Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, рӯзи 24-уми декабр ба синни 75 расид. Аммо маҳфили бахшида ба ин ҷашн дар остонаи Наврӯзи соли оянда баргузор хоҳад шуд.
Ман аз миёни халқ баромадам ва мехостам гапи халқро расонам. Вақте дар маҷлис гапи халқро гуфтам, маро душмани халқ эълон карданд
Аввали имсол Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таҷлили 75-солагии Ҷӯрабек Муродовро дар рӯзи 24-уми декабр ба нақша гирифта буд ва маълум нест, чаро ин сана ба таъхир афтодааст. Худи Ҷӯрабек Муродов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран шадидтар шудани қонуни танзим рӯйи ҳама барномаҳо соя афкандааст. “Беҳтар аст, мо ҳам доду вой накарда, баробари халқ бошем. Ба ҳамин далел, танҳо бо баргузории як консерти ҷашнӣ иктифо мекунам”, - афзуд Ҷӯрабек Муродов.
Ӯ гуфт, “шукри Худо, ҳоло хубам ва машғули эҷод ҳастам. Қарор шуд, ки барномаи ҷашнии ман баъди таҷлил аз Соли нави милодӣ, дар остонаи иди Наврӯз баргузор шавад. Нахуст як барномаи консертии бузург дар Душанбе ва сипас дар ҳамаи шаҳрҳои Тоҷикистон баргузор мекунам.”
Дар ин шабу рӯз филми мустанади “Ҳофизи миллат” бахшида ба 75-солагии Ҷӯрабек Муродов низ омода ва порча-порча дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд. Дар ин филми мустанад гузаштаҳои Ҷӯрабек Муродов аз забони худи ӯ, наздикон ва дӯстонаш қисса шудаанд. Аз ҷумла, худи ӯ дар ин филми мустанад гуфтааст, чи гуна дар оғози солҳои навадум қасд ба ҷонаш карда буданд. “Cолҳои 90-ум нохалафе маро аз тариқи телевизиони давлатӣ душмани халқ эълон кард. Мехостанд ҳамроҳи зану фарзандон бикушанд. Ҳамроҳи хонаводаам аз кишвар баромада рафтем. Вақте ба Самарқанд расидем, сахт гиря кардам, ки наход солҳо хидмат карда, акнун ватандори беватан шуда бошам.”
Ҷӯрабек Муродов дар филми мустанади “Ҳофизи миллат”, инчунин, нақл кардааст, ки чаро дар поёни қарни гузашта вакили порлумон шуд. “Он вақт осон набуд. Аз миёни 18 нафар ман гузашта будам. Мегуфтанд ҳунарманд ба сиёсат ҳамроҳ нашавад. О, санъат ин худаш сиёсат аст, сиёсат санъат аст. Сиёсатмадоре, ки суханвар набошад, сиёсаташ корагар нест. Барои чӣ як коргару деҳқон вакил шавад, вале санъаткор нашавад? Шоир депутат шавад, майлаш, санъаткор нашавад, чаро? Ман аз миёни халқ баромадам ва мехостам гапи халқро расонам. Вақте дар маҷлис гапи халқро гуфтам, маро душмани халқ эълон карданд”, - афзудааст ӯ.
Халқ бузург аст. Барои ман фақат ду қувва вуҷуд дорад, аввал Худо, баъд халқ. Бо халқ зиёд шӯхӣ карда намешавад.
Ҷӯрабек Муродов тайи солҳои ахир чанд дафъа бо Радиои Озодӣ низ суҳбатҳои ихтисосӣ карда, ба саволҳои зиёде, аз ҷумла рӯзгори гузашта ва муносибаташ бо жанрҳои нави мусиқӣ посух гуфтааст. Дар ин рӯз бахше аз ин суҳбатҳоро, ки дар солҳои гуногун анҷом шуда, бо гузашти замон мазмунашон тағйир накардааст, инҷо гирд овардем.
Радиои Озодӣ: Шумо дар замони Шӯравӣ машҳур ва соҳиби обрӯ шудед. Мегӯянд, аз сабаби онки бо роҳбарон наздик будед, соҳиби ҷоиза ва унвонҳо гардидед.
