Бонкҳои Тоҷикистон, ки муштоқи муштарӣ шудаанд, барои ҷалби ҳар нафар, ки солҳои ахир эътимод ба онҳоро аз даст додаанд, роҳҳои ғайримуқаррариро барои ба даст овардани дили онҳо пеша кардаанд.
Яке аз онҳо муассисаи молии хурди "Арванд" аст, ки аз Ҷонибек Муродов, овозхони ҷавони шинохта даъват кардааст, рӯзе дар шӯъбаи созмон нишаста, муштариёни онҳоро қабул кунаду машварат бидиҳад.
Ҷонибеки Мурод мегӯяд, ки мумкин аст машваратҳояш натиҷа бидиҳанд ва муштариён ҷалб шаванд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад, овозхониро ба бонкдорӣ иваз кунад.
Ҷонибеки Мурод, ки забоншинос аст, барои иҷрои ин вазифа аз Украина ба Тоҷикистон омадааст ва худаш мегӯяд, бори аввал аст, ки дар бонке кор мекунад. Худи Ҷонибек рӯзи 4-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои муддати кӯтоҳе "мушовир"-и "Арванд" мешавад.
Ӯ гуфт, бо ин ташкилоти молии қарздиҳӣ шартнома имзо карда ва барои як рӯз ба ҳайси мушовири молӣ кор мекунад. "Аз соати 8-30 то 15-00 ба муштариёне, ки ба инҷо меоянд, машварат медиҳам ва онҳоро роҳнамоӣ мекунам",- афзуд ӯ.
Ҷонибеки Мурод якуним сол аст, ки дар шаҳри Киев зиндагӣ мекунад ва қарор аст, рӯзи 5-уми июл мушовири бонкӣ шавад. Ӯ мегӯяд, мумкин аст, машваратҳояш натиҷа бидиҳанд ва муштариён ҷалб шаванд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад, овозхониро ба бонкдорӣ иваз кунад.
"Ман метавонам, дар доираи санъат ё шоу-бизнес кори худро хуб иҷро кунам. Чун ман як овозхон ҳастам. Метавонам корамро ҳирфаӣ анҷом диҳам. Маблағи хубе ҳам ба даст меорам, аз сӯи дигар ин ҳунар барои ман мерос аст",-гуфт, Ҷонибеки Мурод.
Ҷонибеки Мурод, писари овозхони маъруфи тоҷик Ҷӯрабеки Мурод, ки 17 сол боз дар жанри поп ҳунарнамоӣ мекунад, якуним сол аст бо хонаводааш дар шаҳри Киев кору зиндагӣ дорад. Худаш мегӯяд, ки шартномаи сесолаи кор дар онҷо дорад, вале аз ватан дил канда наметавонад ва зуд-зуд ба Тоҷикистон ҳам меояд.
"Барои баргузории маросимҳои хурсандӣ ҳар гоҳ, ки хостам, ба ватан меоям ва ҳеҷ гоҳ Тоҷикистонро ба ҷои дигар иваз карданӣ нестам. Тоҷикистон ҷое аст, ки метавонам, дар ҳар қадам худамро эрка эҳсос кунам", гуфт Ҷонибеки Мурод.
Ҳусейн Туйчиев, намояндаи созмони молии "Арванд" гуфт, барои муаррифии корашон дар Душанбе Ҷонибекро даъват карданд ва умедворанд, ки ҳузури ӯ ҳарчанд кӯтоҳ ҳам бошад, барои ҷалби бештари муштариён мусоидат кунад. "Ҳар нафаре, ки дар ин рӯз ба бонк меояд, метавонад бо Ҷонибеки Мурод сӯҳбат кунад ва машварат бигирад",- гуфт ӯ.
Аммо Ҷонибек баъди бозгашт ба Украина барои консерт дар шаҳри Ригаи Латвия омодагӣ мегирад. Мегӯяд, ки ӯро Лайма Вайкуле, овозхони машҳури Латвия даъват кардааст.