Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савоби наврӯзии Ҷонибеки Мурод дар Лондон (2 ВИДЕО)


Ҷонибеки Мурод, овозхони тоҷик дар рӯзҳои Наврӯз дар шаҳри Лондон 2 консерт дода, дар консерти овозхони маъруфи эронӣ Андӣ ҳам ширкат кардааст.

Ҷонибеки Мурод, овозхони шинохтаи тоҷик, ки дар рӯзҳои Наврӯзи имсола бо сафари ҳунарӣ дар Лондон, пойтахти Бритониё қарор дорад, рӯзи 21 март дар ду консерт – барномаи наврӯзии хайрия барои кӯмак ба як навраси маъюб аз Қӯрғонтеппа ва ҳам дар консерти ситораи маъруфи эстрадаи Эрон Андӣ ширкат кардааст.

Ҷонибеки Мурод рӯзи 22 март дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, пули бадастомада аз консерти якуми онҳо пурра барои кумак ба як навраси боистеъдод, вале маъюб аз шаҳри Қӯрғонтеппа хоҳад рафт. Худойбердӣ Кокелов - ҷавони 16-сола аз Қӯрғонтеппа, ки бо модараш зиндагӣ мекунад, як моҳ пеш барандаи стипендияи мактаби ИСАК-и Ҷопон шуда буд.

Ин консерти хайрияи наврӯзиро созмони хайрияи “Tajikinvest Charitable Trust” ва сафорати Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир муштаракан созмон доданд. Як масъули ин созмони хайрия ба Радиои Озодӣ гуфт, аз консерти дирӯза ва барномаи имрӯзаи наврӯзӣ дар Лондон, ки барои донишҷӯёни тоҷик ташкил шудааст ва қарор аст, дар он то 2000 нафар гирд биоянд, ҳудуди 2000 доллар ҷамъ мешавад, ки пурра ба хонаовдаи Худойбердӣ Кокелов фиристода хоҳад шуд.

Ҳунарнамоии Ҷонибеки Мурод дар Лондон. Қисми 1
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00
Линки мустақим

Ҷонибек Муродов шоми 21 март ҳамчунин дар консерти Андӣ дар Лондон ширкат кард: “Баъди Наврӯзи хайриявӣ базӯр худро расондем то консерти Андӣ. Лаҳзаҳои охирашро дарёб кардем ва ҳамроҳ бо Андӣ тарона хондем. Қариб 4000 нафар ҷамъ шуда буд дар толор, ки моро хеле гарму бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд. Ва ман хеле хушбахтам, ки тавонистам дар ин ҷамъи бузурги мардуми форсизабон, дар баробари қарби 4000 тамошобин фарҳанги мардуми тоҷикро муаррифӣ кунам.”

Ҷонибеки Мурод дар ин сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, дар ин лаҳзаҳо роҳии консерти имрӯзааш аст, ки пули он ҳам низ сарфи корҳои хайрия хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, аз инки битавонад ба касе дасти ёриаш бирасад, бахусус ба нафарони соҳибистеъдод, вале дасткӯтоҳе, чун Худойбердӣ, хеле хушаш меояд: “Кори савоб ҳамеша ба соҳиби ин савоб бармегардад. Ба назари ман, ҳар касе ки дасташ мерасад, бояд ба мардуми мӯҳтоҷу ниёзманд кӯмак кунад. Ин аст мусалмонӣ!”

Ҷонибеки Мурод гуфт, баъди анҷоми тантанаҳои наврӯзӣ боз муддате дар Бритониё хоҳад монд, чунки мехоҳад клипи таронаи наваш бо номи “Нигинаам”-ро дар ҳамин ҷо сабт кунад.

Падару писар дар саҳна
Падару писар дар саҳна

Ҷонибеки Мурод, писари 29-солаи овозхони шӯҳратёри тоҷик Ҷӯрабеки Мурод, 29 майи соли 1986 ба дунё омадааст. Ӯ тақрибан аз соли 2005 дар ҳайати гурӯҳи “Вазир” ба ҳунарнамоӣ оғоз кард ва аз соли 2007 мустақилона тарона мехонад. Дар ин муддат дастикам 4 албом -

  • Шукри Худо
  • Оллоҳу
  • Ай дил
  • Пир манам, ҷавон манам – ба бозор даровардааст.

«Мастам», «Ай парӣ», «Қатораи ҷудоӣ», «Сабза ба ноз», «Санамо» аз ҷумлаи таронаҳои маъруфи Ҷонибеки Мурод ба шумор мераванд.

Ҳунарнамоии Ҷонибеки Мурод дар Лондон. Қисми 2
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

XS
SM
MD
LG