон 35 нафар ғарқ шуда, ҷон бохтаанд. Шаҳзода Бутаева сабаби ин ҳолатро “оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, надонистани шиноварӣ дар ҳолати мастӣ ва моҳигирии ғайриқонунӣ” донист.

XS
SM
MD
LG