Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Тундгароӣ кам шуд, аммо хатар аз байн нарафтааст". ВИДЕО


Мақомот дар вилояти Суғд гуфтанд, ки баъди шикасти гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ва суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо мардум тундгароӣ ва пайвастани сокинони минтақа ба ҳизбу ҷараёнҳои мамнӯи динӣ то ҳадде коҳиш ёфтааст. Аммо онҳо гуфтанд, ҳанӯз хатари ҷалби сокинон “ба мазҳабҳои ғайр” ва ҳизбу созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ вуҷуд дорад.

  • Дар гузашта мақомоти Тоҷикистону Русия низ аз “кӯч”-и эҳтимолии ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” аз Ироқу Сурия ба Афғонистон ва нуфузашон дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон изҳори ташвиш карда буданд.
Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, беш аз 1000 шаҳрванди кишвар ба Сурияву Ироқ рафтаанд

Ғолиб Қодиров, муовини сардори Бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии Суғд рӯзи дувуми июл дар нишасте дар шаҳри Гулистон гуфт, соле пеш агар 200 нафарро бо иттиҳоми пайравӣ аз ҳаракатҳои мамнуъ боздошт карда буданд, имсол ин рақам то 100 нафар ҳам намерасад. Ӯ гуфт, “ба ин вазъ баргузории мулоқот ва суҳбатҳои рӯ ба рӯи мақомот бо сокинон сабаб шудааст. Аз давраи баргузории чорабиниҳо то ҳол 4 узви равияи "Салафия", ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргашта, айни ҳол дар хонаҳояшон қарор доранд.”

Ба қавли ин мақоми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, инчунин, 9 сокини минтақа ихтиёрӣ аз майдони ҷанг дар Ховари Миёна баргашта, ба ҷуз як тан ҳеч кадом аз онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудаанд. “Ин натиҷаи ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ аст”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Мақомот: "Тундгароӣ кам шудааст, аммо хатар боқист"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

"Хатарҳо боқист"

Иштирокдорони мизи гирди Гулистон иддао карданд, ки саркӯб шудани гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ, дастгиру зиндонӣ шудани аъзои ҳизбу созмонҳои тундрав ва тарғибу ташвиқи саросарӣ заминаҳоеро барои коҳиши гароиши сокинон дар Тоҷикистон ба ҳизбу созмонҳои тундрав фароҳам овардааст.

Аммо Ибодуллоҳ Калонзода, имом-хатиби масҷиди “Нури ислом” дар Хуҷанд, исломи сиёсӣ ва гароиши баъзе аз мардум ба ҷараёни "Салафия"-ро аз "хатар"-ҳои дар камин ном бурд. Ӯ афзуд, “дар сурати бетарафӣ, ин хатарҳо паёмади сангин хоҳанд дошт ва дар Тоҷикистон мисли Сурияву Афғонистон ихтилофу ҷанг ба миён хоҳанд овард”.

Масҷиди "Нури ислом"
Масҷиди "Нури ислом"

Калонзода дар идома гуфт, “бояд фарзандони худ, ояндаи худ, ватани худ, марзи худамонро ҳимоят кунем. Ба ҳамин хотир, пеши роҳи ин гуна ҷараёнҳои тундравро бигирем ва ба мардум фаҳмонем.”

Давлати Тоҷикистон тарҳи миллии стратегии “Муқовимат бо терроризм ва экстремизм”-ро аз соли 2015 дар кишвар пиёда мекунад, ки дар се марҳалаи иборат аз дусолӣ, амалӣ мешавад

Раъно Каримзода, сардори Раёсати сабтиноми созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон “боло бурдани савияи ҳуқуқӣ ва донишу фаҳмиши динии сокинон, ба вижа ҷавонон аз ҷониби аҳли ҷомеаро дар ин роҳ хеле муҳим донист.

Созмони "Ҷавонони пешсаф" дар ноҳияҳои Панҷакент ва Конибодом барои ба ватан баргардондани касоне, ки ба минтақаҳои низоъ дар Ховари Миёна рафтаанд, бо хонаводаҳои онҳо суҳбатҳо мекунад. Малика Додоева, раҳбари созмони "Ҷавонони пешсаф" бар он аст, ки фаъолияти созмонаш дар ҳамдастӣ бо дигар аъзои ҷомеа муассиртар хоҳад буд.

Додгоҳи вилояти Суғд моҳи апрели имсол як зани 71-сола ва шаш узви оила ва наздиконашро ба иттиҳоми "қасди ҷиҳод" дар Сурия, мутаносибан аз 12 то 17 солӣ ба зиндон маҳкум кард
Додгоҳи вилояти Суғд моҳи апрели имсол як зани 71-сола ва шаш узви оила ва наздиконашро ба иттиҳоми "қасди ҷиҳод" дар Сурия, мутаносибан аз 12 то 17 солӣ ба зиндон маҳкум кард

"Чунки наметавонем дар танҳоӣ ин мушкилоти ҷаҳониро бартараф намоем. Барои ҳамин, ҳадафи мо ҳамкорӣ ва фаъолияти якҷоя мебошад", - афзуд вай.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, беш аз 1000 шаҳрванди кишвар дар Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар ба сафи гурӯҳҳои тундраве чун "Давлати исломӣ" пайвастаанд ва танҳо аз ҷангҳои Сурияву Ироқ дар бораи ҳалокати даҳҳо нафари онҳо гузориш шудааст. Мақомоти Суғд соле қабл гуфтанд, ки 110 сокини вилоят ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки 62 нафари онҳо аз Исфара мебошанд.

XS
SM
MD
LG