Ҷӯрабек Муродов: “Дар он давра асосан барои ҳунармандони операву балет, барои нақшофарӣ, яъне актёрони театру кино унвони Артисти халқии СССР дода мешуд. Ҳофизони мардумӣ, ки сурудҳои халқӣ месароиданд, бо чунин унвон сарфароз намешуданд. Вақте номзадии ман барои дарёфти ин ҷоизаи мӯътабар пешниҳод шуд, ба нависонавис шурӯъ карданд. Вазорати маданияти СССР баъди шаш моҳ номзадии маро рад кард. Ҷаббор Расулов, раҳбари онвақтаи ҷумҳурӣ, сахт ранҷид, ки чаро як ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад, вале дар марказ нодида мегиранд. Соли 1978 бори дувум номзадии маро пешниҳод карданд. Аммо шарт гузоштанд, ки бояд имтиҳон супорам. 12-уми декабри соли 1978 дар театри операи Маскав консерти ҳисоботии ман баргузор шуд. Хулоса, барои санҷиши маҳорати банда комиссияеро дар ҳайати 17 нафар аз Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ, Шӯрои вазирон, Вазорати маданияти СССР ташкил карданд. Ман бо шеъри “Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун” ба саҳна баромадам. Тамоми тамошобинон аз ҷо бархоста кафкӯбӣ мекарданд. Баъд, сардори комиссия, ҷонишини вазири маданияти СССР профессор Кухарски, ки камтар мелангид, “что еще за пророк” гуфта, бо ҳабдаҳ нафар аъзои комиссия аз ҷой бархостанд. Ман дар пеши халқ пок ҳастам.”
Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки он замон барои истифода аз либоси милливу мардумӣ як каме маҳдудият ҷо дошт. Масалан, намегузоштанд, ки бо ҷома ба саҳна бароед...
Ҷӯрабек Муродов: “Бале. Бо вуҷуди ин, ман он вақт либоси миллӣ ба бар кардам. Баъди он боз дар ҷашни ҳазорсолагии Сино. Либоси миллӣ бе саллаву тоқӣ намешавад. Аммо як нафар котиби дуюми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтааст, ки ин мулло кист? Баъд маро ба Кумитаи бехатарӣ даъват карданд. Ман гуфтам, ки охир аз Рӯдакӣ сар карда, ҳама бузургони мо салла доштанд, магар ҳамаи онҳо мулло буданд? Дар замони СССР калимаи Худоро намемонданд, ки дар эфир пахш шавад. Мисол, дар суруди Лоиқ “Хосияти дукокула”, мисраи “Умед дорам аз Худо, туро кунад насиби ман”-ро каме дигар карда ин тавр мехондем, “умед дорам аз худат”. Хуб, ин ҳарфҳои замони гузашта буд.”
Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегӯянд, Ҷӯрабек ҳамеша даст пеши бар аст. Ҳатто бо нафароне, ки диданашон намехоҳад даст болои сина сухан мекунад ва баъзан нафаронеро ситоиш мекунад, ки шояд дар дил чандон хуш надорад...
Ҷӯрабек Муродов: “Инро барои халқ мекунам, на барои каси алоҳида. Маро падару мадарам чунин тарбият карданд. Ҳамин даст пеши бар салом додани маро дар Амрико ҳам хуш қабул карданд ва ҳар нафар ҳунарманде, ки баъди ман ҳунарнамоӣ кард, чунин кард. Чизи хубро дер мегиранду дер давом медиҳанд, чизи бадро зуд мегиранду зуд аз даст медиҳанд.”
Радиои Озодӣ: Имрӯз сиёсатмадорони мо то чӣ ҳад аз аҳволи мардум бохабаранд?
Ҷӯрабек Муродов: “Сулҳ шуданаш як хушбахтӣ аст. Аҳволи давлатҳои арабиро дида ҳайрон шудам. Як чунин хулоса ҳам баровардам, ки ба халқ наздик шудан даркор будааст, халқ агар гап назанад ҳам, аммо ҳама корро ба тарозу бармекашад. Сиёсатмадорон бояд, ки аз шеър, оҳанг, деҳқонӣ бохабар бошанд. Агар роҳбариро мехоҳанд, бояд аз аҳволи халқ хабардор бошанд. Халқ бузург аст. Барои ман фақат ду қувва вуҷуд дорад, аввал Худо, баъд халқ. Бо халқ зиёд шӯхӣ карда намешавад.”
Радиои Озодӣ: Шумо солҳои ахир ҳамроҳ бо писаратон Ҷонибек зиёд ҳамкорӣ мекунед, дар жанрҳои нав ба нав таронаҳо иҷро мекунед. Ин ба кадом маъност – дастгирии писар дар саҳнаи калон ё кӯшиши андӯхтани таҷрибаи нав дар жанрҳои нави мусиқӣ?
Ҷӯрабек Муродов: “Ҷонибек мехоҳад, маро ҷавонҳо ҳам шиносанду донанд. Ман худам солҳои 1967-1968 дар эстрада ва ҳамроҳ бо оркестрҳои симфонӣ суруд иҷро мекардам. Ҳоло маро ҷавонҳое, ки намешиносанд, мебинанд. “Ин падари Ҷонибек” мегӯянд. Медонед ман чӣ қадар хурсанд мешавам. Ҳар кас дар давраи худаш зиндагӣ мекунад, бо муҳити худаш, бо қаҳрамонҳои худаш.”
Радиои Озодӣ: Пас, назаратон ба жанрҳои нави мусиқӣ чӣ аст? Шумо медонед, ки бисёре аз ҳамкасбонатон, ки ба мусиқии суннатӣ ё миллӣ одат кардаанд, ҳатто баъзе жанрҳои мусиқӣ назири рэп ё ҳип-ҳопро бегона ба фарҳанги миллӣ мегӯянд.
Ҷӯрабек Муродов: “Кам бошад ҳам, ман каме дунёро гаштаам. Ҳамин Coca-Cola дар мо набуд, омад, халқ ба он часпид. Сақичи нав ба нав набуд, часпид. Матои ҷинс ҳам набуд, часпид. Ба молҳои истеҳсоли Хитой ҳам часпид. Ҳар як чиз давру замони худро дорад. Рэпу эстрада ҳам ҳамчунин. Ман хоҳам ё нахоҳам, ин чиз мешавад. Мешаваду як давраи муайян мегузараду баъзеаш худ аз худ аз байн меравад. Чизҳои классикиро барои чӣ классикӣ мегӯянд? Чунки дар тамоми давру замон он чиз ҳаст. Худо хоҳад, мо рэп ҳам мехонем, эстрадаро ҳам мехонему лекин ҳамон "Шашмақом"-у сурудҳои миллӣ, фалаку рубоиёти зарафшонии мо боз ҳам хоҳанд монд. Ҳама чиз ҷои худро дорад.”
Радиои Озодӣ: Шумо дар даруни дили худ орзурдагие, ранҷише доред?
Ҷӯрабек Муродов: “Не, ман аз тақдирам розӣ ҳастам. Рӯдакӣ хурсанд набуду рафт, бо Фирдавсӣ чӣ карданд, бо Ҳилолӣ, бо Айнӣ чӣ карданд – 75 чӯб заданд. Зиндагӣ ҳамин будааст. Вазифаи ман – ҳамчун овозхон эҷод кардани барномаву сурудҳои нав ба нав ва хидмат ба мардум аст.”
Видео аз бойгонии Озодӣ: Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди хастагинопазир
Ҷӯрабек Муродов, овозхони шинохтаи тоҷик, соли 1942 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш деҳаи Куруд ба анҷом расонда, сипас, таҳсилро дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд идома додааст.
Аз соли 1963 то соли 1992 ба унвони овозхон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият дошт. Аз соли 1990 то 1995 депутати Шӯрои олии Тоҷикистон буд. Соли 1974 бо унвони “Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон” ва соли 1978 сазовори унвони “Артисти Халқии СССР” мешавад.
Барои нақши муассираш дар рушди санъати овозхонии тоҷик соли 1987 барандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст. Муаллифи панҷсад оҳанг буда, тайи панҷоҳ соли фаъолият дар саҳна 2 ҳазор суруд сароидааст. Ҳоло роҳбарии дастаи ҳунарии “Нури Хуҷанд”-ро дар шаҳри Хуҷанд бар ӯҳда дорад.